Китоби Хиштхона. Шавкатчон Шерматов
Њар он маѓз, к-ўро хирад равшан аст,
Зи дониш ба гирди танаш љавшан аст.
Фирдавси
Шерматов Шавкатљон Мамадљонович 28 ноябри соли 1958 дар љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд ёфтааст. Соли 1976 мактаби миёнаи раќами 13-и ба номи Камоли Хуљандии дењаи Хиштхонаро бо бањои аъло хатм намудааст ва худи њамон сол ба факултети физикаи Институти Давлатии Педагогии шањри Ленинобод ба номи С.М.Киров ба шўъбаи физика ва математика дохил шудааст.
Баъди хатми донишкада аз соли 1981 ба шўъбаи тадќиќотњои ядроии институти физикаю техникаи Академияи илмњои Тољикистон ба вазифаи инженер-тадќиќотчї ба кор ќабул шудааст. Аз нимаи дуюми соли 1981 то моњи августи соли 1983 коромўз-тадќиќотчии (стажёри) Институти тадќиќотхои ядроии шањри Дубна буд.
Аввалин устоди ў доктори Толстов илмњои физика ва математика, профессор Константин Дмитриевич (шогирди мактаби илмии И.В.Курчатов) буд, ки ўро ба шоњроњи илм сафарбар кардааст. Пас аз ба итмом расидани мўњлати коромўзї бо тавсия ва розигии профессор К.Д.Толстов ў моњи сентябри соли 1983 ба шўъбаи рўзонаи аспирантураи институти физикаю техникаи ба номи С.Умрови АИ Тољикистон бо бањои аъло дохил шудааст.
Баъд аз моњи декабри соли 1983 то соли 1985 хизмати њарбї дар сафи ќўшунњои советї. Аз соли 1985 то соли 1989 баъди адои хизмати њарбї, аспиранти Институти физикаю техникаи АИ Тољикистон буд.
Аз соли 1989 то соли 1998 дар кафедраи информатика ва математикаи њисоббарори ДДХ дар вазифахои инженер-барномасоз, ассистенти кафедра, сармуаллим фаъолият кардааст.
Аз моњи сентябри соли 1998 то соли 2003 дар коллељи кўњї-металлургии шањри Чкалов фаъолияти педагогї намуда, дар вазифањои мудири шўъбаи ѓоибона, мудири кафедраи информатика ва математикаи олї, декани факултети кўњї-металлургї кор кардааст.
Њоло дар Донишгоњи њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон (ДДЊБСТ) кор мекунад.
Аз соли 2003 то 2007 дар вазифањои мудири кафедраи системањои ахборотї-њисоббарории факултети Бизнес ва њисобгирии ДДЊБСТ,
аз соли 2007 то 2010 декани факултети Технологияи компютерї ва њисобгирии ДДЊБСТ,
аз соли 2010 то 2011 сармутахассиси бахши идоракунии сифати таълим дар ДДЊБСТ
ва аз соли 2011 то имрўз мудири кафедраи системањои иттилоотии автоматикунонидашудаи факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи донишгоњ шуда кор мекунад. Шерматов Ш.М. аълочии маориф ва илми Тољикистон буда, дараља ва унвони илмии номзади илмњои физика, математика, дотсент-ро дорад.
Корњои илмї-тадќиќотии ў дар самти физикаи ядрої ва заррањои элементарї бо њамроњї ва тањти роњбарии устодони аввалинаш И.Б.Бобољонов ва профессор К.Д.Толстов, дар самти физикаи нурњои кайњонї ва заррањои энергияашон нињоят баланд бо њамроњи доктори илмњои физика ва математика, профессор Ф.Нормуродов, дар самти физикаи полимерњо бо устодон номзади илмњои физика ва математика, дотсент Шерматов М. ва доктори илмњои физика ва математика, профессор Ш.Тўйчиев, дар самти моделиронии математикаи масъалањои наќлиёти автомобилї бо њамроњии дўсташ, шодравон доктори илмњои техникї, профессор Турсунов А.А. амалї гардидаанд.
Њоло ў бо корњои тадќиќотї оиди хусусиятњои физикии об машѓул аст. Ба ѓайр аз он дар самти татбиќи технологияњои иттилоотї-коммуникатсионї дар раванди таълим низ корњои илмї-методиро идома дода истодааст. Ў дар якчанд конференсияњои илмии байналхалќї оиди физикаи ядрої дар ш.Дубна, физикаи нурњои кайњонї дар ш.Москва, физикаи полимерњо дар ш.Тошканд, татбиќи технологияњои инноватсионї дар раванди таълим дар ш.Душанбе маърўзањо карда, маќолањо ба табъ расонидааст. Доир ба њамаи самтњои илмие, ки машѓул шудааст, ќариб 100 маќолањои илмї ва илмиву методї чоп намудааст. Бо њамроњии устодаш олими ихтироъкор- Шерматов Масаид. як монографияро бо номи «Электрические свойства хлопковых волокон» низ ба табъ расонидааст.
Дар давоми фаъолияти омўзгории худ дар донишгоњ ў якчанд китобњои дарсї ва дастурњои методиро пешкаши хонандагон намудааст:
«Основы программирования на языке Паскаль», «Њалли сад масоил аз барномасозї», «Курс лекций по информатике», «Курс лекций по физике для экономических специальностей» , «Хусусиятњои физикии об», «Физикаи худомўз», «Консепсияњои табиатшиносии муосир», китоби дарсии «Физика» барои ихтисосњои иќтисодчї-барномасоз, барномасоз-муњандис, системањои идоракунии телекоммуникатсионї, ки аз љониби Вазорати маориф ва илми Тољикистон ба нашр иљозат дода шудааст.
Шерматов Ш.М. соњиби се фарзанд Шамшод, Шањбоз, Анора ва ду набера Мустафо ва Марям аст.
Шамшод ва Шањбоз њар ду иќтисодчї буда, донишгоњро аъло хатм намудаанд ва њоло аз рўи ихтисос кор мекунанд. Њамсарони онњо Субњия ва Сарвиноз муваќќатан хонанишин мебошанд.
Духтараш Анора хонандаи синфи шашуми гимназияи №1-и шањри Ѓафуров аст ва бо бањои аъло мехонад. Њамсараш Азимова М. хатмкунандаи факултети иќтисодии ДДТ ба номи В.И.Ленин (њоло ДМТ) буда, дар Маќомоти иљроияи хокимияти давлатии ноњияи Б.Ѓафуров кор мекунад.
Свидетельство о публикации №222051301111