Китоби Хиштхона. Кишоварзон

                КИШОВАРЗОН

                Бех аз санои олам дехќон аст,
                Ки вахшу тайрро ёрирасон аст.               
                Чахонро хуррамї аз дехќон аст,
                Аз ў гах зар, гае бўстон аст.

                Н.Хисрав   



    
       Дар баробари чорводорї аз ќадимулайём кишоварзї низ яке аз машѓулиятњои анъанавии мардуми дењаи Хиштхона ба шумор мерафт.

Аљдодони мо на танњо дар њудуди марзњои дења, балки дар мавзеъњои киштбоби гирду атрофи он низ боѓњои зиёде бунёд намудаанд. Агар баъзе аз ин боѓњоро бо усули аз сойњо аз релефи мавзеъ истифода бурда, обёрї менамуда бошанд, дар аксари дигар њолатњо бо роњи чоњњои корезї кофта баровардани об чашмањо бунёд намудан, обшор мекарданд. Чунин боѓу чашмањо, ки то њол бо ном ё насаби  шахсони онњоро бунёдкарда номгузорї шудаанд,  хеле зиёданд.

       Пас аз Инќилоби Октябр ва сиёсати коллективонии хољагии ќишлоќу ташкил шудани хољагињои љамоавї (колхозњо)  кишоварзони дења ба ѓайр аз зироаткорию обчакорї ва боѓдорї барин соњањои анъанавї ба пахтакорию кирмакпарварї барин соњахои нисбатан нави кишоварзї низ бештар љалб гардиданд.

     Аз байни кишоварзон мутахассисону устодони касби худ тарбия ёфта ба воя расиданд ва ба пешравии ин соња сањми назаррас низ гузоштанд. То ќадри имкон дар бораи баъзе аз онон дар ин китоб ба хонандагон маълумоти мухтасареро пешнињод мекунем.


Рецензии