Китоби Хиштхона. Шокирчон Исмоилов
Касе, к-ў ба дониш барад рўзгор,
На ў бозмонад, на омўзгор.
Абдушакури Балхї
Исмоилов Шокирљон Ѓуломович мохи январи соли 1965 дар дењаи Хиштхонаи ноњияи Ашт, дар оилаи коргар таваллуд ёфта, дар мактаби №13 ба номи Камоли Хуљандии дењаи Хиштхона солњои 1972-1982 тањсил кардааст.
Соли 1982 ба факултети математикаи Донишкадаи давлатии педагогии шањри Ленинобод ба номи С.М.Киров (њоло ДДХ-и ба номи Академик Б.Ѓафуров) дохил шуда онро соли 1989 аз рўи ихтисоси математика ва физика бомуваффаќият хатм намудааст.
Солњои 1983 – 1985 дар сафи ќуввањои мусаллањи Артиши Шўравї адои хизмат кардааст.
Исмоилов Ш. фаъолияти омўзгории худро аз мохи сентябри соли 1989 дар мактаби №1 ба номи А.С.Пушкини шањри Ленинобод дар вазифаи муаллими математика ва мудири кабинети математика оѓоз карда моњи декабри хамон сол ба кафедраи «психологияи умумї» ба кор даъват шудааст. Солхои 1989 – 1991 дар вазифаи муаллим – коромўз, 1991 – 2001 муаллим ва аз соли 2001 то имрўз њамчун сармуаллими кафедра фаъолият бурда истодааст. Њамзамон аз соли 2013 инљониб дар Донишгоњи кўњї-металлургии Тољикистон дар кафедраи фанњои гуманитарї-иљтимої фаъолият мебарад.
Ў њамчун омўзгори таљрибадор дар мураттабсозии барномањои таълимї ва кории фанхои сикли психологї, силлабус, КТМ ва роњнамои таълим фаъолона иштирок карда истодааст. Машѓулиятхои лексионї ва амалии ў дар дараљаи баланди илмї – назариявї ва методї мегузаранд. Солњои зиёд инљониб асосан дар факултетњои математика, биология ва химия, геоэкология, забонњои хориљї, филологиия тољик дарс мегўяд ва кўшиш мекунад, ки мавќеи донишњои психологиро дар њалли масъалањои муњими њаётї ошкор созад. Аз рўи муаммои «Ташаккулёбии шахс» кори илмї-тадќиќотї бурда истодааст. Муаллифи зиёда аз 27 асарњои илмї ва таълимї-методї мебошад.
Исмоилов Ш. дар тўли фаъолияти мехнатї худро њамчун ташкилотчии фаъол, шахси маъулиятшинос, мењнатдўст, хоксор, поквиљдон, нисбати худ серталаб, маслињатгари донишљўёну њамкорон нишон дода байни онњо обрўву эътибори хоса дорад.
Ў дар конфронсњои илмї – назариявї ва илмї – амалї фаъолона бо маърўзањои илмї баромад карда њамчун мутасадии корњои тарбиявии кафедра фаъолият мебарад. Мунтазам ба худомўзї ва худтакмилдињї машѓул аст.
Барои хизматњои шоиста дар ташаккули раванди таълиму тарбия, анљоми корњои илмї-тадќиќотї, ширкати фаъолона дар њаёти љамъиятї бо ифтихорномаи ДДХ ба номи Академик Б.Ѓафуров сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор буда, сохиби чор фарзанд мебошад.
Њамсараш Исмоилова Гулчењра Сайфиддиновна дар кафедраи педагогикаи умумии ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров њамчун омўзгор фаъолият мебарад.
Фарзанди калонї Исмоилова Умеда Шокирљоновна соли 2005 донишгоњро хатм намуда, соњиби касби омўзгори фанни математика гаштааст.
Духтарон Исмоилова Дилшода ва Исмоилова Саида донишљўёни њамин факултет буда, дар курсњои 3 ва 4 тањсилро давом дода истодаанд.
Писараш Исмоилов Азизмуњаммад хонандаи синфи 11-и МТМУ №22 шањри Хуљанд ба номи Љ.Расулов буда, тањсилашро бо бањои хубу аъло идома дода истодааст.
Свидетельство о публикации №222051301121