Китоби Хиштхона. Ахмадалиев Абдугафур
Одами аз хулќи неку некхохи бахт ёфт,
Чун Юсуфи некном дар Миср точу тахт ёфт.
Абдуќаюми Мухаммадчон
Ањмадалиев Абдуѓафур21 январи соли 1940 дар дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт дар оилаи хизматчї таваллуд шудааст. Падараш – Њайдаров Ањмадалї. Модараш – Њайдарова Уѓулой.
Соли 1954 мактаби њафтсоли №13 –и дењааш ва соли 1957 мактаби миёнаи №3. Ба номи В.И.Ленини шањраки Шайдонро хатм намудааст.
Њамон сол ба Омўзишгоњи касбї-техникии №2-и шањри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1959 богирифтани ихтисоси «электрогазосваркачї» хатм намудааст.
Солњои 1960 - 1962 дар шўъбаи ѓоибонаи техникуми шањри Семипалатински Ќазоќистон тањсил намуда. Соњиби ихтисоси молшинос дар соњаи чорвошиносї гардидааст.
Соли 1964 ба шўъбаи молшиносии академияи ветеринарии шањри Москва ба дохил шуда,онро соли 1969 бомуваффаќият хатм намудааст.
Соли 1969 ба њайси молшиноси калони соњаи чорвошиносї дар «Тољикматлубот»-и шањри Душанбе ба кор шурўъ намудааст.
Соли 1970 ўро љонишини сардори шуъбаи мањсулоттайёркунии «Тољикматлубот» таъин намуданд ва пас аз як сол ба вазифаи љонишини раиси «Тољикматлубот»-и вилоят ва сардори шўъбаи мањсулотшиносии шањри Ленинобод гузарониданд. Дар ин вазифа ў то соли 1982 кор кард. . Соли 1976 бо ордени «Нишони фахрї» сарфароз гардид.
Соли 1982 ба вазифаи сардори идораи мањсулоттайёркунии «Тољикматлубот»-и љумњурї таъин гашт .
Соли 1988 ба вазифаи раиси базаи республикавии мањсулоттайёркунї интихоб шуд . Соли 1990 бо медали «Ветерани мењнат» ќадр гардид .
Соли 1993 ба вазифаи сардори муассисаи муомилоти алоќаи иќтисодии хориљї ва дохилии роњи оњани Тољикистони Шимолї дар назди роњи оњани Осиёи Марказї ба кор таъин шу два то ба нафаќа баромадан дар он љо кор кард.
Дар давоми фаъолияти кориаш бо ифтихорномаю дипломњо ва медалњои «65-солагии револютсияи Октябри Кабир» , «Ба аълочии мењнат», «Аълочии матлуботи Иттифоќи Шўравї», дипломи фахрии КМ КПСС ва ѓайрањо сазовор гаштааст.
Соли 1996 бо ањли оилааш ба шањри Москав кўчида рафтааст .
Оиладор. Се фарзанду шаш набераю чор абера дорад.
Свидетельство о публикации №222040200595