Китоби Хиштхона. Каландаров Олимбой

                Ќаландаров Олимбой

                (1920–5.01.1999)
               

                Хама сар ба сар тан ба куштан дихем,
                Аз он бех, ки кишвар ба душман дихем.
               
                Хабиб Юсуфи


Ќаландаров Олимбой соли 1920 дар дехаи Хиштхона таваллуд шудааст.

  Аз соли 1937 то ба чанг даъват шудан чўпони мекард.

Мохи феврали соли 1942 ба Курск фиристонида мешавад.

Дар мухорибаи Сталинград аз китфи росташ мачрўх шуда, дар аќибгох табобат ёфта, боз дар озод кардани Украинаи Ѓарби ва Венгрия иштирок кардааст.

 Мохи августи соли 1945 барои озод кардани Манчурия аз милитаристони Япония фиристонида шудааст.

Соли 1946 ба зодгохаш бармегардад.

Аз соли 1946 то ба нафаќа баромадан (соли 1980) дар колхозхои собиќ Маленков, „Гулистон”, Энгелс, Эрйигитов чўпони мекард. 

 Бо Ифтихорномахои  Президиуми Совети Олии СССР ва Президиуми Совети Олии РСС Точикистон (соли 1965), Ифтихорномаи фахрии Президиуми Олии РСС Точикистон (23 марти соли 1956), Ифтихорномаи КМ ПК Точикистон, медалњои „20–30–40–солагии Ѓалаба”, медалхои „50–60–солагии Ќуввахои Мусаллахи СССР” ва нишони „25–солагии Ѓалаба” мукофотонида шудааст.

Шаш нафар фарзанд дошт: Рохатой, Камолиддин, Шаходат, Комилчон, Кумушой ва Зафарчон.

5 январи соли 1999 вафот кардааст.

 


Рецензии