Китоби Хиштхона. Кодиров Хотамкул

                Ќодиров  Њотамќул
                (02.05.1925 -  06.08.2013)

 
                Њар нек, ки омад аз мо, зи Худо буд,
                Сурат зи сират њама ваќт људо буд.

               
                Абдуќаюми Муњаммадљон


     Ќодиров Њотамќул соли 2 майи соли 1925 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд ёфтааст.

Соли 1937мактаби ибтидоии дењаи Бободархонро ва соли 1939 мактаби њафтсолаи ба номи Калинини (њоло ба номи Маъдан) дењаи Пунѓазро хатм намудааст.

Аз моњи сентябри соли 1939 то соли 1943 дар вазифаи муаллими мактаби ибтидої кор кардааст.
 
 Моњи  марти соли 1943 ба сафи Артиши Шўравї даъват шуда, моњи июни њамон сол ба фронт фиристода шудааст.

Ў дар њайати ќушунњои фронтњои 1-4 – и Украина ва фронти 3-и Белорусия дар озод намудани шањрњои Севостопол, Донбас, Ворошиловград, Курск, Орел, инчунин шањру дењоти Полша, Чехословакия ва Австрия иштирок намуда, љангкунон то Берлин рафтааст.

Соли 1945 дар фронт ба сафи КПСС ќабул гардидааст.
 
Барои корнамоињояш дар ЉБВ   бо орденњои «Ситораи Сурх», «Шараф» дараљаи 3,    медали «Барои шуљоат» («За отвагу») ва беш аз  20 ордену медалњои дигар,  3-маротиба бо рањматномањои Сарфармондењи Олї   И.В.Сталин ва дигар мукофотњо сарфароз гардонида шудааст.

Дар солњои баъдиљангї бошад,  бо назардошти хизматњояш дар азхудкунии заминњои Ашти Калон   бо ордени «Байраќи Сурхи Мењнат», медали «Барои мењнати шоён» ва медали љашнии « 100-солагии В. И. Ленин» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1945 то соли 1948   боз муаллим шуда кор кардааст. Дар ин солњо Омўзишгоњи  педагогии   шањри Конибодомро хатм намудааст.
   
 Умуман аз соли 1939 сар карда то соли 1948, дар вазифањои муаллим ва директори мактабњои ба номи Садриддин Айнї, Маъдан, В.И.Ленин ва Камоли Хуљандї, инчунин директори мактаби ѓоибонаи коргарљавонон фаъолият намудааст.
 
 Соли 1948-1949 котиби комитети комсомолии ноњияи Ашт интихоб гардидааст.

Соли 1949   ба Институти давлатии шањри Самарќанд дохил шуда, то соли 1951 дар он  бо гирифтани  стипендияи Сталинї тањсил кардааст.

   Аз соли 1961 то соли 1962 директори хонаи бачагонаи нохияи Ашт шуда, кор кардааст. Соли  1962 шўъбаи ѓоибонаи   Институти давлатии педогогии ба номи С.М.Кирови шањри Ленинободро хатм кардааст.
 
 Солњои 1965 – 1970 - мудири шўъбаи ташкилии комитети партиявии ноњияи Ашт,  1970-1975 - раиси комитети назорати халќи ноњияи Ашт шуда фаъолият намудааст. Соли 1980 раиси ветеранњои љанг интихоб шудааст.
    
Аз соли 1962 то соли 1985  23-сол   депутати шўрои ноњиявї ва 15 сол депутати шўрои дењотї интихоб гардидааст. Солњои 1965-1975 аъзои бюрои комитети ноњиявии њизби коммунист буд.

Иштирокчии Паради Ѓалаба дар шањри Москав ба муносибати 50-солагии ѓалаба бар Германияи фашистї мебошад. 




 


Рецензии