Абдукаюми Мухаммадчон Статья Дж. Юсуфи

                Абдуќаюми Мухаммадчон

                (Мамадчонов Абдуќаюм)



                Хохи, ки хамеша шоду хуррам боши,
                Хар чо, ки рави, азизу махрам боши,
                Покиза шаву рост бизи, илм омуз,
                То точи наберагони Одам боши.

                Чалолиддини Руми


   

    Мамадчонов Абдуќаюм (Абдуќаюми Мухаммадчон) 11 июни соли 1954 дар дехаи хушманзари Хиштхонаи чамоати  дехоти Пунѓази нохияи Ашт чашм ба дунёи хасти кушодааст.

    Падараш Собиров Мухаммадчон – омузгор, модараш Собирова (Исмоилова) Рисолатмох кишоварз буданд.

        У соли 1968 мактаби хаштсолаи №13 ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхона ва соли 1970 мактаби миёнаи №7 ба номи Садриддин Айнии дехаи Бободархони нохияи Аштро бо бахои аъло хатм намудааст.

       Маълумоти олии омузгори ва олии хуќуќшиноси дорад.

    Солњои 1970 – 1975 дар факултаи «Забон ва адабиёти рус»-и Донишкадаи (Институти) педагогии шахри Ленинобод ба номи С.М. Киров (хозира Донишгохи Давлатии Хучанд ба номи академик Б.Ѓафуров) бо гирифтани стипендияи Ленини тахсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст.

   Инчунин солхои 1980 – 1985 дар Мактаби олии Вазорати корхои дохилии СССР дар шахри Тошканд (холо Академияи ВКД-и Чумхурии Узбекистон) ѓоибона тахсил намуда, он чо низ ба гирифтани дипломи аъло мушарраф гардидааст.

       Солхои 1975 – 1978 ба хайси муаллими забони руси дар мактабхои миёна мехнат кардааст.

   Аз мохи ноябри соли 1976 то ноябри соли 1977 дар сафхои Артиши Шўрави бомуваффаќият хизмат намуда, чун ѓолиби мусобиќаи сотсиалисти (хашт мох паихам) дар ќисми харбии дар шахри Кинешмаи вилояти Иваново чойгиршуда  (Бригадаи махсуси химояи химиявии Округи харбии Москва) ба гирифтани мукофот ва мандати  Кумитаи Марказии ВЛКСМ ноил гаштааст.

       Абдукаюми Мухаммадчон соли 1978 бо ќарори бюрои комитети комсомолии шахри Ќайроќќум ба кор ба Вазорати корхои дохили фиристода шудааст.

   Чи гуна ба макомоти корхои дохила кабул гардиданашро у равшану муфассал ва бо чузъиётхояш дар хотир дорад. Ин ибратомуз хикоятест, ки муфассал оварданашро лозим медонем:

   Пас аз пурра тайёр шудани хуччатхо чонишини сардори шуъбаи кадрхои ИКД – и вилояти Ленинобод полковники милиса Гаджеев Юрий Адилевич уро барои сухбат ба назди сардори Идора генерал-майори милиса Хобилов Кодир Хобилович даъват намуд.

   Генерал баъди бодиккат аз назар гузаронидани маводи парвандаи шахсии у бо забони руси пурсид:

   «Почему Вы не хотите работать по своей профессии?»

    Абдукаюм низ бо забони руси чавоб дод, ки касбашро, яъне омузгориро, дуст медорад, «но в Кайраккумском горкоме комсомола решили, что он должен служить в милиции».

    «А Вы сами не хотите?» - дархол суол дод генерал.

     Абдукаюм дар чавоб гуфт:

    «После обсуждения этого вопроса на заседании бюро горкома комсомола и беседы с руководством ОВД города Кайраккума я пришёл к выводу, что работа в милиции вовсе не означает менять профессию. К тому же должность, которую мне предлагают, тоже связана с воспитанием подрастающего поколения».

    Генерал бодиккат як ба Гаджеев Ю.А. сипас ба у назар афканда, боз чанд варакро такуру кард ва пурсид:

   «Кто с Вами проводил собеседование и какую должность предложил?»

   Гаджеев Ю.А. айнакашро аз чашм гирифта, чизе гуфтани шуд, вале генерал уро бо ишораи ангушташ ба хомуши даъват кард.

    «Со мной беседовали капитан милиции Мухиддинов Мухсин Мухиддинович – начальник милиции Адрасмана и подполковник милиции Юлдашев Абдуджалил Юлдашевич – начальник ОВД Кайраккума и здесь товарищ полковник», - ба Гаджеев нигох карда, чавоб дод у. Ва каме таваккуф намуда, суханашро давом дод:

   «Они предложили должность инспектора по делам несовершеннолетних в Адрасмане».
 
  Генерал аз чояш хеста, охиста-охиста ба назди тирезаи кабинеташ омаду ба берун назар афканд ва сигор даргиронид. Якчанд дакика дар кабинет хомушии мутлак хукмфармо шуд.

   Баъд ба Абдукаюм фармуд, ки каме дар берун, дар кабулгох интизор шавад.

  Дар кабулгох якчанд нафар афсарон дар даст папкахои гуногун мунтазири кабул менишастанд.

   Ду-се дакика пас котиба, ки Лариса ном доштааст, гушаки телефонро бардошта, сухани касеро бодиккат гуш карду «слушаюсь!» гуён гушакро ба чояш гузошт ва ба афсарон мурочиат намуд:

«Шариф Давлатович, Аскар Маруфович, вас вызывает генерал».

 Майори хизмати дохила ва капитани милисае аз чояшон хеста, вориди кабинети генерал шуданд.

   Такрибан чор-панч дакика, ки ба назари Абдукаюм мухлати тулоние менамуд, гузашта буд, ки Лариса омирона «Мамаджанов, зайдите!» - гуфт.

    У  «Разрешите, товарищ генерал!» - гуён ба кабинети генерал ворид шуд.

    Дар паси мизи ба мизи генерал пайваст гузошташуда майор ва дар як тарафи курсихои ба деворхои кабинет катор гузошташуда полковнику капитан менишастанд.

   Генерал ба майор чашм духта, гуфт:

   «Шариф Давлатович, Вам инспектор нужен был. Что скажите насчёт кандидатуры Мамаджанова?»

    Майор аз чояш нахеста, эрод гирифт:

   «Кадыр Хабилович, он же опыта не имеет».

    Сипас бахси тулоние сурат гирифт:

     - А Вы его дело внимательно изучили? – пурсид генерал.

    - Да, изучал, и должен сказать, что есть проблемы. Он, оказывается, был исключён из комсомола. Об этом в своё время и в газетах, в частности в газете «Комсомоли Точикистон» была опубликована статья. А в управлении…- ин дам генерал давоми сухани майорро буриду ба полковник мурочиат кард:

    - А Вы как думаете, Юрий Адильевич?

    - С комсомолом всё в порядке, товарищ генерал, - посух дод полковник дархол аз чояш хеста ва суханашро возеху равшан, ки ба кормандони харби хос аст, идома дод, - проверка показала, что он решением Аштского райкома комсомола, действительно, был исключен из рядов ВЛКСМ в бытность учителем средней школы за отказ от выращивания щелкопряда. Но, как я Вам подробно доложил, товарищ генерал, и это отражено в заключении о приёме на службу, через два месяца бюро Ленинабадского обкома комсомола отменило решение Аштского райкома комсомола как необоснованное и объявило Мамаджанову выговор за грубое отношение к первому секретарю Аштского райкома партии товарищу Сулаймонову. Спустя три месяца, Мамаджанов был призван в ряды Советской Армии на действительную военную службу. И как нам сообщили из военкомата и войсковой части, где проходил службу Мамаджанов, через полтора месяца по прибытии  к месту службы за успехи по боевой и служебной подготовке наложенное ему взыскание было снято. Более того, товарищ генерал, нам сообщили, что после снятия этого взыскания он в течении восьми месяцев подряд был признан победителем социалистического соревнования не только в батальоне, где проходил службу, но и во всей войсковой части, за что был награждён специальной премией ЦК ВЛКСМ. Об этом все подтверждающие материалы имеются в подготовленных нами материалах.

     - Однако, извините, Кадыр Хабилович, - далели дигаре овардан мехост майор, -  мы же должны учесть мнение партийных органов, сигналы, поступившие  в его отношении из Аштского райкома партии и то, какие требования партия предъявляет к подбору кадров, мне сообщили…, - ин дафъа хам генерал сухани майорро бурид ва гуфт:

     - Юрий Адильевич, подготовьте приказ о назначении Мамаджанова инспектором отдела кадров УВД и позаботьтесь  насчет решения его жилищно-бытовых проблем. А Вам, - бо мехрубони ба тарафи Абдукаюм нигох карда, гуфт генерал, -  даю одну неделю, чтобы решили проблемы с переездом и приступили к работе. Все свободны!

       Хама якчоя аз кабинети генерал берун омаданд ва Гаджеев Абдукаюмро ба кабинети дар шафати кабулгох буда  таклиф намуд, ки дар он чо ду нафар афсарон, ки яке унвони лейтенанти милиса ва дигаре капитани хизмати дохила доштанду машгули кор буданд, даъват намуда, уро бо онхо шинос намуд ва гуфт:

       - Евгения Павловна, - капитан аз чояш хест ва бо нидои «слушаю», мунтазири давоми сухани полковник шуд.

     – Это наш новый сотрудник. Вы назначаетесь его наставником, - гуфта, ба Абдукаюм капитан Гринько Евгения Павловнаро муаррифи намуд ва  ичозати рафтан дод…

  …Он вакт Абдукаюм ба гушаи хотираш хам оварда наметавонист, ки бо гузашти айём пас аз пошхурии Иттиходи Шурави ва ходисахои нангини дар солхои навадуми асри гузашта боиси сар задани чанги шахрванди дар  Точикистони азизамон гашта, уро лозим меояд, ки  хамрохи генерал Хобилов К.Х. чандин маротиба ба Чумхурии Узбекистон сафархои хизмати намуда, дар асоси тачрибаи муассисахои таълимии онвактаи Вазорати корхои дохилии Узбекистон, ки дар шахрхои Тошканду Андичон вокеъ буданд, дар шахри Хучанд ба ташкил намудани сараввал мактаб ва минбаъд факултаи Хучандии Мактаби олии ВКД-и Чумхурии Точикистон (холо Факултаи чоруми Академияи ВКД ЧТ) муваффак мегарданд ва ду соли охири хизматашро ба  хайси муовини аввали генерал Хобилов К.Х., ки он вакт вазифаи сардори ин донишгохро ба   ўхда дошт, давом медихад…
 
     Хамин тавр, Абдукаюми Мухаммадчон ба хизмат дар хадамоти корхои дохила шуруъ намуд.

     Вай то соли 2000 дар Идораи корхои дохилии вилояти Ленинобод (холо вилояти Суѓд) ва Академияи ВКД – и Точикистон дар вазифахои нозир, сарнозир, муовини сардори шўъбаи кадрхо, сардори шўъбаи кор бо хайати шахсии ИКД ва муовини аввали сардори факултаи Академияи ВКД дар шахри Хучанд хизмат намудааст.
Беш аз дах сол вазифаи муовинии Комиссияи марказии аттестатсионии Идораи корхои дохилии вилояти Ленинободро дар ўхда дошт. Муддате дар Хукумати вилояти Суѓд дар вазифаи чонишини мудири шўъбаи маъмурию хукуки кор кардааст.


       Полковники хизмати дохили (1997).

       Дар солхои навадуми асри ХХ дар барќарорнамои ва хифзи сохти конститутсиони дар Чумхурии Точикистон фаъолона хиссагузор гаштааст ва борхо ба хайси сардори отряди муттахидаи Идораи корхои дохилии вилоят (дар хайати 500 нафар) ба шахри Душанбе ва шахру навохии атрофи он, инчунин ба водии Рашт сафархои хизмати намуда, барои ба эътидол овардани вазъияти ноороми он солхо хизматхои арзанда намудааст, ки баъзе лахзахои он ходисотро дар асархояш: «Слезы»  ( http://www.stihi.ru/2014/05/02/4512 ), «Грустная песня реки» (  http://www.stihi.ru/2014/05/02/3018 ), «Истиклол ва нон»  (http://www.stihi.ru/2017/12/10/6835. ) ва гайра  инъикос намудааст.

       Аз синни мактабию донишчуи ба навиштани шеъру хикояхо ва хабару маќолахо бо забонхои точики ва руси шуѓл варзидааст.

    Чи тавр дар мачаллаи хачвии чумхуриявии «Хорпуштак» соли 1970, ки он вакт у хонандаи синфи дахум буд, дарч гардидани маколаю шеъри танкидиаш бо номи «Киссаи хаммом»-ро хеч гох фаромуш намекунад. Он солхо пас аз нашри чунин маводи танкиди сохторхои хизбию шурави дархол чорахои зарури барои бартараф намудани камбудихои ошкоршуда меандешиданд. Ва махз чопи маводи номбурда сабаб шуд, ки дар чамоати дехоти (он вакт совети кишлоки) Пунгази нохияи Ашт таъчилан хаммоми замонавие сохтанд, ки он чандин дахсола дар хизмати мардуми дехахои ин чамоат карор дошт.


    Шеъру хикоя, очерку маќола ва дигар асархои Абдукаюми Мухаммадчон дар матбуоти даврии Чумхурии Точикистон ва Федератсияи Русия бо забонхои точикию руси ва узбеки нашр гардидаанд.

      Муаллифи китобхои:

 «Некхохи пеша кун» (бо забонхои точикию руси),

«Гули хафтранг» (бо забони точики),

 «Тарчума ва тавзехи китоби К.Рамазонов «Гумрохии ваххобиён дар масоили шариат» (бо забони точики),

 «Волшебный мир верлибра. Олами афсонавии верлибр»  (бо забонхои русию точики),

 Тарчумаи китоби шоири халќии Точикистон Нурмухаммад Ниёзи «Нафаси ишк» - «Дыхание любви» ба забони руси,

 «Сайре дар олами андеша. Экскурс в мир размышлений» (бо забонхои точикию руси),

 «Боргохи маърифати Хиштхона» (бо забонхои точикию руси),

 «Поэма о «Шахид»-е. Достони «Ша;ид». Гафлат курбони. ;;;;;; «;;;; »» (бо забонхои руси, точики, узбеки ва алифбои форси),

«Дар сахифаи китоби «Понѓоз» (бо забони точики дар хаммуаллифи),

 «Моя нация – любовь» (тарчумаи китоби шоир Чура Юсуфи «Аз миллати мухаббатам» ба забони руси),

«Независимость и хлеб. Истиќлол ва нон. UnabhaengigkeitundBrot, Independenceandbread» (бо забонхои руси, точики, немиси ва англиси) мебошад.

    Солхои 2019 - 2022 якчанд  хикоя ва новеллахои Абдукаюми Мухаммадчонро коллегияи  нашриёти Иттифоки нависандагони Русия барои ба китобхои:

Алманахи «Антологияи насри руси соли 2019» (Альманах «Антология русской прозы 2019 года»),

Алманахи "Наследие 2020 года",

 Алманахи "Антологияи назми руси соли 2021" (Альманах "Антология русской поэзии 2021 года"),

Алманахи "Антологияи назми руси соли 2022" (Альманах "Антология русской поэзии 2022 года") ва

мачмуаи (Сборник) "Национальная литературная премия "Поэт года 2022"       дохил намудан арзанда донист ва нашр намуд.


Чанде аз асархои у ба забонхои узбеки, форси, англиси, немиси, коми, латиши,чехи, словени, идиш, араби ва гайра тарчума шудаанд.

 Масалан, достони «Независимость и хлеб» - и

( http://www.stihi.ru/2017/08/14/5684 )

 уро  дар сахифаи « Абдукаюм Мамаджанов», ки дар портали Иттифоки нависандагони Русия бо номи «Стихи Ру» чой гирифтааст, метавон бо забонхои точики «Истиклол ва нон»

( http://www.stihi.ru/2017/12/10/6835  ),

 англиси «Independenceandbread»

(http://www.stihi.ru/2018/04/10/4483 ),

 немис; «UnabhaengigkeitundBrot»

(http://www.stihi.ru/2017/12/10/6958  )

ва узбеки низ дарёфт намуд.

Ин асар соли 2020 дар нашриёти «Ношир» бо шаш забон аз чоп баромадааст.


Абдукаюми Мухаммадчон дар васфи хамхизматонаш дар милитсия ва собикадорони ВКД низ чандин асархо эчод намудааст, ки

«Отчизны верные сыны» (  https://www.stihi.ru/2018/11/05/5287 ),

 «Незаметный милицейский труд» (  http://www.stihi.ru/2015/11/01/3054 ),

 «Ветеранам МВД»  (   https://www.stihi.ru/2014/05/11/2242 ),

 «Собикадорони милиса»  (  https://www.stihi.ru/2019/06/13/7871 ) 

 "Ба кормандони милиса"  (    https://stihi.ru/2022/10/25/5525   )


аз кабили  онхо мебошанд.


    Шогирдони бовафои полковник Мамадчонов, ки генерал-лейтенанти адлия Имомов Азизмат Холматович, генерал-майори милиса Орипов Нурулло Марифхонович, полковники милиса Чумъаев Давлат, полковники милиса Хайдаров Аличон Максудович, полковники милиса Азимов Вайдулло Саъдуллоевич, полковники милиса Точиева Каромат, подполковники милиса Холиков Абдугани, подполковники милиса Юнусов Абдумалик, подполковники милиса Чумъаев Анварбек Чумъабекович, подполковники милиса Кодиров Абдуваххоб, подполковники милиса Ганиев  Абдусаттор  ва бисёр дигарон аз кабили онхоанд, хамеша устодашонро бо неки ва эхтироми бепоён ба ёд меоваранд.

     Дар байни адибони хам Русия ва хам Точикистон Абдукаюми Мухаммадчон дустону хаммаслакони зиёд дорад, ки онон уро хамчун инсони нексиришту некандеш ва рафики мунису гамхор, дусти бовафо, ки хислатхои хамидааш сирату сураташро зебандаанд, бо самимияти хосе  иззату хурмат менамоянд.

   Яке аз дустонаш, Шоири халкии Точикистон шодравон Нурмухаммад Ниёзи ба Абдукаюм чунин бахои шоиронае дода буданд:

                “…Забони гул, забони дил бидони,
                Ба дилхо бо забондони бимони!»*

 
    Абдукаюми Мухаммадчонро на танхо хамчун шоиру нависанда, балки чун тарчумони бомахорат низ мешиносанд, ки баъзе асархои чандин шоиру нависандаи дигар халкхо, аз чумла А.С.Пушкин, Л.Н.Толстой, А.Блок, В.Маяковский, У.Шекспир, П.Неруда, И.Гёте, У.Уитмен, А.Сумароков, Н.Рерих, А.Ахматова, И.Куратов, Г.Бутырова, К.Некрасова, Н.Гумилёв, К.Джангиров, Г.Табидзе, Э.Межелайтис, Н. Мирошниченко ва дигаронро аз забони руси ба забони точики тарчума намудааст.

    Чун шоири зуллисонайн у чанде аз асархои классикони адабиёти точик Чалолиддини Руми, Абдурахмони Чоми, Абдулкодири Гелони ва дигаронро, инчунин адибони муосири точик, аз чумла Хабиб Юсуфи, Хабибулло Файзулло, Лоик Шерали, Нурмухаммад Ниёзи, Низом Косим, Чура Юсуфи, Толиби Озарахш, Сорбон ва дигаронро аз забони точики ба забони руси тарчума кардааст.


    Мохи июни соли 2015 Абдукаюми Мухаммадчон ба узвияти Иттифоќи нависандагони Русия  кабул гардидааст.


      Редколлегияи Иттифоки нависандагони Русия интихобан якчанд хикояю  новеллахо ва шеърьои бо забони руси навиштаи Абдукаюми Мухаммадчонро сазовор донист, ки дар китобхои «Антология русской прозы 2019 года», «Наследие.2020», «Антология русской поэзии 2021 года», «Антология русской поэзии 2022 года» ва «Поэт года. 2022 год» чоп намояд.

      Бо мукофотњои давлатию  сохави, аз чумла 6 медал, Нишони «Барои хизмати аъло дар ВКД-и СССР» («За отличную службу в МВД СССР»), Нишони сарисинагии Кумитаи марказии ВЛКСМ «За отличную службу по охране общественного порядка», Ифтихорномахои ВКД-и СССР, ВКД-и Чумхурии Точикистон, Академияхои ВКД – и Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Ўзбекистон, Идораи корхои дохилии вилояти Ленинобод, Кумитаи вилоятии хизби коммунист, кумитахои вилояти ва шахрии комсомоли  Ленинобод  ва ѓайра мушарраф гардидааст.

      Абдуќаюми Мухаммадчон пас аз ба нафаќа баромадан низ дар корњои чамъиятию тарбияи хуќуќии шахрвандон фаъолона иштирок менамояд.

Аз ин чост, ки бо мукофотхои зиёд, аз чумла ифтихорномахои Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон (2015) ва Раиси нохияи Ашт (2014 ва 2018) сазовор дониста шудааст.

   Мохи ноябри соли 2019 Президиуми Иттифоки нависандагони Русия Абдукаюми Мухаммадчонро барои гузоштани хиссаи назаррас ба ривочу равнаки
адабиёти рус («За значительный вклад в развитие русской литературы») ба медали А.П.Чехов,  соли 2020 ба нишонаи «Звезда «Наследие» ва соли 2022 ба медали Н Некрасов сазовор донист.

     Абдуќаюми Мухаммадчон мохи январи соли 1979 ба Мамадчонова (Тошбоева) Рисолатмо  хонадор шудааст. Завчааш хатмкардаи Донишкадаи давлатии педагогии шахри Ленинобод буда, то соли 2014 ба касби омўзгори шуѓл варзида, дар мактабхои №23 ва №9-и шахри Хучанд ба сифати муаллимаи синфхои ибтидои кор кардааст ва борхо дар мусобиќахои «Муаллими сол» иштирок намуда, ба гирифтани чойхои аввал ва мукофотхои шўъбаи маорифи шахри Хучанд ноил гаштааст. Сипас аз вазифаи муаллимаи мактаби №61 ба номи Р.Тошматови дехаи Хиштхонаи нохияи Ашт ба нафаќа баромадааст. 

        Абдукаюму Рисолатмо ду фарзанд ва хашт набера доранд.

Духтарашон – Садоќат касби духтуриро интихоб намуда, филиали Донишгохи тиббии Точикистон дар шахри Хуљанд ва ординатураи Академияи давлатии тиббии шахри Ижевски Федератсияи Русияро ба итмом расонидааст ва ба хайси духтури акушер-гинеколог дар шахри Ижевск кор мекунад. Садоќат  ва хамсараш Наимчон сохиби чор  писар – Амирчон, Кабирчон, Азизчону Каримчон мебошанд.

 Писарашон - Абдувосит сохиби ду маълумоти олии хуќуќшиноси буда, дар Идораи гумруки вилояти Суѓд кор мекунад ва унвони подполковники хадамоти гумрук дорад.  Худованд ба Абдувоситу хамсараш Мастона ду духтар – Мафтунаю Мохира ва ду писар – Абдуматину Абдухакимро ато намудааст.

     Абдукаюми Мухаммадчон некию накукориро максади  зиндагии худ карор додааст ва бехуда нест, ки даъвати «Бигзор волидайни хамаи кудакони олам хушбахтии фарзандони худро бубинанд!» («Пусть родители всего мира увидят счастье своих детей!») -ро хамчун шиори тамоми умр интихоб намуда, дар даъватномаи туйи хонадоршавиаш дарч карда буд.


_______________________________________

     *                Ба Абдукаюми Мухаммадчон

               
                Ту бо хушсирати дил бурди аз мо,

                Шуди бо лафзи хуш махбуби дилхо,


                Ту бо афкору бо пиндорат хамеша

                Накуиву некхохи карди пеша.


                Забондонии ту бар мо хавас дод

                Ва лафзи русиат ишкро нафас дод .


                Забони гул, забони дил бидони,

                Ба дилхо бо забондони бимони! 



                Нурмухаммад Ниёзи










Чура ЮСУФИ,
узви Иттифоки нависандагони Точикистон.




https://www.stihi.ru/2019/06/13/7871

https://www.stihi.ru/2014/05/02/3018

https://www.stihi.ru/2014/05/02/4512

https://www.stihi.ru/2014/05/11/2242

https://www.stihi.ru/2015/11/01/3054

https://www.stihi.ru/2018/11/05/5287

https://www.stihi.ru/2017/02/27/3097

https://www.stihi.ru/2015/11/17/3442      




















               


Рецензии