Китоби Хиштхона. Имомов Шодимат Холматович

                Имомов Шодимат Холматович



                Нобурда ранч, ганч муяссар намешавад,
                Музд он гирифт, чони бародар, ки кор кард.
               
                Саъди


         
Имомов Шодимат Холматович 5 марти соли 1964 дар дехаи  Хиштхонаи чамоати Пунгази нохияи Ашти вилояти Сугд дар оилаи хизматчи ба дунё омадааст.

 Падараш – иштирокчии Чанги Бузурги Ватани Имомов Холмухаммад омўзгор ва модараш Имомова Оимбону кишоварз буданд.

 Пас аз хатм намудани мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Хучанди дар нохияи Ашт,

соли 1981 ба факултаи банакшагирии иктисодии Университети давлатии Точикистон дохил шуда, онро соли 1986 бо ихтисоси иктисодчи хатм кардааст.

         Фаъолияти мехнатиашро дар заводи равганбарории шахри Исфара дар вазифаи иктисодчи  мохи августи соли 1986 огоз намудааст.

 Аз мохи сентябри соли 1987 то мохи июли соли 1995 дар вазифахои мухосиб, иктисодчии калон ва котиби Кумитаи комсомоли совхози “Съезди XXV ХКИШ” нохияи Ашт, сармухосиби корхонаи хурди “Богбон”-и нохияи Ашт, сармухосиб ва сариктисодчии колхози “Гулистон”-и нохияи Ашт  кор кардааст.
 
        Мохи июли соли 1995 ба макомоти гумруки Чумхурии Точикистон ба кор таъин шуда, дар дидбонгохи гумрукии Ашти Раёсати кумитаи гумрук дар вилояти Ленинобод дар вазифахои коромуз, нозир, сарнозир то соли 2000-ум фаъолият намудааст.
 
        Минбаъд, кобилият, истеъдод, тайёрии касби, тахассуси, сифатхои волои ахлокию психологи, мехнатдусти, поквичдони, боло гузоштани манфиати чомеаю давлат аз манфиатхои шахси, ватандусти ва обрую эътибораш дар макомотро ба инобат гирифта, рохбарияти Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон Имомов Шодимат Холматовичро ба мансабхои масъули хизмати таъин намудааст.

 У дар вазифаи чонишини сардори дидбонгохи гумрукии Ашти Раёсати кумитаи гумрук дар вилояти Сугд солхои 2000-2001,

сардори  дидбонгохи гумрукии Ашти Раёсати кумитаи гумрук дар вилояти Сугд солхои 2001-2003,

муовини сардори дидбонгохи гумрукии “Терминал”-и Раёсати минтакавии гумруки дар вилояти Сугд солхои 2003-2007,

сардори гумруки Конибодоми Раёсати минтакавии гумруки дар вилояти Сугд солхои 2007-2009,

сардори гумруки Чаббор Расулови Раёсати минтакавии гумруки дар вилояти Су;д солхои 2009-2013 ва

муовини сардори дидбонгохи гумрукии “Терминал”-и Раёсати минтакавии гумруки дар вилояти Сугд солхои 2013-2015 фаъолият намудааст.

        Айни хол, аз мохи майи соли 2015 дар вазифаи муовини сардори дидбонгохи гумрукии барасмиятдарории молхои зераксизии Раёсати минтакавии гумруки дар вилояти Сугд бомуваффакият  фаъолият намуда истодааст.

       Имомов Ш. Х. дар такмили малакаи тахассусии кормандон, чихати татбики тадбирхои таъмини амнияти иктисодии кишвар дар доираи салохияти макомоти гумрук, гани гардидани бучети давлат, пешгири, ошкор ва муайян кардани вайронкунии коидахои гумруки, мубориза бар зидди кочок сахми сазовор дорад.

       Хизматхои Имомов Шодимат Холматович бо рахматномахо, ифтихорномахои сохави ва медали чашнии “20 солагии макомоти гумрук” кадрдони карда шудаанд.
 
       Рутбаи махсуси “полковники хадамоти гумрук” дорад.

       Шодимат оиладор ва сохиби чор фарзанд мебошад.


Рецензии