Шокиров Туграл Сироджевич. Рохнамои рохи рост

                Рахнамои рохи рост


Published on Friday, 16 January 2015 11:26


 Хар давру замон бо ходисаю вокахо, чараёну равишхо, падидаву навгонихои хеш аз дигаре фарк мекунад. Ду давраи таърихиеро наметавон пайдо кард, ки хамгун бошанд. Дар замоне раванде рушд мегирад, дар даврае чараёни дигаре бар он меистад, ки чомеаро пазиро бошад. Чомеа ;амеша рушдписанд аст ва аз хар падида онеро мепазирад, ки чанини рушд дошта бошад, боису омили пешрафти инсоният бошад. Таърих гувох аст, ки аз кудамои башарият то имруз шумори зиёди дину тамаддун арзи вучуд намудаву аз байн рафтаанд, вале хар кадоме аз худ осоре гузоштаанд.

Мусаллам аст, ки бо вучуди дорои арзишхои мутаззод буданашон дину тамаддун омили пешбари ;амдигаранд. Аз ин чост, ки бо вучуди рушди гушношуниди тамаддуни имрўза он аз бурдхои пешини динхои чахони бархурдори мекунад.

Яке аз адёни чахони Ислом буда, анкариб 1500 сол аст, ки нуфузу нуфуси худро меафзояд. Модоме ки ин дин ин кадар муддати мадид амал менамояду пойбарчост онро тасодуфиву беасос хисобидан норавост. Баръакс чанинхои рушдбахши онро дарёфта, ба манфиати пешбурди чомеа ва хар фарди он бояд истифода бурд.

Бояд аз рўи инсоф кайд кард, ки вокеан хам уламои равшанфикру дурбини диниву дунявии хар давру замон чунин карда истодаанд. Вале бо вучуди ин кадар устувору тавоно ва вохид буданаш гохо андаруни дини Ислом равияву чарёнхое падид меоянд, ки максади амалашон рахна задан ба рушд ва мазбутии он аст.

Яке аз чунин падидахои номатлуб дар интихои садаи ХХ ва огози асри ХХI бо номи “Хизби тахрир”, баъдтар чараёни “Салафия” пайдо гашта, намояндагонаш бо акидаву гояхои хеш мехоханд номи мубораки Исломро догдор созанд. Бо вучуди он, ки чомеаи имрўза гояхои онро напарастида истодааст, намояндагони зархариди он дар хар гўшаву канори олам, аз чумла Точикистон, мехоханд назарияшонро бо зўриву ичбори сари мусулмонон тахмил намоянд. Мутаасифона гохо баъзе мардуми ба ном мусулмону ноогох бинобар бехабариашон на танхо худ ба доми чунин равияву хизбхо меафтанд, балки ба таргибгару таблиггарони онхо табдил меёбанд. Барои гирифтани пеши рохи интишори ин кабил унсурхои номатлуби чомеа бояд роху воситахои мухталиф истифода гардад. Яке аз асоситарин ва муассиртарин роххо ин нашри асару маколахои мавзўъ мебошад.

Чанде пеш китобе бо номи “Гумрохии Ваххобиён дар масоили Шариат” тавассути Нашриёти давлатии ба номи Рахим Чалил аз дасти чоп баромад, ки муаллифаш пешкадамтарин уламои Догистон шодравон Курамухаммад – Хочи Рамазонов буда, тарчума ва тавзехоташ ба каламу фахми адибу инсони начиб зиндагисолори бехамто Абдукаюми Мухаммадчон тааллук дорад. Аз унвонаш пайдост, ки китоб ба яке аз догтарин мавзўъхои рўз оид аст. Бояд таъкид намоям, ки чандин вакт инчониб чомеаи мо ба казияхои хеле чигилу бахсталаб ва фаъолияти гайриконунии равияхои ифротгар дучор гардидааст. Кайхо боз давлат бо тамоми ниходи расмиву гайрирасмиаш бо чунин унсурхои номатлуби замон мубориза мебарад, вале ба муваффакияти дилхох ноил шуда наметавонад, яъне чомеа аз таъсири онхо ба пурраги озод нашуда истодааст. Сабаби асоси дар он аст, ки ин мубориза аз чониби макомоти марбута яктарафа, бе омодагии хаматарафа, ба рох монда шудааст. То вакте ки масъулону корбадастони соха тамоми нозукихо, сирру асрор, хусусиятхои вокеии диниву илми ва амалии чунин раванду чарёнхоро аз пайравони онхо бехтару хубтар омўхта, дар хар мавриди алохида ба таври инфироди муносибат нанамоянд, онхо ба дастоварди назаррасе ноил гардида наметавонанд, зеро барои табобати бемори асосу решаи онро бояд омўхт. Танхо дар хамон сурат дастболо гардидан имконпазир хохад шуд.

Асари тозадарчи мазкур як дастури хеле мухими назарию амалиест дар рохи расидан ба ин максад. Бехуда нест, ки китоб аз тарафи яке аз равшанфикрону сохибнуфузон ва донандагони хуби дини мубини Ислом тахия гардида, борхо ба чандин забони гарб тарчума шудааст. Тарчумони русию точикии асар хам шахси тасодуфи набуда, нафари эчодкори босуботест, ки солиёни зиёд худ андаруни чунин проблемахо бевосита фаъолияти пурсамар бурда, то ба дарачаи полковники расидааст. Ў, ки мураккабии масъаларо хеле хуб эхсос менамояд, карор додааст, ки ин китобро на танхо аз руси баргардон намояд, балки бодарназардошти умумияту фаркияти мазхабхои гуногуни Ислом хар порчаи тарчумавиро аз назари мазхаби сунни тавзехи илми дода, барои хонандаи точик мувофику фахмо ва шууррас намудааст.

Хонанда баробари варак задани сахифахои китоб зуд дарк менамояд, ки на хар кас метавонад ба чунини кор камар бандад, вале тарчумони мавсуф тавонистаст, бо истифодаи дурусту бомаврид аз асари мавриди назари Курамухаммад – Хочи Рамазонов, сурахои “Куръон”-и Шариф, тарчумахои русии он, осори зиёди дигар як китоби тозае манзур намояд, ки забонаш хуб, маводаш котеъ, тафсираш возех бошад. Ин корро ба тимсоли олими факех ба сомон расонидааст.

Ба тарчума адиби сохибзавку хушадо Додохон Эгамов сарсухан навишта, менигорад, ки барои хонандагони точикзабон хеле соддаву фахмо тавзех дода шудани калимаю иборахои дини ва ба ин максад васеъ истифода гардидани сарчашмаю маъхазхои боэътимод ахамияти асарро афзун мегардонад.

Абдукаюми Мухаммадчон, ки шахси масъулиятшинос аст, ба хайси мухаррир донандаи кавоиду кавонуни дини Ислом Лумониддин Камолиддиновро интихоб намудааст. Мухаррир пас аз тахрири ботаанни дар “Пешгуфтор”-аш тарчумони китобро як андоза муаррифи сохта, оиди масъалаи баррасишаванда таъкид менамояд: “Яке аз омилхои ташвишровари солхои охир ин фаъолияти хизбу харакат ва созмонхои гайриконуни ва “ваххобия” номи дигараш “Салафия ”) барин чараёнхои чудоиандоз мебошад, ки пешвоёни ачнаби ва тахчоии онхо дини Исломро ба худ никоб карда, дар амал хам ба дини Ислом ва хам ба Ватани азизамон душмани менамоянд, чунки пешравии Точикистону баланд шудани обрўю эътибори он дар чахон ба манфиати онон набуда, онхоро ба ташвиш меандозад”.

Китоби мазкур воситаи мўътамади мубориза бар зидди чунин унсурхо мебошад. Зеро хамон тавре ки Абдукаюми Мухаммадчон менависад, мутарчим ва тавзехгари асар ба чуз сарчашмаи самовии “Куръон”-и Шариф, инчунин аз “Сахех”-и Ал Бухори, Тафсир ва “Таърихи Табари”-и М. Балъами, “Чахор китоб”, “Тафсирхои осонбаён”, Тарчумаи “Фикхи Акбар”-и Имоми Аъзам”-и Абуаломуддин, “Зиндаги ва осори Имом Абўханифа”-и Мухаммадшариф Химматзода, тарчумаи“Акидаи исломи” ва бисёр сарчашмахои мўътамадро иситфода бурдааст. Боз як нуктаи эътимоднок он аст, ки нусхаи омодаи китобро мутарчим барои ташхис(эксперт) ба Кумитаи оид ба корхои дини назди Хукумати Чумхурии Точикистон супорида, бахои хуб ва тавсияи чопро низ гирифта, танхо баъд ба нашр супоридааст.

Тахиягар вазифаи асоси китобашро аз пешгири, огохнамои ва аксуламал намудан бо чараёнхои чавонон аз таъсири халокатовари чунин чараёнхо, баланд бардоштани маърифати рўхонии мардум ба хифзи сулху субот ва хаёти осоиштаи чомеа иборат медонад.

Китоб аз маълумотнома тахти унвони “Ваххобихо кистанд?”, 7 гурўхи саволхое, ки бо номи Аллохтаъоло, “Куръон”-и азимушшаън, Расули Аллох(с), намоз, тарикат, марг, мазхабхои Ислом, чараёнхои гумрох алокаманданд шомил буда, хар кадоме бо шарху эзохи соддаву фахмо барраси гардидаанд. Вобаста ба таълимоти баргалати ваххобиён, масоиле оид ба ширк, бидъат, харому халол, мувофикату номувофикатии онхо бо шариат дар фасли алохида ба риштаи тахкик кашида шудааст.

Фасли чудогонае “Даъвати хунин” номгузор; гадидааст. Он аз ибораи арабии “АД-ДАЪВАТ-УД-ДАМАВИЯ”-и араби гирифта шуда, тарчумааш чунин будааст. Тавзехгар дар ин хусус мегўяд: “Сабаби чунин номгузори ин фактхои таърихие мебошанд, ки аз радикализми шадиди тарафдорони ваххобия, ки тайёранд аз хар як бахсу мунозираи ночизе чанчоли мусаллахонае игво ангезанд, далолат медиханд. Тамоми таърихи ваххобия ин як доманаи бехад дарози хунин аст.”

Асар бо усули суолу чавоб сурат гирифта, ба хар як савол як посухи асоснок дода шудааст. Масалан: Савол: оё бе каллапўш(токи, тўппи) намоз хондан мумкин аст?
чавоб: Агар мард баданашро аз ноф то зонухояш урён(луч) бошад хам, намоз хонданаш эътибор дорад. Аммо дар чунин холат хондани намоз карохиятовар (дилнокаш) аст. Бояд кайд намуд, ки тамоми баданро пўшида намоз хондан суннат аст. Бе каллапўш намоз хондан макрўх аст (яъне карохият дорад).

Дар тамоми китобхои Шариат навишта шудааст, ки бе каллапўш намоз хондан номатлуб аст, зеро Пайгамбар (с) низ намозро кулохбарсар мехонданд.

Дар фасли охир рочеъ ба мафхуми чиход намуду вижагихо, максаду мохият, натичаву окибати он сўхбати хеле пурмўхтаво, хаётиву ибрати бо мисолу далелхои боварибахш ва хотирмон сурат гиритааст, ки хонанда аз он як чахон гизои маънави метавонад бигирад.

Дар интихои такриз мехостам баробари тахнияти муаллиф илова намоям, ки асар бисёр вокеъбинона ва бо забони соддаву оммави тахия гардидааст, бинобар он хуб мешуд агар ягон рўзнома ё хафтаномаи чумхуриву вилояти маводи онро интишор дода, дар кори таблиги дурусти маънавиёти халкамон амали хайру кироие ба сомон расонанд. Худи китоб низ бо теъдоди зиёдтаре ба табъ расонида шавад, мувофики максад мебуд.


                Шокиров Туграл Сирочевич –
мудири кафедраи забони точикии Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон , доктори илми филология, профессор, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия

 
Рузномаи “Хакикати Сугд”  , 16 январи соли 2015
 
 


Рецензии