Китоби Хиштхона. Имомов Ашурбой

                А Ш У Р Б О Й    И М О М О В


                То фазлу хунар оинапардоз нашуд,
                З-иќбол даре ба рўйи кас боз нашуд.


                Бедил    

      
          Ашўрбой Имомов 1 марти соли 1939 дар дехаи Хиштхонаи ноияи Ашт дар оилаи Имоммухаммади Парпизод ва Зўхробибии Мухаммад чашм ба олами хасти кушод. Кўдакиаш ба давраи душвор – Чанги Бузурги Ватани рост омад ва ў мисли калонсолон дар хаёти серталаби деха – киштукор, дарав, ѓунучини хосил, хирманкўби, сангчинию деворзани ва ѓайра ширкат меварзид. Гуруснаги, ќашшоќи ва бехуќуќи хурду калонро ба коми худ мекашид. Ашўрбой ба хамаи ин тоќаткунон аз гуфтаи модари азизаш ќадаме дур намемонд.

       Соли 1954 мактаби хафтсолаи ба номи Камоли Хучанди ва соли 1956 мактаби  миёнаи коргарчавонони дехаи Бободархонро хатм намуд. Ин солхо давраи хониши мустаќилонаи Ашўрбой буданд. Ў бо чидду чахд асархои классикони адабиёти точику чахонро дар пайравии бародарони калониаш мехонд ва азбар менамуд.

      Солхои 1958 – 1962 дар сафхои Артиши Шўрави хизмат намуда, сазовори нишони «Аълочии Ќуввахои Харби-Хавои» гаштааст. Пас аз адои хизмат ба факултаи хуќуќшиносии Донишгохи Давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин (холо Донишгохи миллии Точикистон) дохил шуда, онро соли 1967 бо гирифтани дипломи аъло хатм намудааст. Сипас ба аспирантура дохил шуда, онро бомуваффаќият соли 1970 хатм намудааст.

      Дар давоми кор Имомов А.ба њайси муаллими калони кафедраи њуќуќи давлатї ва сохтмони советии ДДТ (1970-1975) рисолаи номзадиро дар мавзўи «Вазъи њуќуќии Шўрои вакилони ноњия» соли 1971 њимоя намуд. Солњои 1975-1980 – дотсенти кафедраи номбурда ва солњои 1980-1990 – муовини декани факултаи њуќуќшиносї шуда кор кард.

     Имомов А. чун асосгузори таълим бо забони тољикї дар факултаи њуќуќшиносї худаш аввалин китоби дарсии «Њуќуќи конститутсионии Љумњурии Тољикистон» -ро бо забони тољикї навиштааст.

    Соли 1989 Имомов А. ба комиссияи корї оид ба тайёр кардани лоињаи «Ќонуни ЉТ оид  ба интихоботи Шўрои Олї» дохил шуда, мувофиќи гуфти раиси комиссия Ќосимова А.Т. дар тайёр кардани ин лоиња њиссаи босазо доштааст.

    Имомов А. солњои 1990-1992 муовини Раиси Кумитаи назорати конститутсионии ЉТ ва пас раисии ин кумитаро ба дўш доштааст. Солњои 1994-2005 мудири кафедраи њуќуќи конститутсионии факултаи њуќуќшиносии ДМТ ва солњои 2006-2014 мудири шўъбаи њуќуќ ва фалсафаи Академияи Улуми Тољикистонро ба ўњда дошт.

    Олим, њуќуќшинос, инсони комил Имомов Ашўрбой њамеша сазовори эњтироми олимон ва шогирдон будааст. Бо роњбарии илмии ў якчанд нафар шогирдон (масалан, Гадоев С.Б., Диноршоев А.М.) соњиби унвони илмї гаштаанд. Зиёда аз 260 китобњои илмиву дарсї ва маќолањои илмї-методї навиштааст. Китоби Ў «Њуќуќи конститутсионии Љумњурии Тољикистон» се маротиба (1997, 2004 ва 2010) аз чоп баромадаст.

    Солњои 90 – ми асри ХХ љанги бародаркушї ба сари халќи тољик бадбахтињо овард. Имомов А. барои бо сулњ ва њамдигарфањмї анљом ёфтани љанг дар комиссияи мусолињаи миллї иштирок намуд ва аз натиљањои он бисёр асару маќолањо навишт. Барои мисол китоби ў «Муколимаи тољикон дар чањорчўбаи конфронси Дортмунт» чор маротиба бо забонњои тољикї, русї ва англисї чоп шудааст. Китобњои ў «Интихобот ва парлумони Чумњурии Тољикистон» (2001), «Укрепление государственности и формирование гражданского общества в Таджикистане» (2003) – китобњои рўимизии кормандони сохторњои давлатї мебошанд.

   Дар давраи фаъолияти хеш Имомов А. сафарњои пурмањсули илмї кардааст. Ба Эрону Арабистон, ба давлатњои Осиёи Марказї, Русия, Олмон, Маљористон, Лањистон, ШМА (чор маротиба) сафар карда њамчун олими забардаст шўњрат пайдо кардааст. Ў бо унвони «Шањрванди фахрии Иолоти Небраска» -и ШМА сарфароз гардидааст.
    Имомов А. сазовори унвонњои «Аълочии маорифи халќи Љумњурии Тољикистон», «Хуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољикистон» мебошад.

    Соли 2003 Ашўрбой Њољї Имомов ба зиёрати хонаи Худо ба Маккаи Мукаррама сафар намудаанд.

     Панљ фарзанд доранд: Содиќљон, Саидабону, Розиќљон, Њалимљон, Рухшонабону. Њољї Ашўрбой хушнуд аз он мебошанд, ки фарзандонашон бо роњи рост, бо мењнату хоксорї ба касбу кор ва зиндагии худ машѓуланд.

    Барои пурра ба њаёт ва фаъолияти илмї, омўзгорї ва љамъиятию сиёсии Имомов Ашўрбой шинос шудан ба асари ў «Умре дар љустуљў» мурољиат намоед, аз ѓановати њамаи тарафњои њаёти ибратомўзи ин марди бузург пурра шинос мешавед.

P.S: Аз аёми кўдакиам то имрўз њар гоње, ки бо Ашўрбой-ако вомехўрам, пас аз салому алейк ва њолпурсињо ин инсони бузург њамеша њатман аз вазъи саломатию рўзгори падару модарам пурсон шуда, агар ин воњўрї берун аз ноњияамон бошад, хоњиш мекарданд, ки ба устодашон, яъне падари бузургворам ва модари азизам саломашонро расонам. Агар ба дења омада бошанд, ба аёдати падарам меомаданд ва бо сўњбати гуворо дили устодашонро шод мекарданд, ки ин аз мењру муњаббати бенињояту беѓаразона доштанашон ба  арзишњои инсонї гувоњї медињад. Аввали соли 2012 низ падари беморамро аёдат намуданд. Пас аз муддате ќиблагоњи мо ин љањонро падруд гуфтанд. Акои Ашўрбой Њољї ба таъзия омада, ба модарам барои хотира якчанд расмњо, аз љумла ин расмро аз вохўрии вопасин бо устодашон таќдим карданд.

Дар расм Ашўрбой Хочи Имомов дар аёдати устодашон  Мухаммадчон Собиров


Рецензии