Китоби Хиштхона. Мухаммадсаид Шерматов
В-агар ба шахс зи чохил нихон шудем ба илм,
Чу офтоб сўи оќилон падидорем.
Носири Хисрав
Шерматов Муњаммадсаид 20 маи соли 1944 дар дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт ба дунё омадааст.
Падараш Одинаев Шермат соли 1878 таваллуд ёфта, ба чорводорї ва боѓпарварї машѓул буда, яке аз пешќадамони хољагии дењќонї буданд.
Ў солњои 1951-58 дар мактаби њафтсолаи №13 – и зодгоњаш ва солњои 1958-61 дар мактаби миёнаи №7 дењаи Бободархон мехонад.
Соли 1961 ба факултаи физика ва математикаи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров (ИДПЛ) дохил шуда, онро соли 1969 аз рўи ихтисоси «Физика ва асосњои истењсолот» бо дипломи аъло ба итмом мерасонад
Солњои 1963 – 66 дар сафњои Артиши Шўравї хизмат мекунад.
Сипас чун муаллими фанхои «Физика ва математика» - и мактаби миёнаи №1 – и шањри Ќўрѓонтеппа (њамчун таљрибаомўзи курси панљуми институт, 1968 – 1969),
лабаранти калони кафедраи физикаи умумии ИДПЛ (1969 –1970),
стажёр – муњаќќиќи кафедраи љисмњои сахти Университети давлатии Тољикистон (1970 – 1971),
аспиранти Институти физикї – техникии АИ СССР ба номи А. Ф. Иоффе воќеъ дар шањри Ленинград (1972 – 1975, (якумин донишў - аспирант аз ИДПЛ дар ин Институти машњури советї),
муаллим ва муаллими калони кафедраи физикаи умумї (1976 – 1982),
дотсенти кафедраи мазкур (1982 – 1994),
ходими калони илмї, докторант (1994 – 1996),
дотсенти кафедраи љисмњои сахт (1996 – 2001) ва кафедраи физикаи умумии Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Б.Ѓафуров,
директори филиали Донишгохи Муосири Гуманитарии Москав дар ноњияи Ашт фаъолият намудааст.
Аз соли 2005 то њозир дар вазифаи дотсенти кафедраи «Физикаи умумц ва љисмњои сахт» - и Донишгохи давлатии Хуљанд кор карда, ба унвонњои «Аълочии маорифи ЉТ», «Ихтироъкори бењтарини ЉТ» ва Академики Академияи муњандисии ЉТ соњиб гардидааст.
Ба ѓайр аз ин муаллифи 35 ихтироъњое мебошанд, ки онњо ба 12 соњањои хољагии халќ татбиќ гардидаанд, бо 4 ифтихорномањои Раиси вилояти Суѓд, Вазорати маорифи ЉТ, идораи патенту Иттилооти вазорати рушди иќтисодии ЉТ сарфароз гардонида шудааст.
М.Шерматов њамчун донишљў њанўз солњои тањсилаш дар ИДПЛ ба корњои илмї майл пайдо менамояд ва баъди хатми он тамоми фаъолияташро ба ин соња бахшида, дар мавзўъи «Вайроншавї ва ёзиши полимерњои самтнокшудаи сохторашон ноустувор» рисолаи илмї навишта, онро соли 1981 дар Шўрои илмии институти илмию тадќиќотии зикршуда дифоъ менамояд ва ба гирифтани дараљаи илмии номзади илмњои физикаю математика муваффаќ мегардад. Ў пас аз њимояи рисолаи номзадї самти фаъолияти илмиашро таѓйир дода, оиди бењтар намудани сифати нахи пахта, тезтар пухта расидан ва баланд бардоштани њосилнокии он бо таъсири нурњои иловагї (Энергияаш аз рўшноии офтоб дањњо маротиба зиёд) тадќиќот мебарад ва натиљањояшро дар дањњо колхозњои вилояти Ленинобод (Суѓд) санљида, фоидаи калони иќтисодии тадќиќотњояшро собит менамояд ва фаќат доир ба ин соња зиёда аз 30 маќолаю ихтироот таклифу пешнињод намуда, 5 патенти шахсї мегирад.
Маќолањои илмии М.Шерматов дар њафт мамлакати љањон: ШМА, Япония, Англия, Бразилия, Олмон, Эрон, Русия интишор ёфтаанд. Вай аъзои Фахрии Академияи илмњои Ню – Йорк ва дорандаи медалњои «Олими намоёни асри 20» ва «Шахси байналхалќии сол» - и шањри Кембриджи Англия, медали Донишгоњи муосири Гуманитарии Москав «Барои тарбияи донишљўён», медали «30 соли Ѓалаба аз болои Германияи фашистї» мебошад.
Номгўи маќолањои илмї, илмию методї ва дастурњои таълимии дотсент М.Шерматов аз 200 зиёд буда, аксарияташон дар нашриётњои бонуфузи дунё ва Тољикистону Ўзбакистон бо забонњои англисї, русї ва тољикї аз чоп баромада, ањамияти калони илмию назарияв ва амалиро моликанд.
Кори илмие, ки М.Шерматов дар давоми 15 соли охир анљом додааст, аз назари олимони барљастаи соњаи физикаи Тољикистону Ўзбакистон гузашта, ва пешакї муњокима њам шуда, барои њамчун рисолаи докторї њимоя гардидан арзанда дониста шудааст.
М.Шерматов на танњо бањри инкишофи илм саъю кўшиши бисёр ба харљ медињад, балки ба тарбияи олимони љавон низ ѓамхорї мекунад. Тањти роњбарии ў се нафар аспиранту унвонљўњо рисолаи номзадии худро ба њимоя пешнињод ва се нафари дигарашон рисолањояшонро барои њимоя тайёр карданд.
М.Шерматовро њамчун омўзгори ботаљрибаю ќобилиятнок ва олими боистеъдоду пурмањсул ва донишманди хуб нафаќат дар Тољикистон, балки дар хориљи он њам мешиносанд ва эњтиром менамоянд.
Оиди фаъолияти омўзгорию илмии ў дар матбуоти даврии Тољикистон, аз љумла рўзномаи «Садои мардум» маќолањо ба табъ расидаанд.
М.Шерматов оиладор ва соњиби се фарзанд буда, њамаашон дар соњањои гуногун пурмањсул фаъолият мебаранд.
Свидетельство о публикации №222041501090