Китоби Хиштхона. Олимов Камолиддин

                Олимов Камолиддин

                ( 10.08.1951   - 01.11.2009)

               
                Рў намеорад ба хони хеч кас сохибхунар,
                Боѓбон ризќи худ аз пушти гулистон мехўрад.

               
                Сайидо




Олимов Камолиддин  10 августи соли 1952 дар дењаи Хиштхонаи љамоати    Пунѓази ноњияи Ашт  таваллуд шудааст.

Соли 1967 мактаби њаштсолаи №13 ба номи Камоли Хуљандии дењаи Хиштхона ва соли  1969 мактаби миёнаи №7–и ба номи С. Айнии дењаи  Бободархонро хатм намудааст.

Падараш – иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї Ќаландаров Олимбой яке аз чорводорони пешќадам ва номии ноњияи Ашт ба шумор мерафт ва бо медалу ифтихорнома ва рањматномаю мукофотњои пулию молии зиёд ќадрдонї гардидааст. Модараш – Ќаландарова (Ниёзова) Нуриниссо.

Соли 1970 Олимов К. ба институти хољагии ќишлоќи Тољикистон дохил шуда, онро соли 1975 хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1975 ба њайси агрономи собиќ колхози Энгелси ноњияи Ашт оѓоз намудааст ва дар ин фазифато соли 1977 кор кардааст.

Аз соли 1977 то соли 1982 - агроном ва аз соли 1987- мудири шуъбаи № 2–и пахтакории собиќ хољагии давлатии „Съезди ХХV КПСС”.

Аз соли 1988 то соли 1991- сараграноми хољагии давлатии ба номи Юлдош Нурматов ва аз соли 1991 то соли 1995 - сараграноми колхози навбунёди „Гулистон”, ки дар  он ваќт ин колхоз ба пешравињо ноил гардидааст.

Аз соли 1994 то охири њаёт дар вазифаи раиси хољагии дењќонии ба номи Юлдош Нурматови љамоати Пунѓаз фаъолият  бурдааст.

 Бо ифтихорномаву рањматномањои зиёд аз тарафи Њукумати ноњия  сарфароз гардидааст.

Ду навбат депутати Маљлиси вакилони халќи ноњия интихоб шудааст.

Аз њаёти якљоя бо Олимова (Имомова) Мањинбону  њафт нафар фарзанд доранд.
 
1 ноябри соли 2009 риштаи њаёти ин инсони комил канда шуд.


Рецензии