Китоби Хиштхона. Тошматов Набижон Алибоевич

               



                Тошматов Набижон Алибоевич

               
                Ба кор ояд илме, ки омўхти,
               
                Макуш машъалро, ки афрўхти.

               
                Носири Хисрав



Тошматов Набижон Алибоевич 26 феврали соли 1975 дар деьаи Хиштхонаи љамоати Пунѓаз дар оилаи хизматчї таваллуд шудааст.
 
 Соли 1992 мактаби миёнаи №13 –и дењааш ва соли 1996 Мактаби олии милитсияи (њоло Академия) ВКД Љумњурии Тољикистонро хатм намудааст.

Ў баъди соњиб шудан ба маълумоти олї

ба њайси муфаттиши Раёсати корњои дохилии вилояти Суѓд 1996-1997),

нозири калони шўъбаи кофтукови љиноятии ШКД шањри Хуљанд (1998-2005),

сарнозири минтаќавии ШКД ноњияи Ашт (2005-2007),

сардори шўъбаи нигоњдории тартиботи љамъиятии ШКД ноњияи Ашт (2007-2008),

сардори зершўъбаи њарбии сафарбаркунї ва мудофиаи граждании ВКД вилояти Суѓд (2008-2010),

сардори хадамоти пешгирии њуќуќвайронкунии байни ноболиѓон ва љавонони ШКД ноњияи Ашт(2010-2012) адои вазифа намудааст.

Набиљон барои хизматњояш дар барќарор кардани сохти конститутсионї дар Жумњурї бо медали « Барои хизмати бенуќсон», «Барои хизмати дараљаи шоён» дараљаи 2 соли 2010, нишони «80-солагии соњаи кофтукови љиноят», ва бо 17 ифтихорнома, рањматнома ва туьфањои арзишманд сазовор гаштааст.

Оиладор, соњиби чор фарзанд буда, њамсараш Тошматова (Дадоматова) Наргиса - хатмкардаи мактаби раќами 13, раиси хожагии дењќонии « Мадина», фарзандонашон - Пайрав, Мадина, Хуршед хонандагони муассисаи раќами 62 –и шањраки Гулшан мебошанд.


Рецензии