Китоби Хиштхона. Маъруфзода Нурмухаммад Марифхон

               



                Маъруфзода Нурмухаммад Марифхон

               
                Сарханги латифхўи дилдор

                Бехтар зи фаќехи мардумозор.
               
                Саъди



          Маъруфзода Нурмуњаммад Марифхон  20 июни соли 1956 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт ба дунё омадааст.

Падараш – Орипов Маъруфхон, модараш  - Орипова Хурсандбибї.

           Соли 1970 мактаби њаштсолаи №13 ба номи Камоли Хуљандї ва соли 1972 мактаби миёнаи №7 ба номи Садриддин Айнии дењаи Бободархонро хатм намудааст.

           Фаъолияти мењнатии худро соли 1972 њамчун коргари Иттињодияи пивобарории шањри Душанбе оѓоз намудааст.

Сипас аз декабри с 1972 то августи 1973- коргари Комбинати рўњу ќурѓошими шањраки Адрасмон, аз сентябри с. 1973 то марти 1974 – шунавандаи курси таълимии истењсолии Вазорати савдои РСС Тољикистон, аз майи 1974 то октябри 1974 – колхозчии колхози ба номи Энгелси ноњияи Ашт будааст.

              Солњои 1974-1976 дар сафњои Артиши Шўравї дар ќисми њарбии 33513 (Венгрия) хизмат нумудааст.

            Аз моњи феврали соли 1977 то моњи июни њамон сол дар заводи хиштбарории шањри Душанбе чун коргар кор карда, баъд ба шўбаи рўзонаи факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1982 бомуваффаќият ба итмом расонидааст.

        Солњои 1982-1984 ба њайси муфаттиши калони прокуратураи шањри Турсунзода хизмат намудааст. Аз моњи майи соли 1984 то моњи майи соли 1986 дар Љумњурии Афѓонистон чун сардори гурўњи љангии њарбии таблиѓотї адои хизмат намудааст.

      Солњои 1986-1991 – дар вазифаи нозири шўъбаи ташкилии Кумитаи партиявии ноњияи Октябри шањри Душанбе, 1991-1992 - сармутахассиси шўъбаи њуќуќии Шўрои Олии РСС Тољикистон, 1993-1994 - прокурори  шўъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Ленинобод, 1994-2000 – прокурор-криминалисти калони прокуратураи њарбии вилояти Ленинобод, 2000-2005 – прокурори калони Сарпрокуратураи Љумњурии Тољикистон, 2005- 2007 – ёрдамчии калони Сарпрокурори њарбии ЉТ, 2007 – 2009 -– прокурори њарбии гарнизони Хоруѓ, 2009- январи 2015 – прокурори њарбии гарнизони Рашт кор кардааст. Аз моњи январи соли 2015 дар вазифаи прокурори калони њарбии шўъбаи назорати тафтиши пешакї ва тањќиќи Сарпрокуратураи њарбии ЉТ кор карда истодааст.

         Дар давоми фаъолияти пурмасъулияташ бо ордени «Ситораи Сурх» (1986). Медалњои «70-солагии Ќуввањои мусаллањи Иттињоди Шўравї» (1987), «Љанговари башардуст»-и Љумњурии Афѓонистон, «20-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон», медалњои љашнии 5,10,15,20 – солагии Ќуввањои мусаллањи ЉТ, «20-солагии Ќушунњои сарњадии ЉТ», «90-солагии маќомоти адлияи Тољикистон» ва «85-солагии маќомоти прокуратураи ЉТ», Тўњфаи хотиравии Президенти ЉТ, ифтихорномаю сипосномањои зиёде ќадр карда шудааст.

     Оиладор.  Аз зиндагии якљоя бо Орипова Зумратмо Нуриддиновна соњиби чор фарзанд гаштаанд: Тањмина, Расулљон, Анўшервон ва Парвина.


Рецензии