Китоби Хиштхона. Ашуров Абдурахим

                А Ш У Р О В    А Б Д У Р А Х И М
 
                (01.07.1927 – 22.08.2004)
               

                Касе, к-ў дар хунар бардошт ранче,
                Бихар хар нуќтаи он кас ба ганче.
               
                Фаридуддини Аттор



      Ашўров Абдурањим 1 июли соли 1927 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд шудааст.

      Соли 1938 мактаби ибтидоии назди колхози «Гулистон»-и зодгоњашро хатм намудааст.

      Солњои 1948-1949 дар курси ронандагии шањри Ленинобод тањсил кардааст ва соњиби касби ронандаи автомобилњои боркаш гардидааст.

      Аз соли 1949 фаъолияти мењнатиашро ба њайси ронандаи автомобилњои боракаш дар колхози дењааш сар карда, то соли 1971 дар ин вазифа кор кардааст. Аз соли 1971 то ба нафаќа баромаданаш (соли 1988) ба сифати коргари совхози «Съезди ХХУ -  КПСС» фаъолият намудааст.

      Ў аз байни сокинони зодгоњаш аввалин нафаре будааст, ки соњиби касби ронандагї шудааст.

      Дар давоми фаъолияти мењнатиаш аз байни сокинони дењаи Хиштхона якчанд нафар ронандагони касбиро тарбия намудааст. Ањмадалив Абдулњамид, Одирматов Имомбой, Одинабоев Камолиддин, Мамадов Камолиддин, Мамадов Рањматљон, Мараљабов Исомиддин, Мамадов Ашўрбой, Мирзоахмедов Файёзиддин, ки њар якашон солњои зиёд дар хољагињои гуногун ба касби ронандагї машѓул буданд, аз љумлаи шогирдони Ашўров Абдурањим мебошанд.

      Ашўров А. соли 1948 бо Ашўрова Тиллобибї хонадор шудааст.

Писарашон – Абдусамї њоло вазифаи раисии дењаро ба ўњда дорад.

      22 августи соли 2004 вафот кардааст.


Рецензии