Китоби Хиштхона. Тошматов Рахматулло Мирзоматович

                Тошматов Рахматулло Мирзоматович


                (28.03.1968 – 18.06.1993)


                Дунёи савдо бигзарад,
                Андўхи дилхо бигзарад,
                Хам навбати мо бигзарад,
                Аммо ба зери осмон
                Хамчун замини бекарон
                Неки бимонад човидон!
                Лоиќ




     Тошматов Рахматулло Мирзоматович 28 марти соли 1968 дар дехаи Хиштхонаи Чамоати Пунѓази нохияи Ашт дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

     Падараш Тошматов  Мирзомат (02.07.1937-21.11.2010)  , ки маълумоти техники дошт, дар нохия яке аз кормандони пешќадам ва ташаббускору навовар ба шумор мерафт ва туфайли дониши хубу мехнатдўстиаш байни хамкорон ва кормандони сохаи инженери-техникии нохияи Ашт сохиби иззату эхтироми арзандае буд.

 Модараш- Тошматова (Абдуќодирова) Точиниссо (с.т.10.01.1941) тамоми умр кўшидааст, ки хашт нафар фарзандонашонро дар рўхияи ватандўстиву мехнатќаринї тарбия намояд.
 Бехуда нест, ки хамаи фарзандони ин оила – Неъматулло, Рахматулло, Асатулло, Холмухаммад, Файзулло, Иззатулло, Алфия чун шахрвандони вафодору  бомаърифат ба воя расидаанд. Аз ин фарзандон холо 25 набераву 3 абера доранд

     Рахматулло соли 1986 мактаби миёнаи №13, ба номи Камоли Хучандии зодгохашро бо бахои хубу аъло  хатм намуда, хамон сол ба Омўзишгохи олии харбии автомобилии шахри Челябинск ба номи Маршали Иттиходи Шўрави Ротмистров дохил шуд ва ин омўзишгохро соли 1991 бомуваффаќият хатм намуд. То соли 1993 дар вазифахои масъули Бозрасии автомобилии харбии кишвари Русия кор кард.

Бо медалу чандин ифтихорномахо ва мукофотхои дигар ќадр гардида буд.

    Соли 1992 Рахматулло хангоми рухсатии хизматиаш бо муаллифи ин сатрхо хамсўхбат шуда буд. Ман, ки он ваќт ба хайси сардори Шўъбаи кор бо хайати шахсии Идораи корхои дохилии (ОРЛС УВД) вилояти Ленинобод кор мекардам, ба Рахматулло таклиф пешниход кардам, ки агар нияти ба Точикистон баргаштан дошта бошад, бигзор гузориш нависад ва метавонад дар Шўъбаи бозрасии автомобилии давлатии ИКД-и (ОГАИ УВД) вилоят дар вазифаи сардори ситод ва  ё командири баталйони назорати рохи шўъбаи номбурда ба кор сар кунад. Вале ў гуфта буд, ки рўзхои наздик бояд рутбаи капитани гирад ва ѓайр аз ин бояд аввал  Академияи харбии ба номи М.В.Фрунзеро дар шахри Москва хатм намояд.

    Афсўс, ки 18 июни соли 1993  аз марги бемахали капитан Тошматов Рахматулло  дар Русия хангоми ичрои вазифахои хизмати хабар омад.

    Мактаби миёнаи раками 61 - и дехаи Хиштхона "ММТУ раками 61 ба номи Рахматулло Тошматов" номгузори шудааст.


Рецензии