Китоби Хиштхона. Азимов Абдугафур Абдулазизович

            




                Азимов Абдуѓафур Абдулазизович



                Хаст зарроти хавотир в-ифтикор

                Пеши хуршеди хаќоиќ ощкор.

               
                Румї



 
   Азимов Абдуѓафур 12 феврали соли 1953 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд ёфтааст.

 Падараш Каримов Абдулазиз (30.01.1912 - 10.08.1967). Модараш Азимова Бибиоиша  (1918   04.03.1998).


   Азимов А.  соли 1969 мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Ху чандии дењаи Хиштхона ва соли 1969 мактаби миёнаи №7 ба номи С.Айнии дењаи Бободархонро хатм намудааст.

   То моњи сентябри соли 1970 ба сифати коргар дар заводи консервабарории шањракиШайдон фаъолият намудааст.
 
     Солњои 1970-1975 дар омўзишгоњи тиббии ба номи Академик И.П.Павлови шањри Ленинобод тањсил намудааст.

         Солњои 1972-1974 дар сафњои Артиши Шўравї хизмат кардааст.       Фаъолияти мењнатиашро соли 1975 дар    беморхонаи марказии ноњияи Ашт дар шўъбаи касалињои дарунї оѓоз намуда, то соли 2000, яъне то ба нафаќа баромаданаш дар вазифањои фелдшерї ва фелдшери калони шўъбаи номбурда пурмањсул кор кардааст.

   Бо мукофотњои зиёди соњавї сазовор гаштааст.

   Дар корњои љамъиятии дења, фаъолона иштирок менамояд.
 Солњои зиёд вазифаи љамъиятии раиси мањаллаи «Марказї»-и дењаро ба ўњда дошт ва ба туфайли кордонию мењнатдўстї ва хайрхоњию инсонпарварї барин хислатњои њамидааш сазовори њурмату эътибори арзанда дар байни ањолии дења гаштааст. Аз ягон маъракаи ободонии дења, ба танзим даровардани урфу одатњо ва ѓайра дар канор намеистад ва бо маслињатњои муфиди худ ба пешравию рушди диёрамон њиссаи босазо мегузорад. Њамеша бо маслињату дуои мўйсафедони дења кор мекунад.

     Ин расми хотиравиест њамроњи устодони шодравонаш – Имомов Холмуњаммад, Ќодиров Њотамќул ва Собиров Муњаммадљону директори мактаб ва ў низ раиси шўрои дења Ашўров Абдусамї, пас аз маслињат намудани чорабинињо оиди љашнгирии 80-солагии ташкилёбии мактаби дења. Моњи марти соли 2007.

   Соли 1974 Азимов А.А. бо Одинаева Мењриниссо хонадор шуда, аз њаёти якљоя онњо соњиби 9 нафар фарзанд мебошанд. Фарзандонашон: Бахтиёр, Фаррух, Фарида, Ќањрамон, Њамида, Муслињиддин, Фирўза ва Фарзона.

   Њамчунин онњо соњиби 32 нафар набера буда, якљоя давлати пирї меронанд.


Рецензии