Китоби Хиштхона. Мирзоматов Шарофиддин

               


                Мирзоматов  Шарофиддин

                (07.03.1940 - 16.06.2016)


                Агар адл набвад, намонад чахон,
                Ба хам дарравад ошкору нихон.


                Чоми



Мирзоматов Шарофиддин  7 марти соли 1940 дар де;аи Хиштхонаи ;амоати  Пун;аз Ашт  таваллуд шудааст. Падараш- Холматов Мирзо. Модараш -Холматова Нишонбиб;.

Пас аз хатми мактаби миёна соли  1958 ба техникуми кооперативии ша;ри Ленинобод (;озира Ху;анд) дохил шуда, онро соли 1960  хатм намудааст.

 Солњои 1961 – 1962 – колхозчии колхози ба номи Ф.Энгелс, 1962-1963 – мудири маѓозаи ѓозаи №6 дењаи Хиштхона, 1963- 1972 – молшинос, молшиноси калони љамъияти матлуботи ноњияи Ашт, 1972- 1980 – директори маѓозаи универсалии марказии шањраки Шайдон, 1980-1991 – љонишини директори љамияти хўроки умумии ноњияи Ашт, 1991 -2002 – раиси колхози “Гулистон”- и ноњияи Ашт.

Бо медали љашнии “100-солагии В.И.Ленин” ва “Ветерани мењнат” ва чандин ифтихорномањо ќадр гардидааст.

Њамсараш- Мирзоматова (Хайруллоева) Зайнабмо. Њафт духтар  ва як писараш – Нўъмонљон њама оиладор ва соњиби фарзанданд.

16 июни соли 2013 вафот кардааст.


                ОБИ  ОБРУБАХШИ  РАИС
 

     Дар арафаи Соли нави 2004 Созмони Милали Муттањид боз як иќдоми неки сарвари давлатамон  Э.Ш.Рањмоновро дар бораи Дањсолаи байналхалќии «Об барои њаёт» эълон намудани  давраи байни солњои 2005-2015 маъќул донист, ки ин, бешубња, ифтихори миллати тољик аст. Табиист, ки атрофи ин мавзўъ бисёр воситањои ахбори умум барномањои гуногун тањия намуда, мехоњанд, мохияти онро дуруст ба мардум фањмонанд. Мутаасифона, на њамаи чунин кўшишњо ба њадафи худ ноил мегарданд.

     Албатта, чунин «шарњдињињо» ва «фањмондадињињо» на танњо моњияти иќдоми неки Президентамон ва ќарордоди СММ-ро ба мардум намефањмонанд, балки баръакс боиси нисбати ин мавзўи муњим бефарќ ва рўякї муносибат кардани ањолї мегарданд.

     Ба фикрам, агар «шаф-шаф»-и бефоидаро як сў гузошта, «шафтолу» -и гапро гўем, аз суханбозоњои бепоёну бемантиќи дилгиркунанда оиди ин масъала иљрои амалњои дар назари аввал назарногиру ањамияти «мањаллї» дошта, вале эњсосшавандаву, каме бошад њам, мушкилоти мардумро осонгардонанда айни муддао мебуд.

     Ба ин хотир азм намудам, ки чанд лањзаеро аз њаёт ва фаъолияти пурсамари яке аз сокинони дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт – Шарофиддин Мирзоматов ба диќќати   хонандагони закї пешнињод намоям.

Он рўз ѓайри одат раис аз кори сањро барваќт ба дења баргашт. Ў дар кўчањои дења ѓарќи хаёл оњиста-оњиста ќадам мезаду мушаввашхотир ва парешонфикр буданаш аз назарњо пинњон набуд. Њамин тавр, ќадамзанон ба лаби Љўи Мазор омаданашро нафањмида монд. Вай чашм ба оби мусаффои Љўи Мазор дўхта, беихтёр њодисањои њафт—ашт сол пешинаро ба хотираш оварду лабонаш ба табассум моил гаштанд.

Њамон солњо аз оби Љўи Мазор зиёда аз саду панљоњ хољагињои (оилањои) дењањои Хиштхонаю Бободархон њамчун аз оби нўшиданї низ истифода мебурданд. Воќеан, «Љўи Мазор» ном доштани ин љўй баон хотир буд, ки боѓу замини яке аз мазорњои ќадимтарини ноњияи Ашт – мазори «Бобои Дархон»-ро низ асрњои аср шодоб менамуд. Мардуми њар ду дења доимо ин љўйро тоза нигоњ дошта, фарзандони худро мувофиќи ањкому аркони дини мубини Ислом, ки ба об њамчун ба яке аз неъматњои муќаддастарини Парвардигор муносибат намуданро мефармояд, тарбия менамуданд.
Вале, мутаасифона, тайи чанд дањсолаи охир вазъият таѓйир ёфт. Муносибати бархе аз ањолї нисбат ба об бефарќ гашт. Акнун даруни Љўи Мазор њар хел партову ифлосињо ба назар расида, боиси ташвишу изтироби мардуми бафарњанг мешуданд. Њатто ду-се маротиба оби як ваќтњо софи ин љўй сабабгори дар байни ањолї пањн гаштани касалии «тиф» гашт.

Дигар ба ин њолат муросо кардан номумкин буд. Раис бо мўйсафедони дења маслињат намуда, бо кўмаку њамдастии Њусниддин Мирзоматов, Алибой Тошматов, Маъруфхон Орифов, шодравон Њамроќул Ќаландаров ва дигар дилсўзони мардум камари њиммат бастанд ва ба воситаи ќубурњову лотокњои сементї таъмири босифати љўйро ташкил намуда, анљом доданд. Њоло шаввосзанон аз ин љўй, гўё ки аз нав зинда гашта, шоридани оби зулоли сои Пунѓаз дидањоро фарањ мебахшад…

…Назари раис ба гурўњи духтаракону писаракон, ки назди чумаки водопровод бо чойнику сатил ва дигар зарфњои обгирї љамъ омада, он зарфњоро як-як аз оби софи чашма пур менамуданду бо якдигар баланд-баланд сўњбат мекарданд, афтида табассумаш фарохтар шу два чашмонаш аз мењру шодї дурахшиданд. Асари хастагї аз чењрааш дур гашта, аломати ќаноатмандиигуворое падидор шуд. Оре, чаро ў ќаноатманд нагардад? Магар дониставу надониста ба ў барин роњбари ботаљрибаву кордида, ки аллакай ба синни нафаќабарої расидаасту танњо ба хотири илтимоси роњбарияти ноњия ва кормандони хољагї дар чунин шароити душвор сарварии Хољагии љамоавии «Гулистон»-ро давом медињад, аќл ёд аќл ёд дода, талаботи беасос пешнињод кардани «мутахассис»-е кирои мушаввашхотирист? Њаргиз не!..
Раис азон шод гашта буд, ки мањсули дасти хешро медид. Аз кўмаки башардўстонаи Созмони Милали Муттањид оќилона истифода бурда, водопровод сохт ва тавассути он оби зулоли чашмаи Сари Љарро пешкаши мардуми дења гардонд. Оё ин боиси хурсандї нест?

     Бо чунин эњсосоту хаёлњо раис сўи мањаллаи Сари Љар рањсипор гашт ва дар назди Гулбоѓ, ки онро аз сабаби манбаи оби тоза буданаш њамчун мамнўъгоњ нигоњ медошт, бо собиќ сарњисобчии Хољагии љамоавии ба номи Тўйчї Эрйигитов, ки њоло вазифаи сарварии ташкилоти ноњиявии њизби коммунистро ба ўњда дошт – бо Олимљон Эрбоев вохўрд. Пас аз салому алейки самимона раис ба Олимљон мурољиат карда, гуфт, ки агар малоли хотираш наояд, ўро ба вазифаи раиси хољагии љамоавии «Гулистон», яъне ба љои худаш пешнињод карданист.

     Он рўз Олимљон ба раис миннатдорї баён карда, љавоби аниќе надод, чунки устодашро (худи раисро) ба ин вазифа муносибтар медонист.

     Раис пас аз сўњбат бо Олимљон ба хона баргашт ва аз рўиодат наќшањои барои имрўз кашидаашро як-як ба хотир оварду аз иљро шудани онњо шукри Худоро зикр намуда, њамроњи писараш Нўъмонљон ба тамошои барномаи «Ахбор»-и телевизиони Љумњурї нишаст.

     Барандаи «Симои тољик» он рўз аз иќдоми неки Президенти кишварамон, ки ба СММ оиди Соли оби тоза эълон намудани соли 2003 таклиф пешнињод намуда буд, дарак дод. Раис њангоми садодињии ин хабари хуш оњи сабуки маънидоре кашид…

     20 январи соли 2004. Мењмонхонаи бобои Мирзо-Оќсаќол – падари Шарофиддин Мирзоматов. Аз мењмонхона садои њазлу шўхиву латифагўї ва шеърхонї меояд. Яке аз рафиќони бародари аз њама хурдии раис – Фарњодљон, ба ќавли худаш, љилави суханро бадаст гирифта, ба ќироати як шеъри бадоњатан ба ѓазали шоири Вахшонзамин шодравон Пиримќул Сатторї навиштааш шурўъ кард:

«Дар ин љањон хушбахт кист? Он кас, ки ошиќ  будааст,
Дар ишќу шеъру шоирї монанди Лоиќ будааст».
Понѓози ман, дарёи ман, оби мусаффои Ватан,
Дар соњили зебои ту инсофу тавфиќ будааст.
«Ишќи дилу ишќи Ватан њаргиз наѓунљад дар сухан,
Э ман фидои он касе, дар ишќ содиќ будааст».
Дар сўњбати ањли вафо, пурсед агар аз ман шумо,
Кї байни дўсту њамсабаќ ёри мувофиќ будааст?
Гўям, ки чун Фарњоди мо бар  ањди худ карда вафо,
Марде шарафманду шуљоъ, дар лафз содиќ будааст.

     Дар он нишаст, ки воќеан ба туфайли зодрўзи Фарњодљон будааст, бародарону њамсинфон ва њамсоягони соњибљашн иштирок мекарданд, ки дар байнашон Олимљон Эрбоев – раиси имрўзаи Хољагии љамоавии «Гулистон» низ њузур дошт. Њамин ки нотиќ ќироати шеърро ба охир расонд, Олимљон бо камоли ифтихор гуфт:

     - Садњо чунин шеъру суханони некро дар њаќќи устоди ман, раиси мўњтарам Шарофиддин-ако гўем кам аст. - Баъд шўхиомез илова намуд, - эњтиромона хоњиш мекунам, як пиёла чой резед. Чой аз оби болаззате будааст. Воќеан, оби ин љо низ аз чашмаи Сари Љар тавассути водопроводи акои Шарофиддин меояд…

     Ањли нишаст назари мењрангезу пур аз эњтиром љониби раис афканданд…

     Ваќте ки мењмононро гусел мекарданд, тасодуфансухани раис, ки ба шогирдаш Олимљон мегуфт, ба гўшам расид:

     - Пас аз сели имсола якчанд ќубур аз хок берун монда, ду-се донааш ќариб корношоям гаштааст. Раис, ягон илољ карда, барваќттар он ќубурњоро иваз кардан лозим.

     - Бале, устод, њатман иљро мекунам, - буд љавоби шогирд.

     Беихтиёр байти машњури Њазрати Сайидои Насафї дар нињодам садо дод:

               «Бе мураббї зери гардун мўътабар натвон шудан,
                Моњи навро гашта-гашта чарх оламгир кард».




Абдуќаюми Мухаммадчон, Хафтаномаи «Суѓд», №10 аз 10 марти соли 2004


Рецензии