Китоби Хиштхона. Орифзода Садриддин Нуриддин

                Орифзода Садриддин Нуриддин



                Хунар бинмой агар дори на гавхар,

                Гул аз хор асту Иброхим – аз озар.

               
                Саъди




Орифзода Садриддин Нуриддин  28-апрели соли 1967 дар шахраки Адрасмони шахри Кайроккум таваллуд ёфтааст.

Соли  1984  мактаби миёнаи раками 13-и ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхонаи Совети кишлоки Пунгазро бо бахои хубу аъло хатм намудааст.

   Соли 1985 ба сафи Куввахои Мусаллахи СССР ба хизмати харби даъват шуд ва сипас дар Республикаи Демократии Афгонистон  хизматро идома дода, баъди ичрои сарбаландонаи  карзи хизматии Ватан-Модар  санаи 02-январи соли 1988 ба зодгохаш баргаштааст.

    Баъди итмоми хизмат соли 1988 ба курси тайёрии  Университети давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин шомил гашта, соли 1989 ба факултети хукукшиносии университети номбурда дохил шудааст.

   Соли 1994 факултети хукукшиносии Университетро хатм намуда, сохиби маълумоти оли ва касби хукукшинос гардидааст.

  Соли 2007 ба факултаи гоибонаи рохбарикунандаи Академияи ВКД Чумхурии Точикистон дохил шуда, онро соли 2010   хатм намудааст.

  Фаъолияти мехнатиаш дар Идораи корхои дохилии вилояти Ленинобод (хозира Сугд)  огоз  ёфта,

 аз мохи сентябри соли 1994  то  мохи майи соли 1995 ба хайси муфаттиши ШТ РВКД ЧТ дар вилояти Сугд,

аз мохи майи соли 1995 то мохи декабри соли 1998 муфаттиши ШТ  ШВКД дар нохияи Б.Гафуров,

 аз мохи декабри соли 1998 то мохи майи соли 2003 сармуфаттиши ШТ РВКД ШТ дар вилояти Сугд,

аз мохи майи соли 2003 то мохи майи соли 2006 сардори ШТ ШВКД ЧТ дар шахри Чкалов,

аз мохи майи соли 2006 то мохи январи соли 2012 сардори ШТ ШВКД ЧТ дар шахри Кайроккум,

аз мохи январи  соли 2012 то мохи марти соли 2013 сардори ш;ъбачаи ШТ РВКД ЧТ дар вилояти Сугд

 ва аз санаи 20-марти соли 2013 то ин вакт Сардори Шуъбаи Тахкики РВКД ЧТ дар вилояти Сугд  шуда  ифои  вазифа менамояд.

   Дар давраи  фаъолияти хизматиаш бо медалхои чашнии

«70-солагии Куввахои Мусаллахи СССР», 

«50-солагии Галаба»,

аз номи «бародарони Халки-Афгон»,

 «Чанговари байналмилал»,

Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии СССР

 ва инчунин  бо фармонхои вазири ВКД ЧТ ва сардори Раёсати ВКД ЧТ дар вилояти Сугд  бо «Рахматнома» ва «Ифтихорнома»-хо сарфароз гардонида шудааст.

   Орифзода С.Н. оиладор, сохиби 4-фарзанд ва 2 набера - Тобон ва Бону аст.
 
Хамсараш - Орипова Малохат Мирзоахмедовна маълумоти олии омўзгори дошта, дар  МТМУ №8 шахраки Сирдарёи шахри Кайроккум,

 писараш- Орипов Човид маълумоти олии иктисоди дошта холо Сардори шуъбаи молияи Дастаи Таъиноти Махсуси Милитсияи РВКД ЧТ дар вилояти Сугд,

 духтараш - Орипова Мехрангез донишчуи курси 4-уми факултаи хукукшиносии ДДХБСТ ш.Хучанд,

 духтараш - Орипова Хубон донишчуи курси 3-юми  Донишгохи Тиббии Точикистон шахри Душанбе,

 писараш-Орипов Сино хонандаи синфи 11-уми  мактаби хонандагони болаёкати шахри Хучанд мебошад.

 


Рецензии