Китоби Хиштхона. Ёрматов Ниёзмат

                Ёрматов Ниёзмат

                ( 10.11.1934 - 28.01.2013)

                Кўхкан аз бедили теша ба хоро занад,
                Нола бувад мархаме синаи афгорро.

               
                Махфї



         Ёрматов Ниёзмат 10 ноябри соли 1934 дар дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт таваллуд шудааст. Падараш - Одинаев Ёрмат. Модараш – Исоева Уѓулбибї.

       Соли 1950 мактаби њафтсолаи ба номи В.Маяковскии дењаи Пунѓазро хатм намудааст. Солњои 1951-1959 дар вазифаи маъданкашони экспедитсияи Лашкараки РСС Ўзбакистон кор карда, сипас ба кони маъдани Ќаромазори (њоло Зарчашма) шањри Ќайроќќум њамчун кўњкани наќбкан ба кор даромада, дар он чо то соли 1998, яъне то ба нафаќа баромадан зарбдорона мењнат намудааст.

     Ин инсони мењнатќарин, ки соли 1990 бо нишони «Кўњкани фахрї» ќадр гардида буд, давоми тамоми фаъолияти мењнатиаш байни коллективи кўњканон соњиби обрўю эътибори хосае буд. Борхо бо ифтихорномањо мукофотонида шуда, њатто вакили съезди ХП Иттифоќи касабаи Тољикистон интихоб гашта буд.

   Ёрматов Ниёзмат туфайли ѓолибият дар мусобиќањои сотсиалистї бо чандин ордену медалњо, аз љумла  бо орденњои «Шарафи мехнатї» - дараљаи Ш («Трудовая Слава» Ш степени) (1975), ду маротиба бо «Байраќи сурхи мењнат» («Трудовое Красное Знамя») (1981 ва 1986),  медали љашнии «100-солагии В.И.Ленин» (1970) ва медали «Собиќадори мењнат» («Ветеран труда») (1985) мукофотонида шудааст.

      Ёрматов Ниёзмат 8 нафар фарзандонашро дар рўњияи ватандўстиву мењнатќаринї тарбия намудааст, ки њамаи онњо њоло дар соњањои гуногуни хољагии халќ шарафмандона фаъолият доранд

     28 январи соли 2013 риштаи њаёти ќањрамони мењнат  Ёрматов Ниёзмат канда гашт, вале њаёту фаъолияти ибратбахшаш дар ёди пайвандону шогирдони зиёдаш солњои сол зинда хоњанд монд.               


Рецензии