Китоби Хиштхона. Дадочонов Абдусалом Иломиддинович

                Дадочонов Абдусалом Иломиддинович


                Домани маќсуд агар орам ба кор,
                Аз ѓаму андўх монам бартараф.


                «Ахлоќи Мўхсини»





1-уми декабри соли 1961 дар дехаи Хиштхонаи чамоати дехоти Пунѓаз дар оилаи дехќон ба дунё омадааст.

Соли 1968 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи №13 ба номи К. Хучандии дехаи Хиштхона рафта, онро соли 1978 хатм намудааст.

Солхои 1978 –1979 дар фабрикаи пойафзолбарори ва фабрикаи чуроббофии ш. Душанбе, соли 1980 дар совхози ба номи Эрйигитови н. Ашт ба сифати коргар фаъолият намудааст.

Соли 1980 ба шуъбаи рўзонаи факултети хуќуќшиносии Университети давлатии Точикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1985 ба итмом расонидааст.

Баъди хатми донишгох мохи  августи соли 1985 бо фармони ВКД–и Чумхурии Точикистон ба ШКД–и шахри Ўротеппа (хозира Истаравшан) фиристонида шуда, дар вазифахои муфаттиш, сармуфаттиши ШКД ш. Ўротеппа фаъолият намудааст.

Солхои 1989–1990 дар хайати гурўхи тафтишотии Прокуратураи Генералии Иттифоќи Совети дар ш. Оши Чумхурии Ќирѓизистон фаъолият намудааст.

Аз ноябри соли 1992 то октябри соли 1995 дар вазифаи сардори шуъбаи тафтишотии ШКД-и ш. Табошар,

аз октябри соли 1995 то январи соли 1999 ба хайси сардори шуъбаи тафтишотии н. Ашт,

аз январи соли 1999 то апрели соли 2004 ба сифати сармуфаттиш оид ба корхои махсусан муэими РКД-и вилояти Суѓд,

аз апрели соли 2004 то июни соли 2007 дар вазифаи сардори шуъбаи тафтишотии ШКД ш. Конибодом,

солхои 2007-2008 муфаттиши ШКД ш. Хучанд ва аз соли 2008 то соли 2010 дар вазифаи сардори шуъбаи методию дастурдихии шуъбаи тафтишотии РКД вилояти Суѓд фаъолият намудааст.

Соли 2002 ба ў унвони подполковники милитсия дода шуд. Аз январи соли 2010 нафаќахўри ВКД Чумхурии Точикистон.

Аз апрели соли 2011 то имрўз адвокати коллегияи адвокатхои "Адли Суѓд" дар вилояти Суѓд.

Оиладор, соњиби 4 фарзанд.


Рецензии