Китоби Хиштхона. Каримов Абдулазиз

                Каримов Абдулазиз
                (30.01.1912 – 10.08.1967)
               

                Зиндаву љовид монд, њар ки накўном зист,

                К-аз аќибаш зикри хайр зинда кунад номро.

               
                Саъди



          Каримов Абдулазиз соли 1912 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓаз таваллуд шудааст.

 Падараш- Ниёзов Карим . Модараш – Ниёзова Ашўрмо .

Азбаски аз модар хеле барваќт ятим монда буд, ўро очааш – Нурбиби (модари модараш) тарбия намуда, ба воя расонида буд.

         Соли 1927 дар ќатори 36 нафар талабагони аввалини мактаби ибтидоии навтаъсиси назди колхози «Гулистон» -и дехаи Хиштхона ба тахсил шурўъ намуда, онро соли 1929 хатм намудааст.

Пас аз хатми мактаби хафтсолаи №7 дехаи Бободархон ў соли 1936 барои хизмат ба сафхои Артиши Шўрави даъват шудааст.

       Аз мохи ноябри соли 1936 то мохи октябри соли 1938 дар ќисми харбии 7450, ки дар шахри Сталинобод (холо шахри Душанбе) воќеъ буд, хизмат намудааст. Чуноне ки аз хуччахои бойгонии писари Каримов Абдулазиз – Абдулазизов Рахимќул бармеояд, ў туфайли донишу махорат ва кўшишу ѓайрати пайдарпаяш дар байни хамхизматонаш ва сардорони ќисми харби сохиби обрўю эътибор будааст.

 Масалан, дар яке аз фармонхои ќумондони чунин омадааст:


«                ПРИКАЗ
                По войсковой части НКО П/Я №14 от 16.03.38 г.


                № 75                г.  Сталинобад.


Согласно приказа САВО от 29.01.1938 года №08 и 20 от 11.03.38 г. За № 021 в целях повышения политического воспитания комсомольцев и улучшения подготовки и выдвижения новых кадров назначаю заместителем политрука части 7450 тов. сержанта КАРИМОВА Абдулазиза.

КОМАДИР ЧАСТИ  7450  МАЙОР                ВЕРЕВКИН
КОМИССАР ЧАСТИ 7450 СТ.ПОЛИТРУК                МУХОМЕДЬЯНОВ
НАЧ. ШТАБА ЧАСТИ 7450 МАЙОР                КАЗАНОВ
НАЧ.2-го ОТД.                МИЛОВАНОВ»



           Каримов Абдулазиз бори дуюм мохи августи соли 1942 ба сафи Ќуввахои Мусаллахи СССР сафарбар гардида, хамчун чанговари тайёрии хуби харбидошта рост ба фронт ба сафи ќуввахои амалкунанда фиристода мешавад ва то мохи ноябри соли 1945 хизматро сарбаландона идома медихад. Дар бораи чї гуна хизмат намудани ў месазад боз ба як хуччате аз бойгониаш мурочиат намоем:


     «                За нашу Советскую Родину!

                БЛАГОДАРСТВЕННОЕ   ПИСЬМО

                Сержанту товарищу Каримову Абдулазизу.

             Вам, доблестному воину Красной армии, участнику боев с немецко – фашистскими захватчиками, сражавшемуся в рядах войск 2-го Белорусского фронта, неоднократно отмеченных благодарственными приказами Верховного Главнокомандующего Генералиссимуса Советского Союза товарища СТАЛИНА, Военный Совет Северной группы войск вручает это благодарственное письмо, как память о Великой Отечественной войне.

            Желаем Вам доброго здоровья и новых успехов в Вашей дальнейшей трудовой жизни на благо нашей Великой Социалистической Родины.

Главнокомандующий Северной группы войск
Маршал Советского Союза                К.РОКОССОВСКИЙ


Член Военного Совета Северной группы войск
генерал-лейтенант                С.ШАТИЛОВ
1-го ОКТЯБРЯ  1945 г.»

        Пас аз бозгаштан аз ЧБВ ба зодгохаш Каримов Абдулазизро барои мубориза бурдан бо унсурхои чинои сафарбар намуда, ба вазифаи мутасаддии калони фаврии чустучўи чиноии (старший оперуполномоченный уголовного розыска) нохияи Ашт таъин мекунанд. Ў дар ин вазифа низ  пурсамар фаъолият бурдааст ва мохи марти соли 1960 бо сабаби бад шудани вазъи саломатиаш ба истеъфо баромадааст.

     Хам дар солхои Чанги Бузурги Ватани, хам пас аз он Каримов Абдулазиз бо як ќатор ордену медалхо мукофотонида шудааст.

     Минбаъд якчанд сол дар чамъияти матлуботи нохияи Ашт ба сифати мудири маѓозаи №6, ки дар дехаи Хиштхона воќеъ буд, кор карда, хамчун ѓолиби мусобиќаи сотсиалисти ба гирифтани чандин рахматномаву ифтихорномахои чамъиятхои матлуботи чумхуриву вилояти мушарраф гардидааст.

     Фарзандонаш – Рахимќул, Абдуѓафур, Абдурахим, Салима, Бибифотима ва Бибизахро шахрвандони барўманди диёр буда, хамаашон бо мехнати халол чандин нафар наберагону аберагони падари бузургворашон – Каримов Абдулазизро дар рўхияи ватандўстиву мехнатќарини тарбия менамоянд.

    Аз байни наберагон се нафар касби бобояшонро ихтиёр намуда, холо дар хифзи ќонунияту таъмин намудани тартиботи чамъияти дар чумхурии азизамон ба тарзи арзанда хиссагузори менамоянд. Абдулазизов Мўъминчон Абдурахимович дар Раёсати Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар вилояти Суѓд хизмат мекунаду сохиби унвони капитани милитсия гардидааст, лейтенанти калони милитсия Азимов Муслихиддин Абдуѓафурович дар Шўъбаи ВКД дар шахри Хучанд кор мекунад, Абдуѓафурзода Ихтиёр Абдуѓафур дар маќомоти прокуратура фаъолият дорад.               

       


Рецензии