Китоби Хиштхона. Имомов Холмухаммад

                Имомов Холмухаммад

                (05.09.1924 – 17.09.2012)
               

                Ман надидам дар љањони љустуљў
                Хеч ахлият бех аз хулќи накў.

               
                «Ахлоќи Мўхсини»


 
  Имомов Холмухаммад дар дењаи хушманзараи  Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи  Ашт 5  сентябри соли 1924 дар оилаи дехќон таваллуд ёфтааст. 

Падараш - Имоммухаммади Парпизод. Модараш - Захробибии Мухаммадзод.

Соли 1941 мактаби ибтидоиро хатм намуда, соли 1942 дар ќатори дигар чавонписарон  ў   низ ба мухофизати Ватан рафт.

Имомов Х.   соли 1942 дар шахри Кузнетски вилояти Пензаи Русия тайёрии харбиро гузашт ва ба хайати Фронти Воронеж  фиристода шуд.

 Аз 13 то 27 январи соли 1943 дар аввалин амалиёти љангї, ки бо номи „Амалиёти Острогожск–Росианск” машхур аст, иштирок намуда, дар дехаи Лобанови Воронеж аз пойи чап сахт захмдор шуд ва муддате дар беморхонаи харбии шахри Липетск табобат ёфт.

Пас боз ба майдони чанг баргашта, дар ѓалабаи таърихиву оламшумули Армияи Советї дар мухорибаи Курск ва озодкунии ин шахри азияткашида (8 феврали соли 1943) сахми босазо гузошт.

Фронти   Воронеж дар якљоягї бо фронтњои Брянск, Ѓарбї, Марказї ва Даштї (Степой) 5 августи соли 1943 шањрњои ќадимаи Орёл ва Белгородро аз фашистон озод намуданд. Дар он низ њиссаи Имомов Х. босазо мебошад.

  Ба ин муносибат пойтахти кишвари пахноварамон шахри Москва бори аввал дар давраи чанг аз 124 тўп якбора 12 маротибагї салют дод.
 
Имомов Х. инчунин дар амалиётњои чангї дар самтњои Витебск (25-27 июни соли 1944) ва озодкунии Бобруйски Белоруссия (27-29 июни соли 1944) иштирок намуда, дар озодкунии шахрхои Брянск ва Минск хиссагузорї намуд.

Ѓайр аз ин Имомов Х. аз 23 августи соли 1944 дар хуљуми якљояи Фронтњои 1-уми Прибалтика, 1,2 ва 3-юми Белоруссия, барои озодкунии Белоруссия иштирок намуд. Ва 29 июни соли 1944 дар хучуми шахри Гроднои Белоруссия аз дасти росташ захми ба хаёт хавфнок гирифта, фавран ба беморхонаи вилояти Челябинск фиристода шуд.

 Он чо зиёда аз як моњ табобат гирифта, бо хулосаи комиссияи тиббии њарбї бинобар хавфнокии захмї гирифта ба саломатї,   аз хизмати њарбї озод карда, 11 августи соли 1944 бо сари баланд, вале чамчун маъюби гурўхи 2-юми Чанги Бузурги Ватанї ба Точикистони азизи хеш баргашт.

Ин чо месазад сахнаи пешвози чанговарони аз чанг баргаштаистодаро дар мисоли бозгашти бародари калониашон - Холмухаммад  аз китоби устод Ашўрбой Имомов иќтибос орем, чунки мухити онваќтаро хеле зиндаву реалистї ва таъсирбахш тасвир намудаанд:

«…Дар яке аз рўзњои гарми тобистони соли 1944  ањли хонаводаамон дар њаяљону интизорианд ва бо шунидани овози баланди «Омада истодаанд!» њама ба њаракат даромаданд. Хурду калон, хешовандон ва ањли дења ба сўи роњи калони дења, ки ба Шайдон – маркази ноњия мебарад, шитобон рањсипор гаштанд. Аз паи онњо ман њам њамроњи модарам равон шудам, вале њанўз то маркази дења нарасида, боз овози «Омаданд!», «Омаданд!» баланд шуд ва дидам, ки тўдаи занону мардон баргашта меоянд. Пеш – пеши онњо мўйсафеди нуроние харсавор меомад. Он кас бародархонди падарам – амаки Сангинбойи шайдонї буданд. Дар пањлўи он кас љавони мавзунќомати лоѓар, либоси аскарї дар бар, дар сар пилотка ва бо дасти рости докапечи ба гардан овезон ќадам мезад. Пешвозгирандагон њама аз паси онњо меомаданд. Баробари ба мо наздик расидан аскарбача зуд-зуд ќадам гузошта, худро ба оѓўши модарам партофт. Њама аз роњ бозистода, ба вохўрии модари муштоќу варзанди маљрўњ менигаристанд. Ќариб њамаи калонсолон ашк мерехтанд, ќалбњои аксари онњо дар фироќи фарзанду бародар ва наздикони дар љанги гирмон будаи худ месўхт. «Зањробибї, хоњари азиз! Шодиёнаи тайёр кардаатро барор!» - нидои амаки Сангинбой њамаро ба худ овард. Ин дам чашми бародари бузургам ба ман афтид ва бо дасти сињати худ сари маро сила карда, «Оњњо, чї хел калон шудаї!» - гуфт. Акнун ба ман равшан шуд, ки ба пешвози кї баромадаем. Аз љанги беамон бозгашти бародари бузургам – Холмуњаммад, ки модару падар дар фироќаш ашк рехта, аз Парвардигор бозгашти ўро металабиданд, хотири њамаамонро шод гардонд. Аммо дар он лањза мани панљсола сарфањм намерафтам, ки чаро дасти ў то китф докапеч ва ба гардан овезон аст. Њанўз чї будани рамзи якумраи љароњати љангро тасаввур намекардам…» (А.Имомов, Х.Ойев, «Умре дар љустуљў», Душанбе, 2009, сањ.46)

Хизматњои љангии Имомов Холмуњаммадро Њукумати Шўравї бо ордени «Љанги Бузурги Ватанї»  ва 11 медали љангї, аз љумла „Барои шуљоат”, «Маршали Иттифоќи Советї К.Жуков», «50–солагии Ќуввањои мусаллањи СССР»  ва ѓайрањо ќадр гардидааст.
Натиљаи ватандўстию мењнатќаринии ўст аст, ки шогирдону фарзандонаш дар вазифањои масъули соњањои гуногуни хољагии халќи Ватани азизамон–Тољикистон софдилона мењнат мекунанд.

  Зиёда аз 15 нафар шогирдони вай номзаду докторони илм мебошанд. Муаллими муаллимони дења Имомов Х. соњиби 7 нафар фарзанд мебошад, ки њамаи онњо соњибмаълумот буда, дар вазифањои гуногун софдилона фаъолият доранд.

 Мењнати бенуќсон ва софдилонаи ў бо медали„Ветерани мењнат” ,   нишони сарисинагии „Пешќадами 5-солаи 10-ум” ва унвони  „Аълочии маорифи халќи Тољикистон” ќадр гардидааст. 

Имомов Холмуњаммад соли 1992 ба нафаќаи мењнатї баромадааст.

17 сентябри соли 2012 ин марди бузург дунёи фониро тарк намуд.


Рецензии