Китоби Хиштхона. Тошматов Неъматулло Мирзоматович

               


                Тошматов Неъматулло Мирзоматович

                Шукри неъмат неъмат афзун медихад,

                Муфлисонро ганчи Ќорун медихад.
               
                «Ахлоќи Мўхсини»





      Тошматов Неъматулло Мирзоматович 4 июли соли 1965 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст.

Падараш -Тошматов  Мирзомат (02.07.1937-21.11.2010).  Модараш- Тошматова (Абдуќодирова) Тољиниссо.

      Неъматулло соли 1982 мактаби миёнаи №13, ба номи Камоли Хуљандии зодгоњашро бо бањои хубу аъло  хатм намуда,

то соли 1983 дар устохонаи совхози «Съезди ХХУ КПСС» - и ноњияи Ашт ба њайси челонгор кор кардааст.

      Солњои 1983-1985 дар шањри Каменск-Уралски вилояти Свердловски ФР хизмати њарбиро дар яке аз ќисмњои њарбї-њавої адо намудааст.

      Солњои 1986-1989 дар Муассисаи тафтишотии №2 Идораи корњои дохилии вилояти Ленинобод да њайси назоратчї хизмат кардааст ва соли 1989 бо роњхати ИКД ба мактаби миёнаи махсуси Вазорати корњои дохилии СССР дар шањри Чимкенти Љумњурии Ќазоќистон дохил шудааст.

Пас аз хатми мактаби номбурда соли 1991 ба шўъбаи навбатдории ШКД-и шањри Кайроќќум таъин шуда, ба њайси нозир, нозири калон ва сардори ин шўъба то ба нафаќа баромадан, яъне то соли 2006 фаъолият намудааст.

      Унвони «майори милитсия» дорад.

      Дар давоми фаъолияти мењнатию хизматиаш бо чандин медалу ифтихорномањо ва мукофотњои дигар сазовор гаштааст.

      Оиладор. Њамсараш – Тошматова (Ашўрова) Гулљањон Шаробиддиновна. Се нафар варзанд доранд – Маќсуда, Бањром ва Манижа. 


Рецензии