Китоби Хиштхона. Исоматов Бахтиёр Мухиддинович

                Исоматов Бахтиёр  Мухиддинович


                Хар ки нируманд бошад дар хунар,
                Такя дорад гар ба нируи Ватан.

               
                Лоиќ



 Исоматов Бахтиёр  Муњиддинович 13 августи соли 1963    дар дехаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд шудааст.

Падараш – Исоматов Муњиддин, модараш – Исоматова Умриниссо.

Соли 1980 пас аз хатми мактаби миёнаи  Исоматова Умриниссо. Соли 1980 пас аз хатми мактаби миёнаи №13, ба номи Камоли Хуљандии зодгоњаш ба Омўзишгоњи касбї-техникии №26-и ноњияи Ашт дохил шуда, касби дуредгарї омўхтааст.

   Мохи октябри соли 1981 ў ба сафи Армияи Шуравї даъват шудааст. Дар бораи чї тавр гузаштани давраи хизмати њарбиаш наќли худи ўро бо каме тањрир меорем:

      «Ман хизматро аввал дар шањри Ашќобод аз 28-Х то 12-Х1 гузаронида, аз 12-Х1-1981 маро барои омузонидани нонпазї ба ќисми њарбии дар шањри Чирчик буда  фиристоданд. Моњи майи соли 1982 маро ба кисми харбии №52780  ва баъди 7-мохи хизмат дар ин кисм, мохи январи соли 1983   ба Афѓонистон фиристониданд. 27 январи соли 1983  дар ротаи хафтуми баталйони кўњии тирандозии сеюми (3-й горный стрелковый батальон ) кисми харбии №51932 хизматро огоз намудам.    

     Мохи феврали соли 1983 моёнро барои посбонии  рохи Чалолобод-Кобул фиристониданд. Дар баъзе мавридхо душманон ба мошинхои боркашон хучум мекарданд. Дар ин вактхо мо бо танку мошинхои зирењпўш барои нест кардани душманону роњзанњо чорањо мељустем. Моњи марти соли 1983 ба шањри Кобул фиристониданд.

 Пас аз он мохи май моёнро барои аз душманон тоза кардани   кишлоки Хинчон фиристониданд. Аз моњи июн  то августи соли 1983 барои посбонии рохи Кобул-Термиз сафарбар намуданд. Моён бехатарии ќатори наќлиётро аз роњзанњо таъмин менамудем.   

      Моњи сентябри соли 1983 ба ќисми њарбии худ баргаштем ва чун пештара хизматро давом додем. Октябри соли 1983 ба ќишлоќи Баграм барои тоза намудан аз дашман рафтем.  Ќариб 17 рўз кишлокро аз душман тоза намудем. Аксар вакт душманони яроќњои гуногун доштаро дастгир менамудем. Мохи ноябири 1983 аз кишлоки Баграм ба ќисми њарбии шањри Кобул баргаштем. Моњи декабри соли 1983 бори дигар ба љанг ба кишлоки Черикар ба муддати 10 рўз рафтем. Дар ин љанг кисми зиёди душманон нобуд шуданд ва ќисми боќимондаашонро дастгир намудем. Дар охири хамин мох ба ќисми њарбии худ баргаштем. Ќариб  се мох зиёдтар аз мухлати муайяншуда хизмат намуда, 10-январи соли 1984 ба зодгоњи худ баргаштам.

     Мохи майи соли 1984 ба Исоматова Гулшакар оиладор шудам. Ман сохиби 3 нафар писар ва 1 нафар духтар мебошам. Писаронам: Исоматов Шарафчон (соли тавалуд 1986), Исоматов Чамшед (с.т 1988), Исоматов Алишер (с.т 1991) ва духтарам Исоматова Парвина (с.т 1999). Айни хол писаронам сохиби оила буда, њар якашон сохиби 2- нафарї фарзанд мебошанд. Дар айни хол сохиби 6-набера хастем.
   
      Ман пас аз хатми курси 6-мохаи ронандагї ба идораи хизматрасонии коммуналї (КЖКП) хамчун ронанда ба кор даромадам. Маро соли 1986 бо Грамотаи « ВЛКСМ» сазовор гардониданд. Дуюмин ифтихори ман хамин аст, ки маро дар корхона них бо «Грамотаи фахрї»   ќадр намуданд. Он љо то мохи сентябри соли 1988 кор кардам. Пас ба хољагии «Богдарї-4» ба вазифаи ронандагї   гузоштам.
 
      Давлату њукумат хамаи инро ба инобат гирифта маро бо нишони сари синагии «Сарбози башардўст» ва   медалњои «70-солагии Армияи Советї» ва  «Ба љанговари ватандўст аз халќи миннатдори афѓон» мукофотонидаанд ва  имтиёзи иштирокчии байналмилал додаанд. Ман хама ваќт ба даъвати њукумату давлат  тайёр њастам, ва ин барои ман ифтихори шањрвандист».


Рецензии