Китоби Хиштхона. Мухандисон. Тошматов Алибой

               МУХАНДИСОНУ  КОРГАРОН




                Мухандису бинокору меъмор
                Аз он, ки мебошанд донои кор,
                Нагашта пойбанди мансабу чох,
                Бисозанд ба халќ махкам сарпанох.

               
                А.Мухаммадчон 


   



                ТОШМАТОВ    АЛИБОЙ

                (10.02.1940 – 05.05.2004)



                Манам дар иттиходи дўст яктан,
                Варо тафриќ натвон кард аз ман.

               
                Мулхам

          Шиори зиндагии  ин марди зиндаёд, яке аз фарзандони фарзонаи дењаи Хиштхона, яке аз бунёдкорони Ашти Калон Тошматов Алибой, ки тамоми њаёти хешро бањри ободиву гулгулшукуфии диёри хештан, бањри тарбияи давомдињандагони сазовору арзандаи умри худ сарф намуда, хизмат ба халќу Ватани мањбубро рисолати якумрии зндагияш медонист,чунин буд:

«Њар шаб зи худат бипурс агар ту мардї,
К- имрўз чї хидмате ба мардум кардї».


Ин марди накўном 10 феврали соли 1940 дар дењаи Хиштхона, љамоати  Пунѓази ноњияи Ашт ба дунё омадааст. Соли 1947 ба мактаби њафтсолаи №13 ба номи «Гулистон» -и дењаи Хиштхона дохил шуда,соли 1954 баъди хатми ин мактаб тањсилро дар мактаби миёнаи №4 ба номи Калинини ( њоло ба номи Маъдан) дењаи Пунѓаз давом медињад ва хатмкардаи ин боргоњи илму маърифат мебошад.

Баъди адои хизмати Ватан – Модар, ба совхоз – техникуми ба номи В.И. Ленини шањраки Бўстон дохил мешавад.Соли 1965 курси пурраи техникуми мазкурро бо ихтисоси «механизатсия ва электрофикатсияи хољагии ќишлоќ» бомуваффаќият ба итмом расонида, дар совхози «Ленинобод» муњандиси калон шуда кор кардааст.

Дар ин давра Тошматов А. аз диёраш чандин нафар љавононро барои дар ин совхоз-техникум хондан тарѓиб намуда, ба онон кўмаки амалї расонидааст.

Туфайли хислатњои накўи одамї доштанаш байни ањолии шањраки Бўстон соњиби њурмату эњтироми хосае  будааст.То њол дар ноњияи Мастчоњ дўстони зиёдаш номи ўро ба некї ёд менамоянд

Аз соли 1967 то охири умр дар шабакаи барќи ноњияи Ашт дар вазифањои муњандиси калон, сардори шабакаи  барќи ноњия, сарвари хољагии ёрирасони шабакаи барќи ноњия  сарбаландона кору фаъолият намудааст.

 Ў чун љамъиятчии фаъол, ки дилсўзи мардуми диёраш буд солњои зиёд вазифањои љамъиятии раиси кумитаи дењаи Хиштхона, раиси кумитаи волидони муассисаи раќами 13 –ро ба ўњда дошт ва њамеша талош ба он меварзид, ки  дења ободтар гардаду мардумонаш тинљу осоишта зиндагї дошта бошанд.

Дар кадом соњае, ки Тошматов Алибой адои вазифа нанамуда бошад, чун роњбари кордону масъулиятшинос бањри пешрафт ва нумўи ноњияи азизаш саъю талош мекард.
Хизматњои арзандаи ў дар тамоми соњањои фаъолиятш, бо медалу рањматнома ва ифтихорномањои зиёд ќадрдонї шудааст. Ў дорандаи нишони« Ѓолиби мусобиќаи сотсиалистї» дар  солњои 1973, 1974, 1975, 1976. 1978, 1979 ва «Пешсафи панљсолаи дањум» дар солњои 1975 ва 1980 мебошад.

Тошматов Алибой дар баробари роњбари кордон будану шогирдони зиёдро тарбия намуданаш, боз боѓбони пурњунари боѓи њаёт буда, бо њамроњии шарики ьаётиаш- Тошматова (Мирзоева)  Холбибї  њафт нафар фарзандонро тарбия намуда, соњибмаълумот намудаст, ки имрўз  онњо номбардори номи некаш буда, дар соњањои гуногун фаъолият доранд.

Хизматњои арзандаи Алибой Тошматов дар тамоми дењахои ноњияи Ашт вирди забонњост. Бо номи ў пурра электрификатсиякунонии њудуди ноњияи Ашт, сохтмон ва ба истифодадињии бисёр иншоотњои барќии ноњия, таъмини кори мураттаби заводи пахтатозакунї ва ѓайра зич алоќаманданд.

Барои рушду ободии зодгоњаш низ Алибой Тошматов хеле хизматњои арзанда намудааст, ки зикри баъзе аз онњо худ ифшогари хайрхоњиву мењнатќаринї ва инсондўстї барин хислатњои њамидаи ин инсони комиланд. Наќши ўро дар ободонии роњњо, бунёди ќабристони дења, ташкили мактаби нави №61 ва ѓайра сокинони Хиштхона њаргиз аз ёд намебароранд.

Нависандаи ин сатрњо худ гувоњи он аст, ки чї тавр Тошматов А. дар ќатори якчанд  нафар фарзандони боору номўси дења аз ќабили Дадољонов Тўхтабой, Ашўров Абдусамї, Холматов Мирзо ва дигарон барои ташкилу сохтмони мактаби раќами 61 љон коњонидааст. Наѓз дар хотир дорам, ки рўзе ба њуљраи кории ман (он ваќт дар ИКД-и вилояти Ленинобод кор мекардам) Тошматов А. њамроњи Мирзо Оќсаќол, Ќодиров Абдурањим, Ашўров Абдусамї ва Мирзоев Ќутбиддин барои маслињат намудан оиди њалли масъалаи дар дења боз як мактаби миёна кушодан рафта буданд.

 Бо маслињати Алиматов Њакимбой, ки он ваќт раиси суди арбитражии вилояти Ленинобод буданд, ба ќароре омадем, ки ба
собиќ љонишини раиси комиљроияи ноњияи Ашт   
КАРИМОВ  АЪЗАМЧОН
(06.04.1947-21.07.2011),
 ки он ваќт пас аз хатми Мактаби олии партиявї дар шањри Тошканд дар вазифаи инструктори калони шўъбаи сохтмон ва саноати  кумитаи партиявии вилояти Ленинобод фаъолият дошт, барои њалли мусбати  ин масъала мурољиат намоем.

 Мо се нафар – Алиматов Њ., Тошматов А. ва ман ба кумитаи вилоятии њизби коммунистї рафта, ба њуљраи кории Каримов Аъзамљон даромадем. Он кас моро хеле хуш ќабул намуда, пас аз он, ки аз наќли Тошматов А. сурати воќеаро пурра дарк карданд,   ин иќдомро некро пазируфта, изњор доштанд, ки бањри амалї гардиданаш  ёрии амалии худро хоњанд расонд. Ва њамин тавр њам шуд.
 Шодравон Аъзамљон Каримов аз њамон рўз сар карда, то иљозат дода шудан ба кушодашавии мактабу ба итмом расидани сохтмони биноњои ин иншоот, њамеша бо маслињат ва дастгирии њаматарафа ба пешравии ин кори хайр мусоидат менамуданд.  Бењуда нест, ки мардуми  дењаи Хиштхона низ чун мардуми тамоми ноњияи Ашт номи ин марди некхоњу некандеш - Каримов Аъзамљонро, ки дар давоми  умри бобаракаташ бањри ободии диёр тамоми донишу мањорат ва имкониятњояшро истифода мебурд, доим ба некї ёдовар мешаванд…

        Тошматов Алибой шахси хеле мењмондўсту дасткушод ва ташкилотчї буд ва њар лањзаи бо дўст мегузарондаашро азиз медошт. Гўё ин байти Њофизро низ сармашќи њаёташ намуда буд:

                «Дањрўза мењри гардун афсона асту афсун,
                Некї ба љои ёрон фурсат шумор, ёро!»

Оиди љавонмардию бовафої, ба дўстонаш мењрубон будан ва саховатмандии ин инсони дарёдил иќтибосеро аз китоби дўсти наздикаш – олими намоён, Имомов Ашўрбой месазад ба хотир орем:

«…Он рўз вакилон истеъфои маро ќабул карданд. Дар таќвияти ќарори Шўрои Олии ЉТ аз 23 ноябри соли 1992 (№700) «Дар бораи аризаи Раиси Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон Имомов А.» навишта шудааст, ки «Имомов Ашўрбой дар асоси аризааш оиди баистеъфо рафтан аз вазифаи Раиси Кумитаи назорати конститутсионии Љумњурии Тољикистон озод карда шавад» (АШО ЉТ, 1992, №21-22, моддаи 304). Ба њамин тариќ, мансаби баланди давлатиро ихтиёрї тарк карда, барои аз бањсу талошњо ќадре дур шудан ва ба худ омадан ба сўи зодгоњам – дењаи Хиштхона баргаштам. Дар дења хешовандон ва ёру рафиќон аз воќеањо аз хабарњои радиою телевизион бохабар буданд. Бинобар ин дар вохўрию сўњбатњо иќдоми аз вазифа рафтани маро маъќул медонистанд. Дар он рўзњо дўсти бачагию љавониам Алибой Тошматов, сарвари шабакаи барќии ноњияи Ашт ваќти холигиаш маро ба њар љой ба мењмонию сўњбатњо мебурд. Хушлафзию дилёбї ва дасткушодии Алибой дўстонро ба атрофаш љалб мекард. Ва аз сўњбатњои ширин ва мењмоннавозии хонадонаш дар фасли тобистон борњо бањраманд гаштаам. Њоло бошад кўшиш мекард, ки дар дења ман зиќ намонам. Дўстию рафоќати мо то охири умри пурбаракати ў идома ёфта, њоло њар тобистон дар рухсатии мењнатї бо оилаю фарзандонаш вохўрда, хотираи покашро ба некї ёдовар мешавем. Ачаб некмардедарайни камолот дунёи фониро падруд гуфт». (А.Имомов, Х.Ойев, «Умре дар љустуљў», Душанбе, 2009, сањ. 144)

      Бале, ин марди накуном дар айни камолот - 5 майи соли 2004 тарки њаёт намуд. Орзуњои зиёд дошт, лек он орзуњоро зери хок бурд. Вале чї тавре, ки шоир мегўяд:

«Зиндаву љовид монд, њарки накўном зист,
  К-аз аќибаш зикри хайр зинда кунад номро».

      Фарзандони азизаш кори ўро давом дада истодаанд. Нахустфарзандаш - Тошматова Гулхумор факултаи забон ва адабиёти тожики ДДХ-ро бо дипломи аъло хатм намуда, имрўз дар МТМУ №61 омўзгор шуда кор мекунад, Фирўза - хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тољики ДДХ, директори МТМУ № 61, Бахтиёр - хатмкардаи Донишгоњи давлатии техникии Тољикистон, муњандиси калони шабакаи барќи ноњия, Набиљон - хатмкардаи Мактаби олии милиса (њоло Академияи ВКД ЉТ ), майори милитсия, Тамила - хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тожики ДДХ,  омўзгори МТМУ №61, Зарифљон - хатмкардаи факултаи њуќуќшиносии ДДЊБСТ, омўзгори   Донишгоњи Донишгоњи кўњї-металургии дар шањри Чкаловск ва Рустамљон хатмкардаи факултаи муњандис – барќчии Донишгоњи кўњї-металургии шањри Чкаловск мебошанд.


Рецензии