Китоби Хиштхона. Юлдошев Ахмадчон

                Юлдошев  Ањмадљон

                (03.09.1936- 06.02.2007)


                Бувад маълуми хар озоду банда,
                Ки нодон мурдаву доност зинда.

               
                Чоми


     Юлдошев Ањмадљон 3 сентябри соли 1936 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓаз таваллуд ёфтааст. Падараш - Ахмедов Юлдош. Модараш - Ахмедова Иззатмоњ  .
 
       Соли 1953 мактаби 7-солаи раќами 13 ба номи К. Хуљандии дењаи Хиштхонаро хатм намуда, худи њамон сол ба омўзишгоњи тиббии шањри Ленинобод (њозира Хучанд) дохил шудааст. Соли 1956 омўзишгоњи номбурдаро бомуваффаќият хатм намудааст.


   Аз соли 1956 то соли 1960 дар вазифаи мудири пункти тиббии дењаи Бободархон кор кардааст.

       Соли 1960 ўро њамчун мутахассиси болаёќат, роњбарияти шўъбаи тандурустии ноњияи Ашт барои тањсил ба факултаи табобатии Донишкадаи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуали ибни  Сино тавсия намуданд.

     Солњои 1960-1966 Юлдошев А. дар Донишкадаи номбурда тањсил намуда, онро бо ихтисоси пизишки амрози дарунї бомуваффаќият хатм кардааст.

     Аз моњи августи соли 1966 то сентябри 1967 - пизишки шўъбаи амрози дарунии беморхонаи марказии ноњияи Ашт. Аз моњи сентябри 1967 то моњи августи 1968- сардухтури  беморхонаи минтаќавии дењаи Пунѓаз. Аз моњи августи соли 1968 то моњи июли 1983-мудири шўъбаи амрози дарунии беморхонаи марказии ноњияи Ашт. Аз моњи июли соли 1983 то охири њаёташон пизишки шўъбаи амрози дарунии беморхонаи марказии ноњия шуда кор кардааст.

 Дар давоми фаъолияти беш аз 50-солаи духтуриаш дар байни сокинон ва кормандони соњаи тибби ноњияи Ашт соњиби  обрўю эътибори калоне гаштааст, ки натиљааш бо чандин ифтихорномањои Вазорати тандурустї ва дигар маќомотњои давлатї мукофотонида шудани ў мебошад. Хизматњои Ањмадљон Юлдошев бо медали «Собиќадори мењнат» низ арљ гардидааст.

   Соли 1964 бо Юлдошева Тиллобибї хонадор шуда, аз њаёти якљоя 9-нафар фарзанд, 26-набераю 10-абера доранд. 6-феврали 2007 дили марди накўкор  аз задан бозмондааст.

   Юлдошев Ањмадљон дар тўли фаъолияти беш аз  нимасрааш бисёр шогирдонеро тарбия намудааст, ки имрўз кори ўро давом медињанд ва хотираашро дар ќалбњо зинда нигоњ медоранд.


Рецензии