Китоби Хиштхона. Мамадчонов Абдукаюм
Дар гулистон на бахору на хазон мемонад,
Самари боѓи ту некист, хамон мемонад.
Кироми Бухорои
Абдуќаюми Мухаммадчон (Мамадчонов Абдуќаюм) 11 июни соли 1954 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт чашм ба дунёи хасти кушодааст.
Падараш – Собиров Мухаммадчон – омўзгор, модараш Собирова (Исмоилова) Рисолатмох – кишоварз.
Соли 1968 мактаби хаштсолаи №13 ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхонаро ва соли 1970 мактаби миёнаи №7 ба номи Садриддин Айнии дехаи Бободархонро бо бахои аъло хатм намудааст.
Маълумоти олии педагоги ва олии хуќуќшиноси дорад.
х Солњои 1970 – 1975 дар факултаи «Забон ва адабиёти рус» - и Донишкадаи (Институти) педагогии шахри Ленинобод ба номи С.М. Киров (хозира Донишгохи Давлатии Хучанд ба номи Академик Б.Ѓафуров) бо гирифтани стипендияи Ленини тахсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Инчунин Солхои 1980 – 1985 дар мактаби олии Вазорати корхои дохилии СССР дар шањри Тошканд (њоло Академияи ВКД-и Чумхурии Узбакистон) ѓоибона тахсил намуда, он чо низ ба гирифтани дипломи аъло мушарраф гардидааст.
Солхои 1975 – 1978 ба хайси муаллими забони руси дар мактабхои миёна мехнат кардааст.
Аз мохи ноябри соли 1976 то ноябри соли 1977 дар сафхои Артиши Шўрави бомуваффаќият хизмат намуда, чун ѓолиби мусобиќаи сотсиалисти (хашт мох паихам) дар ќисми харбии 73480 (Бригадаи махсуси химояи химиявии Округи харбии Москва) ба гирифтани мукофот ва мандати Кумитаи Марказии ВЛКСМ ноил гаштааст.
Соли 1978 бо ќарори бюрои комитети комсомолии шахри Ќайроќќум ба кор ба ВКД фиристода шуда, то соли 1999 дар Идораи корхои дохилии вилояти Ленинобод (холо Суѓд) ва Академияи ВКД – Точикистон дар вазифахои нозир, сарнозир, муовини сардори шўъба ва сардори шўъбаи кор бо хайати шахсии ИКД ва муовини аввали сардори факултаи Академияи ВКД дар шахри Хучанд хизмат намудааст. Беш аз дах сол вазифаи муовинии Комиссияи марказии аттестатсионии Идораи корхои дохилии вилояти Ленинободро дар ўхда дошт. Муддате дар Хукумати вилояти Суѓд дар вазифаи чонишини мудири шўъбаи маъмурию хуќуќи кор кардааст.
Полковники хизмати дохилї (1997).
Дар солхои навадуми асри ХХ дар барќарорнамои ва хифзи сохти конститутсиони дар Чумхурии Точикистон фаъолона хиссагузор гаштааст ва борхо ба хайси сардори отряди муттахидаи Идораи корхои дохилии вилоят (дар хайати 500 нафар) ба шахри Душанбе ва шахру навохии атрофи он, инчунин ба водии Рашт сафархои хизмати намуда, барои ба эътидол овардани вазъияти ноороми он солхо хизматхои арзанда намудааст.
Аз синни мактабию донишчўи ба навиштани шеъру хикояхо ва хабару маќолахо ибо забонњои точикї ва руси шуѓл варзидааст. Шеъру хикоя, очерку маќола ва дигар асархояш дар матбуоти даврии Чумхурии Точикистон ва Федератсияи Русия бо хзабонњои точикию руси нашр гардидаанд.
Муаллифи китобхои: «Некхохи пеша кун» ( бо забонхои точикию руси), «Гули хафтранг», «Тарчума ва тавзехи китоби К.Рамазонов «Гумрохии ваххобиён дар масоили шариат», «Волшебный мир верлибра. Олами афсонавии верлибр» ( бо забонхои русю точики), Тарчумаи китоби шоири халќии Точикистон Нурмухаммад Ниёзи «Нафаси ишќ» - «Дыхание любви» ба забони руси, «Сайре дар олами андеша. Экскурс в мир размышлений» ( бо забонхои точикию руси) ва «Дар сахифаи китоби «Понѓоз» (дар хаммуаллифї) мебошад.
Узви Иттифоќи нависандагони Русия.
Бо мукофотхои давлатию сохави, аз чумла 5 медал, Нишони «Аълочии ВКД-и СССР», Нишони сарисинагии Кумитаи марказии ВЛКСМ, Ифтихорномахои ВКД-и СССР , ВКД-и Чумњурии Точикистон, Академияхои ВКД – и Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Ўзбакистон, Идораи корхои дохилии вилояти Ленинобод, Кумитаи вилоятии хизби коммунист, кумитахои вилояти ва шахрии Ленинобод ва ѓайра мушарраф гардидааст.
Абдуќаюми Мухаммадчон пас аз ба нафаќа баромадан низ дар корхои љамъиятию тарбияи хуќуќии шахрвандон фаъолона иштирок менамояд Аз ин чост, ки бо мукофотњои зиёд аз чумла ифтихорномахои Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон (2015) ва Раиси нохияи Ашт (2014) сазовор дониста шудааст.
Абдуќаюми Мухаммадчон моњи январи соли 1979 ба Мамадљонова (Тошбоева) Рисолатмо, санаи таваллудаш 01.01.1961, хонадор шудааст. Зављааш то соли 2014 ба касби омўзгорї шуѓл варзида, дар мактабхои №23 ва №9-и шањри Хуљанд ба сифати муаллимаи синфњои ибтидои кор кардааст ва борхо дар мусобиќањои «Муаллими сол» иштирок намуда, ба гирифтани чойхои аввал ва мукофотњои шўъбаи маорифи шањри Хуљанд ноил гаштааст. Сипас аз вазифаи муаллимаи мактаби №61 ба номи Р.Тошматови дењаи Хиштхона ба нафаќа баромадааст.
Ду фарзанд ва шаш набера доранд. Духтарашон – Садоќат касби духтуриро интихоб намуда, соли 2001 Донишгоњи тиббии шањри Хуљандро ба итмом расонидааст. Писарони Садоќат – Амирчон дар синфи ёздањ, Кабирљон дар синфи панљ ва Азизљон дар синфи чор тањсил мекунанд. Писарашон - Абдувосит соњиби ду маълумоти олии њуќуќшиносї буда, дар Идораи гумруки вилояти Суѓд кор мекунад ва унвони майори хадамоти гумрук дорад. Духтарони Абдувосит – Мафтуна дар синфи дах, Мохира дар синфи њафт ва писараш – Абдуматин дар синфи панч мехонанд.
Феврали соли 2016
Свидетельство о публикации №222102601289