Китоби Хиштхона. Расулчон Марифхонов

                Расулчон Марифхонов

               


                Зи дониш шавад кори гетї ба соз,
                Зи бедонишї кор гардад дароз.

               

                Чоми




Марифхонов Расулљон Нурмуњаммадович 24 декабри соли 1983 дар шањри Турсунзода дар оилаи хизматчї ба дунё омадааст.

 Падараш – Маъруфзода Нурмуњаммад-полковники адлия.

Расулљон соли 1991 ба мактаби мусиќии ба номи Зиёдулло Шањидї ќадам нињода, соли 1992 тањсилро дар мактаби мусиќии ба номи М.Собирова идома медињад.

 Аз соли 1994 тањсилро дар мактаби миёнаи № 8 шањраки Сирдарёи шањри Ќайроќќум идома дода, онро соли 2001 бомуваффаќият ва бањои хубу аъло хатм менамояд.

Дар давоми тањсил дар мактаби миёна дар олимпиадањои ноњиявї аз фанњои забон ва адабиёт, таърих ва асосњои давлат ва њуќуќ иштирок менамояд.

Соли 2002 ба факултети њуќуќшиносии Донишгоњи  миллии Тољикистон дохил шуда, онро соли 2007 бо дипломи аъло хатм менамояд.

Дар давраи донишљўї доимо дар мањфили илмии донишљўён «Давлатшиносї»-и назди кафедраи њуќуќи конститутсионї, инчунин дар силсилаи тренингњо оид ба «Этикаи њуќуќї», «Тадќиќоти њуќуќї», «Њуќуќи инсон» фаъолона иштирок менамояд.


Пас аз хатми факултети њуќуќшиносии ДДМТ мутобиќи таќсимоти инфиродии донишљўён чун донишљўи боистеъдод ба сифати ассистенти кафедраи њуќуќи конститутсионии факултети дар боло зикргардида нигоњ дошта мешавад.

 Сипас, аз моњи январи соли 2008 то 2014 дар вазифаи ассистенти кафедраи њуќуќи конститутсионї,

аз моњи феврали соли 2014 ба сифати муаллими калони кафедраи њуќуќи конститутсионии ДМТ ва мудири бахши тањия ва татбиќи барномањои сармоягузорї ва дарёфти грантњои шуъбаи робитањои байналмилалии ДМТ фаъолият намуда,

айни њол ба њайси дотсенти кафедраи њуќуќи конститутсионии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба фаъолияти илмию омўзгорї машѓул аст.

 Дар факултети њуќуќшиносї ба курсњои 2, 3 ва 4 аз фанњои «Њуќуќи маъмурї ва мурофиаи маъмурии Љумњурии Тољикистон», «Њуќуќи конститутсионии Љумњурии Тољикистон», «Њуќуќи конститутсионии мамлакатњои хориљї», «Низоми намояндагї», инчунин фанњои тахассусї ва интихобї, аз ќабили «Њуќуќи мурофиаи маъмурии Љумњурии Тољикистон», «Њуќуќи андоз ва мурофиаи андоз», «Адлияи маъмурии Љумњурии Тољикистон», «Мурољиати шањрвандон» дар гурўњњои тољикї ва русї машѓулиятњои лексионї ва амалї мебарад.

Њамзамон, аз соли 2008 то 2014 ба њайси ходими хурди илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќї ба номи Бањоуддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, аз соли 2014 то 2016 ходими калони илмї ва аз моњи феврали соли 2016 ходими пешбари Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќї ба номи Бањоуддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон кору фаъолият мекунад.

Соли 2008 ба аспирантураи Институти давлат ва њуќуќи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон (њозира Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.Бањоваддинов) дохил шуда, онро соли 2011 хатм намуда,

 соли 2013 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Муаммои танзимсозии меъёрии расмиёти маъмурї дар Љумњурии Тољикистон» («Проблемы правового регулирования административ- ных процедур в Республике Таджикистан») дар Шўрои диссертатсионии Донишгоњи дўстии халќњои Русия (РУДН) аз рўи ихтисоси 12.00.14 – њуќуќи маъмурї; њуќуќи мурофиаи маъмурї - бомуваффаќият њимоя намуда, унвони номзади илмњои њуќуќшиносиро соњиб гардидааст.

Баъди њимояи рисолаи номзадї дар нашрияњои бонуфузи илмии Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Русия маќолањои илмї оид ба масоилњои алоњидаи расмиёти маъмурї ва дигар падидањои њуќуќи маъмурї ва мурофиаи маъмурї чоп менамояд.

Якчанд маротиба Шўрои диссертатсионии Донишгоњи дўстии халќњои Русия (РУДН) доир ба њимояи рисолањои номзадї ва рисолањои доктории Д 212.203.29 мавсуфро ба њайси муќарризи расмї (оппонент) дар њимояи рисолаи номзадї таъин намудааст.
 
Бо ќарори Шўрои олимони факултети њуќуќшиносии ДМТ аз 27 сентябри соли 2014 мавзўи рисолаи докториаш тањти унвони «Њуќуќи мурофиаи маъмурии муосири Љумњурии Тољикистон: амалия ва назария» (Современное административно-процессуальное право Республики Таджикистан: теория и практика) тасдиќ гардида, барои тањсил ба доктарантура тавсия гардидааст.

Расулљон оиладор ва соњиби се фарзанд мебошад.

Њамсараш – Мирзоева Нигина Мадиброимовна 3 марти соли 1986 дар ш.Душанбе дар оилаи зиёї ба дунё омадааст.

 Донишгоњи технологияи инноватсионї ва коммуникатсионии Тољикистонро бо ихтисоси «Системањои иттилоотї дар иќтисодиёт» хатм намуда, айни њол дар ЉСШП «Вавилон-м» ба њайси амалгари дараљаи 2 фаъолият менамояд.

Фарзандонаш – Кавсараю Њумоюн дар боѓчаи бачагона фаро гирифта шуда,Тайиба 2 сола мебошад.


Рецензии