Китоби Хиштхона. Кодиров Абдурахим

          КОДИРОВ   АБДУРАХИМ


                Бехин коре, ки андар зиндагонист,
                Накўхохи, ба кас хизматрасонист.               
               
                Носири Хисрав   



Ветерани мењнат Ќодиров Абдурањим 11 январи  соли 1946 дар дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт дар оилаи устои дуредгар ба дунё омадааст.

 Падараш – Турсунов Абдуќодир яке аз устоњои дуредгари гулдаст буд, ки на танњо дар дењаи Хиштхонаю ноњияи Ашт, балки берун аз он низ бо сохтани биноњои хонањои истиќоматї ва дигар иншоотњо њамчун устои моњир ном бароварда буд. Ў њанўз соли 1926 њамчун ёрдачии усто ба бародари калониаш  Усто Абдурасул Турсунов дар сохтани синфхонаи мактаби ибтидоии дењаи Хиштхона ва тахтаи синфию партањои он мактаб мадад расонида буд. Мактаб соли 1927 кушода шуда, аввалин 36 нафар талабагон дар он синфхона тањсил намуданд. Сифати кори ин бародарони њунарманд чунон баланд буд, ки бо шањодати яке аз хонандагони аввалин – Собиров Муњаммадљон, ки то соли 1980 дар мактаби №13-и дења омўзгорї намудааст, он партањоро њатто солњои њаштодум низ дар синфхонањо дучор мегардидед.
Модараш – Турсунова Уѓулой.

Солњои 1951 - 1958 Ќодиров А. дар мактаби њафтсолаи дења тањсил намуда,  тањсилашро дар дењаи Бободархон, дар мактаби ба номи С. Айнї идома додааст ва ин мактабро соли 1961 онро бо бањои хубу аъло хатм намудааст.

Аз њамон сол сар карда, ба колхози ба номи Энгелс ба кор даромада, дар вазифањои колхозчї,  њисобчї, механик кор кардааст. Соли 1963 ба  техникуми хољагии ќишлоќи ба номи В.И. Ленини дар ноњияи Мастчоњ буда, ба шўъбаи аграномї дохил шуда, онро соли 1966 бомуваффаќият хатм намудааст.

Ў шахсест, ки аз байни ањолии дења аввалин шуда, дар паси чамбараки мошинаи пахтачинї нишаста дар як мавсими пахтачинї то 270 тонна пахта љамъоварї намуда, чандин маротиба ѓолиби мусобиќањои сотсиалистї гардидааст.

Соли 1968 бо ќарори Њукумати  љумњурї   барои обод кардани заминњои Мирзочўл сафарбар карда шудааст.

Солњои 1970-1971 дар бунёду њамвор кардани роњњо сањм гузоштааст.

 Аз соли 1973 инљониб узви њизби комунистии Тољикистон мебошад. Ў барои мењнатњои шоёнаш  сазовори медали «Ветерани мењнат» ва нишонањои сарисинагии «Ѓолиби мусобиќаи социалистї»,  грамотањои фахрии КМ ЛКСМ Тољикистон гардидааст. Инчунин  бо мототсикли сечархаи «Урал», 2 автомошинаи «Жигулї» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1991 дар колхози «Гулистон» ба њайси инженер - агроном ва раиси хољагї кор кардааст ва соли 2009 ба нафаќа баромадааст.

Ќодиров Абдурањим бо Ќодирова (Воњидова) Гулсуммо оила барпо намуда, соњиби 10-нафар фарзанд ва зиёда аз 30 набера гардидааст.
Писараш  Содиќљон - доктори илмњои тиб буда, дар ШМА ба корњои илмї машѓул аст. Шарифљон, Зокирљон, Дилшодљон, Эркинжон, Маъмуржон , Ильомжон ва  Диловар њама соњибкоранд, Абдушукур - сардори хољагии дењќонии «Камолот». Духтараш - Нилуфар  ба тарбияи фарзандон машѓул аст.

Ќодиров Абдурањимро дар дења њамчун мутахассиси кордон, шахси њалиму хоксор, соњибмаърифату саховатманд мешиносанд ва њурмату эњтиром менамоянд.


Рецензии