Китоби Хиштхона. Фахриддин Мирзоахмедов

               


                Фахриддин Мирзоахмедов
               

                Хирад мар чахонро сари гавхар аст,
               
                Равонро ба дониш хирад рахбар аст.
               
                Асадии Тўси

      

    Мирзоањмедов Фахриддин 2 сентябри соли 1948 дар дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт таваллуд шудааст. Падараш – Холматов Мизоањмад солхои зиёд дар сохаи кишоварзї пурмањсул мењнат карда, дар ободонии дења сањми босазо гузоштааст. Оиладор, падари чор фарзанд ва бобои чор набера мебошад. Номзади илмњои физика ва математика, доктори илмњои техникї, профессор, академики Академияи байналхалќии автоматизатсякунонї. Аъзои Шўрои махсусгардонидашудаи диссертатсионии њимояи рисолањои номзадию доктории назди Институти математикаи Академияи фанњои ЉТ.

        Мирзоањмедов Ф. пас аз тахсил дар мактабњои њафтсолаи №13-и дењаи Хиштхона ва миёнаи №7-и дењаи Бободархони нохияи Ашт соли 1965 ба факултаи механикию-математикаи Донишноњи давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1970 бомуваффаќият хатм намудааст.

    Фаъолияти корї: Аз соли 2012 то њол – профессори кафедраи Моделсозии математикї ва информатсионии Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон; Солњои 2010-2012  - декани факултањои муштараки тољикї-украинї ва технологияи инноватсионї ва компютерии Донишгоњи технологии Тољикистон; Солњои 2003-2010 – мудири кафедраи информатикаи амалии Донишкадаи иќтисодии Тољикистон; Солњои 1999-2003 мутахассиси маорифи Маркази идораи лоињаи Бонки Љањонии назди Вазорати маорифи ЉТ ва эксперт оид ба бозомўзии Маркази татбиќи Лоињаи таљдиди сектори иљтимоии барномаи тараќќиёти СММ ва њамзамон барномаи Њукуматии ЉТ; Солњои 1996-1999 – профессори кафедраи информатика ва математикаи амалии Донишгоњи давлатии Хуљанд; Солњои 1991-1996 – профессори кафедраи математикаи амалии ДДМТ; Солњои 1987-1988 – мудири шўъбаи илм ва нашриёти Вазорати мактабњои олї ва миёнаи махсуси РСС Тољикистон;  Солњои 1982-1987 – дотсенти кафедраи кибернетикаи иќтисодии УДТ ба номи В.И.Ленин; Солњои 1978-1981 мудири лабораторияи «Математические методы в экономике» ва њамзамон дотсенти кафедраи «Экономическая кибернетика»-и факултаи кибернетикаи Донишгоњи давлатии миллии Киев ба номи Т.Г.Шевченко; Солњои 1970-1973 – муаллими кафедраи математикаи амалии факултаи механикию математикаи УДТ ба номи В.И.Ленин.

     Тањсилот ва такмили ихтисос: 1973-1977 – аспиранти Институти кибернетикаи Академияи фанњои РСС Украина; 1988-1991 – докторанти Институти кибернетикаи Академияи миллии Чумњурии Украина; Январ -  феврали 2000 – Иќтисоди бозоргонї, дар шањри Душанбе; Июни 2001 – Технологияи муосири педагогї, дар шањри Душанбе; Марти 2002 – Идоракунии соњаи маориф, дар Шотландия ва Голландия; Феврали 2012 – Моделсозии макроиќтисодї ва ояндабинї – шањри Париж.

      Мирзоањмедов Ф. муаллифи зиёда аз 200 монографияњо, китобњои дарсї, маќолањои илмї-иќтисодї ва таълимї мебошад.  14 нафар шогирдонаш рисолањои номзадї дифоъ кардаанд ва чанд нафари дигар ба њимоя пешнињод намудаанд. Дар семинарњо, конфронсхо, симпозиумњо ва конгрессњои собиќ Иттињоди Шўравї ва мамлакатњои хориљї – Булѓория (1980, 1984), Руминия (1985), Венгрия (1986), Полша (1988), Австрия (1989), ИМА (1991), Њиндустон (1993), Шотландия (2000), Голландия (2002), Шветсия (2004), Чин (2006), Туркия (2009), Фаронса (2012) Португалия (2013) ширкат варзидааст. Аз соли 2001 инљониб роњбарии ташкилоти љамиятии «Иттифоќи навоварони маорифи Тољикистон»-ро ба ўњда дорад.

      Хизматњои Фахриддин Мирзоањмедов бо нишони Аълочии маорифи Тољикистон, ифтихорномаю дипломњои Вазорати маорифи ЉТ, рањматномањои макотиби олии Украина ва Тољикистон ќадр гардидаанд.


Рецензии