Китоби Хиштхона. Имомов Абдурауф Рузибоевич

           Имомов Абдурауф Рузибоевич


                Чун дона шуд афканда, баррусту дарахте шуд,
                Ин рамз чу дарёби, афканда шави бо мо.

                Шамси Табрези


  Имомов Абдурауф Рузибоевич  29 сентябри соли 1977 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓаз дар оилаи зиёї ба дунё омадааст.

Падараш – Имомов Рўзибой. Модараш – Имомова (Олимљонова) Тўтинисо.

       Соли 1994 мактаби миёнаи № 13-и ба номи К. Хучандиро хатм намуда, худи њамон сол ба филиали Хуљандии Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуали ибни Сино дохил шудааст ва онро соли 2000 онро бо ихтисоси духтури табобатї ба итмом расонидааст.

Соли 2000  ба курси интернатураи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тољикистон дар шањри Душанбе дохил шуда, онро соли 2001 бо ихтисоси духтур - љарроњ хатм намудааст.

Сипас ба курси ординатураи клиникии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тољикистон дар шањри Душанбе дохил шуда, онро соли 2003 бо ихтисоси љарроњи пластикї ва реконструктивї хатм намудааст.

      Аз моњи августи соли 2003 бо роњхати Вазорати тандурустї њамчу љарроњ ба беморхонаи марказии ноњия ба кор шурўъ намудааст.  Бо ташаббуси бевоситаи Имомов А. дар ноњияи Ашт соњаи эндоскопия ба фаъолият сар кардааст, ки дар он  ў чун духтур- эндоскопист низ  кор кардааст.

        Моњи феврали соли 2009 бо фармони сардухтури беморхонаи марказии ноњия ба вазифаи муовини сардухтур оид ба корњои муолиљавї таъин гашта, то ба имрўз дар ин вазифа фаъолият дорад.

      Соли 2012 пас аз иштирок дар озмуни байналмилалї, ки аз тарафи њукумати Штатњои муттањидаи Америка гузаронида шуда буд, ѓолиб дониста шуд ва дар ќатори 19 нафар мутахассисони соњаи тибби давлатњои ИДМ (СНГ) муддати 1 моњ дар штатњои Вашингтон, Пенсилвания, Миннесота ва Флоридаи  ИМА такмили ихтисос дар соњаи идоракунї ва менељмент дар соњаи тиб гузаштааст.

Аъзои Њизби халќї- демократии Тољикистон мебошад.

 Духтур- љарроњи дараљаи олї.

     Оиладор. Се  фарзанд дорад.

     Вакили маљлиси вакилони халќи ноњия аз дењаи Хиштхона мебошад.


Рецензии