Китоби Хиштхона. Мирахмедов Нуриддин

                М И Р А Х М Е Д О В    Н У Р И Д Д И Н


                (10.04.1941 – 25.08.2000)



                Сухан чун баробар шавад бо хирад,
                Равони сароянда ромиш барад.
               
                Фирдавсї


Мирахмедов Нуриддин 10 апрели соли 1941 дар деьаи Хиштхона,љамоати Пунѓаз, ноњияи Ашт ба дунё омада аст.

Падараш Бегматов Мирањмед, модараш Бегматова Халичамо.

Дар сини њафтсолаги соли 1948 ба мактаби њафтсолаи №13 ба номи «Гулистон»-и дењаи Хиштхона дохил шуда, баъди хатми ин мактаб дар мактаби миёнаи №4 ба номи Калинини дењаи Пунѓаз тањсилро давом медињад. Хатмкунандаи њамин мактаб мебошад.

Баъди хатми мактаби миёна ба Омўзишгоњи касбї-техникии   №18 шањри  Конибодом дохил шуда, соли 1960 курси пурраи техникуми мазкурро аз рўи ихтисоси «таркторчї-мошинисти ихтисосаш васеъ»(«тракторист – машинист широкого профиля») ба итмом расонида, дар колхози ба номи Энгелси ноњияи Ашт њамчун тракторчї фаъолият намудааст.
 
20 ноябри соли 1962 ба хизмати Модар – Ватан меравад. Хизматро сарбаландона дар ш. Москва адо намуда, 22 октябри соли 1965 ба деьа бармегардад. Аз 1 январи соли 1966 дар колхозу совхозњои   Энгелс, «Съезди XXV КПСС», дар идораи шабакаи барќи ноњия, совхози ба номи Туйчї  Эрйигитов ва дар охир дар хољагии дењќонии «Гулистон»-и дењаи Хиштхона њамчун ронанда ва муњандис – механик фаъолият намудааст.

Мирањмедов Нуриддин марди хоксору њалим ва мењнатдўсту ватанпарвар буд. Ростию њаќиќатро мепарварид. Хизмат ба халќу Ватан ва ободии диёр шиори њамешагии ин марди шариф буд.

Нуриддин дар кадом кору вазифае набошад, худро њамчун шахси кордону корозмуда нишон медод. Барои хизматњои шоёну софдилонааш   борњо бо медалу грамотањои фахрї ќадрдонї шудааст. Ў дорандаи нишони «Ѓолиби мусобиќаи сотсиалистї» дар соли 1973 мебошад. 13 сентябри соли 1988 бо медали «Ветерани мењнат» мукофотонида шудааст.

16 марти соли 1966 бо Мирањмедова Фазилатмо оила барпо намуда, соњиби 10 фарзанд шудаанд. Фарзандонашро дар роњи ростию накўкорї, мењнатдўстию њаќиќатљўї ва ватанпарастї тарбия намуда, соњибмаълумот гардонидааст, ки имрўз оно номбардори   некаш мебошанд.

Фарзанди калонии оила Мирањмедов Шаробиддин Донишгоњи миллии Тољикистон факултети њуќуќшиносиро  хатм кардааст. Майори милитсия. Зайлобиддин хатмкардаи ДДХ факултети физикаю техника – омўзгори МТМУ №37, Набиљон – хатмкардаи ДДХ факултети физикаю техника – омўзгори МТМУ №62, Бањридин – хатмкардаи ДТТ факултети роњњои автомобилї  (автодорожный) , Мањмуджон – хатмкардаи ДДЊБСТ факултети бањисобгирии бухалтерї, Рисолат – хатмкардаи коллељи санъат ба номи Содирхон Њофизи  шањри Хуљанд – китобдори МТМУ №13, Адолату Саодат  – дўзанда шуда кор мекунанд ва Озода  дар Федератсияи Русия зиндагї дорад.

Ин марди соњибдил ва накўном то охири умр пайваста дар паи ободии диёри хеш ва хизмати халќи азизаш буд.

25 августи соли 2000  Мирахмедов Нуриддин дунёи фониро тарк намуд.


Рецензии