Китоби Хиштхона. Ирмат ва Далер Усмоновхо

                Ирмат Усмонов


                Нигањ кун ба љойе, ки дониш бувад,
                Зи донанда кишвар ба ромиш бувад.


               
                Фирдавсї


       13 марти соли 1942 дар оилаи Норматов Усмон, ки ба шањраки навбунёди Адрасмон аз дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт барои адои хизмати давлатї омада буд, некписаре ба дунёи њастї чашм во намуд, ки оянда чун олими номдору инсони хоксор ва номбардори авлоду ифтихори диёр мањбуби хешу аќрабо, ёру дўстон, њамватанону шогирдонаш гардида, на танњо дар ноњияи Ашту шањраки Адрасмон, балки дар тамоми шањру ноњияњои Тољикистони азизамону Љумњурии њамсояамон Узбакистон шўњратёр гардид. Бобои Усмон ин некписарро Ирмат ном нињоданд.

     Усмонов Ирмат соли 1958 мактаби миёнаи №4-и дењаи Пунѓазро бо бањои аъло хатм карда, баТехникуми кооперативии шањри Ленинобод дохил шу два онро соли 1960 бомуваффаќият хатм намуд. Пас аз хизмат дар сафњои Артиши Шўравї ба Донишкадаи кооперативии шањри Самарќанд дохил шуда, онро низ соли 1967 бо ихтисоси «молшинос-ташкилотчии савдои молњои саноатї» бо бањои аъло хатм намуд ва фаъолияти мењнатии омўзгориаш дар њамин донишкада оѓоз ёфт.

           Соли 1969  њамчун омўзгори болаёќат ба аспирантураи Донишкадаи савдои шањри Москав фиристода шуд.

Аспирантураро пеш аз мўњлат хатм намуда, соли 1973 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Хољагињои анбории кооператсияи матлуботи Тољикистон ва роњњои такмили истифодабарии онњо» бомуваффаќият њимоя намуд.

Сипас дар давоми вазифаи муаллими калони Донишкадаи савдои кооперативии ш. Самарќанд кор кардан, соли 1976 соњиби унвони дотсентї гардид.

 Аз соли 1979 мудири нуќтаи навташкили таълимию машваратии дар шањри Душанбе будаи Институти кооперативии ш.Самарќанд таъин шуд.

Соли 1983 дар асоси ин нуќта факултаи ѓоибонаи Институти кооперативии Самарќанд ташкил гардид ва Усмонов И. декани он таъин гирдида, то соли 1987 пурсамар фаъолият намуд.

Минбаъд дар вазифањои мудири кафедраи филиали Институти савдои советии кооперативии шањри Новосибирск дар ш.Душанбе (1987-1989),

 ноибректор ва иљрокунандаи вазифаи ректори Донишкадаи тиљоратии Тољикистон (1989-1993),


мушовири ректори Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон дар шањри Хуљанд

ва њамзамон мудири кафедраи менељмент ва маркетинги њамин донишгоњ (1993-1995),
 директори коллељи кооперативии шањри Хуљанд (1995-1996).

 Мудири кафедраи менељмент ва маркетинги ДДЊБСТ (1996-2010).

         Дар айни замон профессор И.Усмонов аз фанњои «Асосњои менељмент» ва «Идоракунии хољагињои кооперативї» ба донишљўён ва мутахассисону роњбарони сохтори кооператсияи матлуботи вилояти Суѓд дар курсњои такмили ихтисос дарсњои лексионї, машѓулиятњои амалию семинарї мегузаронад.


      Профессор Ирмат Усмонов олими хеле сермањсул буда, ба ќалами ў 5 монография: «Идоракунии базаи моддї ва техникии савдои кооперативии Тољикистон», «Управление кооперативной торговлей», «Савдои кооперативї дар системаи агросаноатии Тољикистон», «Баланд бардоштани самаранокии савдои яклухти кооператсияи матлуботи Тољикистон дар шароити нави хољагидорї», «Управление кооперативным предпринимательством», 15 китобњои дарсию методї ва зиёда аз 200 асару маќолањои илмию методї тааллуќ доранд.

 Ў рисолаи номзадии 3 нафар унвонљўёнро аз љумлаи омўзгорони љавон ва зиёда аз садњо рисолањои дипломии донишљўёнро дар ўњда доштааст, ки онњо бомуваффаќият њимоя намудаанд.

     Усмонов И. дар симпозиумњо ва конфронсњои илмї дар шањрњои Москав, Новосибирск, Чита, Рига, Таллин, Каунас, Самарќанд, Фарѓона, Тошканд, Алма-ато, Фрунзе, Душанбе, Ашќобод, Белгород ва Хуљанд иштирок варзидааст.

    Туфайли саъю кўшиш ва фаъолияти пурсамараш сазовори унвонхои «Аълочии маорифи ЉТ», «Аълочии кооператсияи матлуботи ЉТ», «Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи ЉТ» гардида, бо медалу ифтихорномањо ва дањњо мукофотњои дигари давлатї мукофотонида шудааст.

    Ирмат Усмоновро иззату эњтиромкунон дар васфи ў дар яке аз љашнворахояш хеле бомаврид зикр намудаанд, ки:

                «Сарбаландии љањонро номи  эњсон асту бас,
                Сарвро дар бўстон ќадди намоён асту бас.
                Хонаи ин ќавмро чун масљиди одина дон,
                Зиннати ќолину шаъни пеши айвон асту бас».

     Њамчун инсони комилу олими «љањондидаю донишандўхта, сафаркардаю сўњбатандўхта» профессор Усмонов И. ба тарбияи фарзандон ањамияти зиёде додааст, ки  имрўз писараш -  Далер   панди Шайх Саъдиро, ки фармудааст:


                «То кай гирди номи падар гардї,
                Соњиби номи худ шав, агар мардї» -ро

 ба гўш гирифтаасту  аз паи омўхтани касби падари бузургвораш шуда,  имрўз олими номдор шудааст.
               
      Усмонов Далер Ирматович  номзади илмњои иќтисод буда, дар вазифаи омўзгори калони кафедраи менељмент, ходими илмии калони лабораторияи илмї-тадќиќотии савдои байналхалќї ва љуѓрофияи нави Донишгоњи илмї- тадќиќотии шањри Белгороди Федератсияи Русия кор мекунад.

 Ў муаллифи 2 монография: «Институциональная среда и её влияние на развитие социально-экономической системы региона» (Москва. 2014); «Оценка влияния факторов глобализации на социально-экономическое неравенство регионов России» (Белгород, 2015)  ва зиёда аз 50 корњои илмї ва талимию методї мебошад.
 Далер љоизадори конференсия ва симпозиумњои умумирусиягї ва байналхалќї дар шањрњои Москав, Санкт-Петербург ва Таллин мебошад.


        Профессор Усмонов Ирмат, ки худ чї дар њаёти њамарўза ва чї дар фаъолияти мењнатию илмиаш  чун ОЛИМ, ОМЎЗГОР ВА ИНСОНИ КОМИЛ њамеша намунаи ибрати њамагон аст, ба хулосае омадааст, ки аз доимо дар фикри рушди љомеа будани ў гувоњї медињад:

«Дар замони њозира падарон ва модарон бояд ба рушди ояндаи фарзандони худ то ќадри имкон маблаѓгузорї намоянд, рушди ояндаи онњоро пешгўї намоянд, ба наќша гиранд ва мисли Садриддин Айнї назорати доимї баранд. Дар он ваќт натиљаи дилхоњ ба даст овардан мумкин аст, агар не, онњо нимхом мемонанд ва дар њаёт љабр мебинанд».


Рецензии