Китоби Хиштхона. Азизов Одирмат

                Азизов Одирмат

                (25.05.1900-21.04.1991)


Азизов Одирмат25майи соли 1900 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт дар оилаи дењќони миёнањол таваллуд ёфтааст. Дар колхозњои ба номи Крупская, „Аскари сурх”–и дењаи Бободархон, „Роњи нав”–и дењаи Пунѓаз ва „Гулистон”–и дењаи Хиштхона кор кардааст.

 Аз  моњи январи соли 1927 њамчун хизматчии волости Бободархон, ки ба ин волост љамоатњои (шўроњои ќишлоќи) Пунѓази боло ва Пунѓази поён, аз љумла дењаи Хиштхона дохил буданд,  фаъолияташро оѓоз намудааст.
Он  солњо аввалин иттињодияњои мењнатї амал мекарданд, ки шакли  идоракунии давлатииин иттињодияњо аз шаклњои минбаъда куллан фарќ менамуд. Аз фаъолони дења ба 50,100 ва ё аз ин зиёда яккахољагињо мутасаддињо таъин мекарданд. Чї тавре, ки аз наќли яке аз мўйсафедони дењаи Бободархон – Холматов Абдуќодир бармеояд, азбаски он замон њудуди њозираи ноњияи Ашт ба њайати уезди Намангони љумњурии Ўзбакистон дохил буд, он фаъолонро бо забони ўзбакї «элликбошї» (агар ба панљоњ хољагї вобаста шуда бошад), «юзбошї» (  агар ба сад хољагї вобаста шуда бошад) ва ѓайра меномиданд. Вазифаи ин  «фаъолон» аз ёрї расонидан ба љамъ намудани њар гуна андозњо (бољу хирољ) дар шакли пулию – молї ва дар анборњо, ки асосан дар њавлињои худи њамин мутасаддиён воќеъ буданд,  захира намудану њисобу китоби он молу ашё   иборат буд. Минбаъд  њукуматдорон  онњоро чун тарѓиботгарони сохти нав ташкилшудаистодаи колхозї истифода намуданд. Азизов Одирматро чун мутасаддии 50 хољагї «элликбошї» ном мебурданд. Ў дар якљоягї ёрдамчии «мингбошї» (яъне мутасаддии 1000 яккахољагї) ба њисоб мерафт.
Аз соли 1930 то солњои 1967 њамчун мудири анбор кор кардааст.   
Аз соли 1970 сар карда нафаќахўри мењнатї буд.
Азизов Одирмат ба тарбияи фарзандон эътибори њаматарафа медод. Њамин аст, ки  аксари  фарзандону набераю  абера ва чиберањояш мењнатдўсту  соњибмаърифат ба воя расидаанд.
 Фарзандонаш: Сулаймонќул, Сангинбой, Атоќул, Мирзоќул , Савриниссо, Азизбибї, Турсунбибї, Истамой, Њамзиямо, Раљабмо, Шаминиссо ва Гулнора.
Азизов Одирмат 21 апрели соли 1991   вафот кардааст.


Рецензии