Китоби Хиштхона. Марифхонов Анушервон Нурмухаммадо

                Марифхонов Анўшервон Нурмуњаммадович

                Фаросат дидаи дил баркушояд,
                Хар он холе, ки бошад, во намояд.

                «Ахлоќи Мўхсини»


Марифхонов Анўшервон 29 майи соли 1987 дар шањри Душанбе дар оилаи хизматчї ба дунё омадааст.

 Падараш – Маъруфзода Нурмуњаммад соли 1982 факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст. Солњои зиёд дар маќомоти прокуратура ва њизбї фаъолият намуда, айни њол дар Сарпрокуратураи њарбии Љумњурии Тољикистон ифои вазифа мекунад, полковники адлия.

Анушервон соли 1994 ба мактаби миёнаи № 8 шањраки Сирдарёи шањри Ќайроќќум ќадам нињода, сипас тањсилашро соли 2001 дар литсейи 55 ш. Душанбе давом дода, соли 2006 мактаби миёнаи №66 шањри Ижевски Федератсияи Русияро бо бањои хубу аъло хатм менамояд.

Худи њамон сол ба Академияи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Удмуртияи Федератсияи Русия дохил шуда, соли 2009 дар факултети 4-уми Академияи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон тањсилашро давом дода, соли 2011 онро бо дипломи аъло хатм менамояд.
 
Фаъолияти мењнатиашро аз рўи таќсимоти инфиродї аз вазифаи тањќиќбарандаи ШВКД – 1 ноњияи Синои шањри Душанбе оѓоз намуда, соли 2015 ба вазифаи муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии  њамин шўъба гузаронида мешавад.

Дар давраи фаъолияти хизматї аз љониби роњбарияти Раёсати ВКД дар шањри Душанбе ва роњбарияти ВКД ЉТ ќадрдонї шудааст. Дар байни њамкорон њамчун мутахассиси бомањорат ва хирадманду баандеша шинохта шудааст.

Анўшервон оиладор.

 Њамсараш – Марифхонова Гулафзо Донишгоњи технологии Тољикистонро бо ихтисоси «Молия ва ќарз» хатм намуда, айни њол дар вазифаи иќтисодчии дараљаи 2-и шуъбаи интиќоли маблаѓ ва кор бо кортњои пластикии ЉСШК «Тољиксодиротбонк» дар ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе фаъолият менамояд.

 Духтари дустрўякашон - Умия 2 сола буда, ба боѓчаи бачагон  меравад.
 


Рецензии