Китоби Хиштхона. Мирахмедов Машарифчон

                Мирахмедов Машарифчон



                Чўйи шир ояд бурун аз кўх бахри кўхкан,
                Рўзи худ мекунад сохибхунар хосил зи санг.

               
                Сайидо




20 январи соли 1926 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд шудааст. Падараш Бегматов Мирањмед, модараш Бегматова Халичамо.

Солњои 1933-1937 дар мактаби ибтидоии назди колхози «Гулистон»-и  дењаи Хиштхона ва солњои 1937-1940 дар мактаби №7 ба номи С. Айнї дехаи Бободархон тањсил намудааст.

Баъди хатми мактаб бо њамроњии хонавода ба чорводорї машѓул шуда, солњои Љанги Бузурги Ватанї дар аќибгоњ  кор ва фаъолият намуда, пайваста кўшиш кардааст то дар наздик намудани ѓалаба њиссагузор бошад.

Бо мењнати арзандаву хизматњои шоёнаш шўњратёр гашт. Дар соли 1945 бо фронт сафарбар шудааст, вале аз сабаби он ки љанг 9 майи соли 1945 хотима ёфт, ба хона баргашта, дар корњои ободкориву созандагї ва барќороркунии оќибатњои љанг сањми арзандаи худро гузоштааст.

Соли 1955 ба « Техникуми хољагии ќишлоќ» воќеъ дар шањри Конибодом дохил шуда, бо бањои хубу аъло онро  соли 1956 хатм кардааст. Минбаъд дар колхози ба номи Энгелс ба њайси механизатор тўли 20 сол ва минбаъд дар совхози ба номи Т. Эрйигитов фаъолият кардааст. Чун яке аз шањрвандони фаъолу пешсафи ноњия шинохта шудааст.

9-уми апрели соли 1970 бо медали љашнии «100 солагии В.И. Ленин» ва 21 феврали соли 1990 бо медали «Собиќадори мењнат»,  соли 2015 бошад,   њамчун собиќадори аќибгоњ  бо медали љашнии «70-солагии ѓалаба» сарфароз гардидааст.

Имрўз ин марди бузург соњиби 10 нафар фарзанд, 39 нафар набера, 44 абера мебошад.
 Алњол Машарифљон Мирањмедов  ба  синни мубораки  91-солагї  расида бошад њам,  пайваста кўшиши хешро дар тарбияи фарзандону пайвандон ва ободии диёру Ватан ба харљ  дода истодааст.

 Чандин солњост, ки  ин инсони њалиму хоксор дар 1 гектар замини бекорхобида хољагии дењќонї ташкил намуда, онро ба боѓу бўстон табдил додааст


Рецензии