Китоби Хиштхона. Кормандони сохаи тиб

               


                Кормандони сохаи тиб



                Мухим нест, ки духтур ном барандаш, пизишк ё табиб,
                Мухим он аст, к-ў бошад халќро шифобахшу хабиб.
                Хамеша дар рахи табобат ба ў Парвардигор
                Бикшояд дари дониши тиббу бошад мададгор.

               
                Абдукаюми Мухаммадчон 


         Дар солњои пеш аз Инќилоби Октябру давраи пеш аз Љанги Бузурги Ватанї дар дењаи Хиштхона аз байни сокинони мањаллї кормандони касбии соњаи тиб набудаанд. Вазифаи табобати ањолиро  асосан табибони мардумиву ходимони дин ба ўњда гирифта буданд.
 
       Аввалин шуда дар дења соли 1956  Юлдошев Ањмадљон Омўзишгоњи тиббии шањри Ленинободро хатм намуда, соњиби маълумоти миёнаи тиббї гардидааст. Ў соли 1966  пас аз хатми Донишкадаи тиббии Тољикистон аввалин духтури маълумоти олидори дења низ гардидааст.

      Минбаъд Дадоматов Рањимбой, Одибоев Тољиддин, Мадаминов Камол Машарифович, Бойматов Муњаммадљон ва дигарон низ ин касбро ихтиёр намуда, дар муассисањои тиббї тањсил намудаанд. Њоло аз дења се нафар донишљўён дар донишгоњњои олии тиббї тањсил менамоянд.

       Аз байни кормандони тиб ду нафар – Ашўров Муродљон Абдусамиевич ва Бойматова Раљабмоњ Ёрматовна аз рўи ихтисосашон дар шањрњои Федератсияи Русия низ кор карда, байни сокинони он љо соњиби обрўю эътибори зиёд гардидаанд. Ашўров М.А., ки ординатураро дар Русия бо гирифтани дипломи аъло хатм намудааст, њоло ба њайси муовини сардухтури шањри Нижний Тагили вилояти Свердловски Русия фаъолият дорад.


Рецензии