Китоби Хиштхона. Мирахмедов Шаробиддин Нуриддинови

 

                Мирахмедов Шаробиддин Нуриддинович
               
                (01.12.1967 -10.08.2004)


               


                Он луѓоти дил, ки баёни дил аст,
               
                Тарчиматаш хам ба забони дил аст.

               
                Низоми




Мирахмедов Шаробиддин Нуриддинович 1 декабри соли 1967 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт дар оилаи коргар чашм ба олами хасти кушодаст.

Соли 1985 мактаби миёнаи №13, баноми Камоли Хучандии хамин дехаро бо бохои хубу аъло  хатм намудааст.

Соли тахсили 1985-1986 дар Омўзишгохи касби-техникии   шахри Конибодом тахсил намудааст.

Солхои 1986-1988 дар сафи Ќуввахои мусаллахи Иттиходи Шўрави  дар шахри Шевченкои Чумхурии Украина хизмати Модар –Ватанро ба чо овардааст.

Соли 1988 ба факултаи чуќуќшиносии Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин (холо Донишгоњи Миллии Точикистон) ба дохил гашта,

соли 1993 баъди хатми донишгох                ба вазифаи муфаттиши Шўъбаи корхои дохилии шахри Ленинонбод  ба кор меояд.

 Солхои 1998-2003 дар  Идораи корхои дохилии вилояти  Ленинобод (холо Суѓд) чун муфаттиш, муфаттиши калон ва муфаттиши калон оид ба корхои махсусан мухим фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2003 то августи соли 2004 дар вазифаи сардори бахши тафтишотии Шўъбаи корхои дохилии  нохияи Мастчохи вилояти Суѓд адои вазифа намудааст.

  10 августи соли 2004  марги берахм риштаи умри чавонашро дар сини 36- солаги барканд.

Аз хаёти якчоя бо завчааш – Мирахмедова (Тошматова) Фирўза Алибоевна ду фарзанд доранд.

Айни хол фарзандонаш ба камол расидаанду Шараф аз паи касби падар рафта, дар Академияи Вазорати корњои дохилии Чумхурии Точикистон   тахсил дораду курсанти курси  чорум мебошад. Шероз донишчўи соли аввали Донишгохи кўхи – металлургии Точикистон   дар шахри Чкаловск мебошад.

Мирахмедов Шараф Шаробиддинович хатмкардаи   МТМУ   №61 ба номи Рахматулло Тошматов  буда, соли 2012 ба факултаи дуюми Академияи ВКД ЧТ дохил шудааст ва айни замон курсанти курси чорўми ин муассиса мебошад.

Барои хониши хубу аъло ва интизоми намунави, иштирок дар чандин парадхои чашни аз чумла паради 20- солагии Ќуввахои мусаллањи ЧТ дар соли 2013, 20- солагии Ќушунхои сархадии КДАМ ЧТ, маросими савгандёдкунии Президенти ЧТ соли 2013, ба истифода додани бинои нави Дастаи таъиноти махсуси милитсия, бо пешниходи рохбарияти Академияи ВКД ЧТ  мувофиќи фармони вазири Мудофиаи ЧТ №142 аз 28 феврали соли 2014 бо медали чашнии «10- солагии Ќуввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон» сарфароз гардидааст.

Шараф 23 январи соли 2015 дар ќатори даххо чавонон дар Кохи Сомон иштирокчи ва шунавандаи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Мачлиси Оли гардадааст.


Рецензии