Китоби Хиштхона. Махкамова Зулфия

               


                Мањкамова Зулфия
               

                То ранљ тањаммул накунї, ганљ набинї,
                То шаб наравад, рўз падидор набошад.
               
                Саъдї


           Мањкамова Зулфия аз байни љавондухтарони дењаи Хиштхона аввалин шуда бо њамроњии њамсинф ва дугонааш – Азизова Гулчењра Мањкамбоевна соли 1969 ба Омўзишгоњи тиббии ба номи Академик Павлови шањри Ленинобод дохил гардида, ин омўзишгоњро бомуваффаќият хатм намудаанд ва минбаъд дар соњаи тибби ноњияи Ашт пурмањсул кор кардаанд.

            Дар бораи њаёт ва фаъолияти Зулфия Мањкамова дар чандин рўзномањои љумњуриву вилоятї ва ноњиявї  очерку маќолањо нашр гардидаанд. Дар зер мо яке аз онњоро ба диќќати хонандагон пешнињод мекунем. 
 
                Чонофарин

                Дастони њаётбахш


         Шаб аз нисф гузаштаву садои занги телефон апаи Зулфияро аз хоб бедор кард. Осемасар чароѓро равшан намуду гўшаки телефонро ба гўш гузошт.

         - Апаи Зулфия, зуд ба беморхона оед, - шунид овози навбатдорро, - ба бемори њучраи сеюм хун гузаронидан лозим.

         - Хуб, њозир меравам, - гуфт апаи Зулфия ва гўшакро ба љояш гузошт.

          Пеши назараш симои писарбачае омад, ки Одилљон ном дошту дирўзакак ба беморхона хобонданд. Гемоглобини хуни писарак аз 50 фаромада буд.

           Ба беморхона воридшудан њамоно хилъати сафедро ба бар намуда, ба њуљраи раќами 3 шитофт. Писарак карахт буд гўё. Мадори дасту пойњояш намондаву чашмонашро базўр мекушод, вале њарфе ба гўшаш намедаромад. Њамшира зуд лавозимотро омода сохту аз паи кор шуд. Аз падари писарча хун мегирифту ба љисми писарак мефиристод.

           Шаб оњиста-оњиста љойи худро ба субњ медоду муждаи расидан ба умедњои тоза дари дилњоро мекўфт. Писарбача чашмонашро кушода, як атрофро аз назар гузаронд. Чун нигоњаш ба њамшираи шавќат бархўрд, об хост. Апаи Зулфияро акнун дилаш ором гирифт. Ў боз як нафари дигареро њаёт бахшид.


                Дунболи орзуњо


         - Духтарони кўњистон одатан хонданро ба гўшаи хаёл намеоранд. Бахусус дар он солњое, ки Шумо мактабро хатм кардаед. Чї боис гашт, ки рў ба касби њамширагї овардед? – мепурсем аз Зулфия Мањкамова.

            - Аз хурдї хилъати сафедпўшонро бо њавас менигаристам, - посухам медињад ў, - орзу доштам, ки рўзе фаро расад, ким ан њам хилъати сафед ба бар гирам. Дармонбахши одамон гардам. Ба ќавле ният холис будааст, ки баъди хатми синфи 8-уми мактаби №13 ба омўзишгоњи тиббии шањри Хуљанд дохил шудам. Баъди хатми омўзишгоњ ба беморхонаи маркази ноњия ба кор омадам.

           - Солњои аввали корї ба њама душворї пеш меорад…

           - Албатта, аввалњо њама мушкилї мекашидем. Зеро таљрибаи кофї надоштем. Рафта-рафта дар натиљаи омўхтану кор кардан ба муњити беморхона одат кардем. Се соли аввал Хамшираи навбатдор шуда кор кардам. Соли 1974 њамшираи калони шавќат дар шўъбаи бачагонаи беморхона таъинам намуданд. Дар ин вазифа то ба нафаќа баромадан, яъне то соли 2014 фаъолият доштам.

           - Устодоне, ки бароятон нозукињои касбро омўхтанд?

           - Устоди бузургворам, ки дасти маро рост намуданд шодравон Орзуќул Абдуллоев мебошанд. Он шахс нињоят инсони комил буданд, бигзор рўњашон шод бошад. Муолиљаи беморонро аз ин устоди гиромї омўхтам. Гарчанде умр барояшон бевафої карду барваќт аз байни мо рафтанд, вале ёди некашон бо ман аст. Ман њамчун сипосу эњтиром нисбати рўњи поки устодам Орзуќул Абдуллоев бо фарзандони он кас робитаи дўстї дораму њар гоњ аз њолашон бохабар мешавам.

          - Баъд…

          - Њамроњи Рустамљон Ањмадљонов, Гулчењра Ахмедова ва Нуринисо Ќаюмова кор кардам. Баъдтар њамчун њамшираи калони шавќат аз таљрибаи духтур Мардонќул Ќулбобоев истифода бурдаам.



                Камолоти умр


          Ў бо дастони љонофаринаш њазорон кўдаконро љон ато кардаву њаёти дубора бахшида. Ин аст, ки ќариб њама ро модар мехонанд. Ва њамин мењри кўдакон нисбати ў барояш болу пар бахшида. Зиёда аз чил сол аст, ки њамдарди кўдакони мардум аст. Сафи шогирдонаш низ бењисоб аст. Фарангис Њувайдуллоева, Саодат Шербоева, Мавлуда Ќодирова, Гулбањор Холдорова аз љумлаи онњоянд. Ягона духтараш Сулњия низ аз паи касби модар рафта.

       - Аз маъмурияти беморхона бењад миннатдорам, - мегўяд апаи Зулфия, - Бахусус аз раиси кумитаи иттифоќи касаба Бароњат Зокирова ва дигар масъулони соња. Сарфарозам, ки ќадри мењнатХоямро медонанд.

         Ва имрўзњо бањори шастумини умр пояндози махмал дар роњаш густурда. Бигзор сињату саломат бошаду дар њифзи сињатии мардум.


                Ф. Мамадљонова. «Шўњрати Ашт», №25 аз 14 августи соли 2014.


Рецензии