Китоби Хиштхона. Норматов Камолчон Неъматчонович

               



                Норматов Камолљон Неъматљонович
               


                Мард бояд, ки фикри кор кунад,
               
                Нашъаи хуше ихтиёр кунад.

               
                Бедил

 
   Норматов Камолљон Нигматович 1 марти соли 1954 дар шањраки Адрасмони шањри Ќайроќќум дар оилаи хизматчї таваллуд шудааст.

 Падараш – Норматов Нематљон – иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї, собиќадори ВКД. Модараш – Норматова (Ќодирова) Хосамо.

Соли 1961 ба синфи 1 мактаби миёнаи шањраки Адрасмон рафта, дар он љо то соли 1965 тањсил кард.

Соли 1965 бо ањли оилааш ба дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт ба зодгоњи волидонаш кўчида омаданд. Норматов К.Н. хонишашро дар мактаби њаштсолаи №13, ба номи Камоли Хуљандї соли 1969  давом дода,   соли 1971 мактаби №7–и дењаи Бободархонро хатм намудааст.
   
Орзуи маълумоти олии њуќуќшинос шудан ва мисли падараш - Норматов Неъматљон дар маќомоти  ВКД кор кардан дошт.

Барои дохил шудан ба факултаи њуќуќшиносї он ваќтњо собиќаи 2 сола талаб карда мешуд, бинобар ин солњои 1971–1972 дар собиќ колхози ба номи Энгелси ноњияи Ашт ба сифати колхозчї кор кард.

Моњи майи соли 1972 ихтиёран ба сафи Ќўшунњои Шўравї даъват шуда, то моњи майи соли 1974 дар њудуди собиќ Республикаи Демократии Германия њамчун ронандаи танк хизмат намуд.

Соли 1974 ба факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шуда, онро соли 1979 ба итмом расонд.

Бо роњхат ба Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ба кор фиристонида шуд. Аввал дар шањри Хуљанд, баъдан дар шањру ноњияњои вилоят ба сифати муфаттиш иљрои хизмат намуд.

Бо назардошти кордонию зиракиаш ба ў корњои љиноятии мураккаб дода мешуд, ки тафтишоти пешакии онњоро бо сарбаландї босифат ба иљро мерасонд. Баъди фољиаи оилавї, аниќтараш бо сабаби вафоти њамсараш Норматова (Одилова) Ситорамоњ Тошбоевна, ба пеш омадани душворї барои тарбияи 7 нафар фарзандони хурдсолаш, ноилољ декабри соли 1996 ба нафаќаи хизматї баромад.

Њоло Норматов К.Н. дар дењаи Хиштхона умр ба сар мебарад.

Норматов К.Н. барои хизматњои шоёнаш  бо медали „Барои хизмати шоён”,  аз тарафи сардори ВОК–и сарраёсати ќўшунњои дохилии ВКД Иттифоќи Љумњуриятњои Шўравии сотсиалистї бо нишони сарисинагии „Барои хизмати шоиста” дараљаи 1 ва дигар мукофотњову  ифтихорномањои ВКД ЉТ ва Раёсати  корњои дохилии собиќ вилояти Ленинобод (њозира Суѓд) сазовор гаштааст.


Рецензии