Китоби Хиштхона. Имомов Хусниддин Холматович

                Имомов Хусниддин Холматович


 
                Бубастам хирсро чашму шикастам озро дандон
                Чу мим андар хати котиб, чу син дар харфи девонї.

                Хокони               
            

Имомов Њуснидин Холматович 13 декабри соли 1966 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Поунѓази ноњияи Ашт дар оилаи хизматчї ба дунё омадааст.

Падараш – иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї Имомов Холмуњаммад  омўзгор ва модараш Имомова Оимбону кишоварз буданд.

Ў пас аз хатми мактаби миёнаи №13, ба номи Камоли Хуљандї, соли 1984 ба факултаи таърихи Унверситети Давлатии Тољикистон (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) дохил шудааст.

Моњи майи соли 1985 пас аз хатми курси якум ба сафи Ќуввањои мусаллањи Иттињоди Шўравї даъват шуда, то соли 1987 хизмати модар - Ватанро иљро кардааст ва пас аз хизмат хонишро дар Донишгоњ давом додааст.

    Донишгоњро соли 1991 бомувафаќият хатм намуда,  роњхат ба Шўъбаи маорифи ноњияи Ашт омадааст ва њамчун омўзгори фанњои таъриху љамъиятшиносї ба мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Хуљандии дењаи Хиштхона ба кор ќабул шудааст.

Фаъолияти мењнатиро Имомов Њ.Х. ба њайси омузгори фанњои таъриху љамъиятшиносї оѓоз намуда, минбаъд дар вазифањои гуногун кор кардааст. Њангоми фаъолияти корї соли 1998 барои гирифтани маълумоти дуюм ба Донишгоњи Давлатии Хуљанд ба номи Академик Бобољон Ѓафуров ба факултаи њуќуќшиносї дохил шуда, онро соли 2002 бомуваффаќият хатм кардааст.

Соли 2001 ба Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Сарраёсати полиси андоз ба кор дохил шудааст ва фаъолияти кориро аз корманди ќаторї оѓоз карда, то сардори Шўъбаи полиси андоз дар шањри Ќайроќќум фаъолият кардааст.
 
Пас аз ташкилёбии Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон  соли 2007 тибќи озмун ба кор дохил шуда, дар вазифањои гуногун фаъолият кардааст.

Хизматњои Имомов Њ.Х. чандин маротиба бо ифтихорномањо ќадрдонї карда шудаанд.
Айни њол ў дорои рутбаи подполковники адлия буда, дар вазифаи сарнозири Шўъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд фаъолият дорад.

Оиладор. Зављааш – Имомова (Маъруфхонова) Гулбибї.  Се нафар фарзанд доранд.
   


Рецензии