Китоби Хиштхона. Бойматова Рачабмох Ёрматовна

               


                Бойматова Рачабмох  Ёрматовна



                Бе азми дурусту саъи комил
               
                Касро нашавад мурод хосил.
               
                «Ахлоќи Мўхсини»



    Бойматова Раљабмоњ Ёрматовна, соли 1959 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд ёфтааст. Падараш- иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї Бойматов Ёрмат. Модараш-Бойматова Ойниссо . 

    Соли 1976 мактаби миёнаи Соли 1976 мактаби миёнаи №13, ба номи Камоли Хуљандии зодгоњашро бо бањои аъло хатм намудаааст.

    Муаллифи ин китоб, ки соли хониши 1975-1976 дар мактаби номбурда чун муаллими забон ва адабиёти рус кор кардаасту аз љумла ба синфи 10 «б», ки дар он Раљабмоњ тањсил менамуд, аз ин фан дарс гуфтааст ва роњбари синф њам будааст, интизоми намунавї, саъю кўшиши беандоза доштан ва ба њамсинфон намуна будани ўро худ мушоњида намудааст. Бењуда нест, ки ин духтараки шармгину хоксори дењотї байни њамсабаќону њамкорони ояндааш соњиби чунин номи нек ва обрўю эътибори хосае шуда, яке аз номбардорони диёри азизаш гаштааст.

      Падараш шахси илмдўсте буд ва ашъори классикону муосиронро хеле дўст медошт. Мањз њамин илмдўстии падар чароѓи равшане дар роњи ояндаи фарзандон гашт. Њамаи фарзандони ин оила соњиби маълумоти олии касбї мебошанд.
 
     Баъди хатми мактаби миёна Раљабмоњ аввалин духтаре аз дењаи  Хиштхона буд, ки  бањри тањсил, роњ сўйи пойтахт гирифт. Падар њуљљатњои духтарашро соли 1976 ба Доншкадаи тиббии ба номи Абўалї Ибни Сино супорид. Раљабмоњ аз соли 1976 то соли 1982  дар ин донишкада тањсил намуда, онро бомуваффаќият хатм намуд. Худи њамон сол ба шўъбаи бачагонаи беморхонаи вилоятии Ленинобод (њозира Хуљанд) ба кор таъин гардид. Соли 1983 бо духтури љарроњ, Одинаев Мирзошариф оила бунёд кард. Аз соли 1984 то соли 2013 дар шањри Душанбе зиндагї ва фаъолият намуд. Соли 2014 ба шањри Москав даъват шуда, курси такмили ихтисосро бомуваффаќият хатм намуд. Солњои 2014-2015 дар вилояти Калугаи Федератсияи Русия ба њайси духтури бачагона кор кард. Ў исбот намуд, ки зани тољик  аз ўњдаи њама гуна кор мебарояд. Вай ба њамкорони руси худ исбот кард, ки вориси арзандаи Синои бузург аст. Дар ваќти бозгашт ба Ватан, аз сардухтур то њамширањои шафќат- њама бо як мењру муњаббати хос хоњиш мекарданд, ки ў дар ин беморхона фаъолияташро давом дињад.

    Раљабмоњ соли 2005 духтури дараљаи аввал ва соли 2010 соњиби унвони духтури дараљаи олї гардид. Борњо бо рањматномаю ифтихорномањо ва мукофотњои зиёди дигар ќадрдонї гадидааст.

    Ў дар оила   њамсари хуб,  модари мушфиќ ва   модаркалони мењрубонест.  Як духтар, ду писар ва чор набера доранд. Ганљина касби модарашро интихоб намуда, духтури занон мебошад. Сино духтури љарроњи дил аст. Сиёвуш бошад, баъди хатми Донишгоњи тољикї-славянии Тољикистон дар Иолоти муттањидаи Амрико тањсилашро давом медињад.

    Раљабмоњ њоло дар шањри Душанбе дар ињотаи оила ва наберагонаш, дар нафаќаи мењнатї  буда, шукри тинљиву осудагї, шукри Истиќлол дорад…


Рецензии