Китоби Хиштхона. Гулчехра Исмоилова

                Гулчењра    Исмоилова


                Баски зан дар назари аќли хирад кони фан аст,
                Шамъи рахшони њама хонаи торик зан аст.
               
                Вољиди Аштї   
    

       Исмоилова Гулчењра Сайфиддиновна 15-декабри соли 1967 дар дењаи Хиштхонаи  ноњияи Ашт  таваллуд ёфтааст.

 Мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Хуљандиро соли 1984 хатм намудааст.

     Фаъолияти мењнатии худро аз соли 1989 дар боѓчаи бачагонаи Иттињодияи Истењсолии Ленинободии «Хуљандатлас» ба њайси мураббия оѓоз кардааст.

      Соли 1993 ба факултети Педагогика ва методикаи таълимии ибтидоии ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров дохил шуда, онро соли 1998 бомуваффаќият хатм намудааст.

 Солњои 1998-2005 чун мураббии боѓчаи бачагонаи №40-и шањри Хуљанд фаъолият бурдааст.

Аз соли 2005 то соли 2012 дар кафедраи педагогикаи умумии ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров дар вазифаи сарлаборанти кафедра ва пайваста аз соли 2012 то инљониб чун омўзгори кафедра фаъолияти педагогии худро идома дода истодааст.

 Дар факултетњои забонњои хориљї, биология ва химия, геоэкология ба донишљўён дарс мегўяд. Ба таљрибаомўзии педагогии донишљўён дар корњои тарбиявї роњбарї намуда, бањри ташаккулёбии салоњиятнокии касбии онњо кўшишњо ба харљ медињад.

       Аз рўи муаммои кафедра корњои илмї-тадќиќотї бурда истодааст. Ба тадќиќи масъалањои наќши њамкории омўзгорону волидон дар тарбияи насли наврас, муоширату муносибатњои байни одамон , мавќеи муошират дар љомеа, муносибатњои оилавї машѓул аст.

     Муаллифи 4 маќолањои илмї ва 6 дастурњои таълимї-методї мебошад. Дар конфронсњои илмї-назариявї ва анъанавии устодон бо маърўзањо баромад кардааст.

      Исмоилова Г. дар давоми фаъолияти мењнатї худро чун шахси хоксор, мењнатдўст, бомасъулият, ботамкин, ба худ серталаб, фаъол нишон дода, дар байни устодону донишљўён обрўву эътибори арзанда дорад.

        Бо Рањматномаи раёсати ДДХ ба номи Академик Б.Ѓафуров  сарфароз гардонида шудааст.

      Исмоилова Г.С. соњиби чор фарзанд: Умеда, Дилшода, Саида, Азизмуњаммад ва ду набера Шарифљон ва Аюбљон мебошад.

Њамсараш Исмоилов Ш.Ѓ. сармуаллими кафедраи психологияи умумии ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров аст.


Рецензии