Китоби Хиштхона. Собиров Абдуворис Мамадчонович
Хар, ки нон аз амали хеш хўрад,
Миннат аз Хотами Тойи набарад.
Саъди
Собиров Абдуворис Мамадчонович санаи 27.07.1967 дар дехаи Хиштхона дар оилаи хизматчи ба дунё омадааст.
Соли 1983 мактаби миёнаи №13 дехаи Хиштхонаро бомуваффаќият хатм намуда, хамон сол ба омўзишгохи касби - техникии чамоати Ќамишќурѓон дохил мешавад. Соли 1984 ин омузишгохро бо дипломи аъло хатм намуда, худи хамон сол ба Донишкадаи давлатии педагогии шахри Ленинобод барои идомаи тахсил меравад. Соли 1991 факултаи физикаи ин донишгохро бо ихтисоси муаллими фанхои умумитехники хатм намудааст.
Солхои 1985-1987 дар сафи Ќуввахои мусаллахи Иттиходи Шўрави хизмат намудааст.
Фаъолияти кориашро соли 1991 хамчун омўзгори фанхои умумитехники ва мехнат дар мактаби миёнаи №7 дехаи Бободархон оѓоз намудааст.
Дар ин боргохи маърифат дар муддати 5 соли фаъолият шогирдони зиёдеро тарбия намудааст.
Соли 1996 ба Кумитаи гумрук ба кор даъват карда мешавад.
Аз хамон сол инчониб дар гумруки Ашт дар вазифахои гуногун хизмат намуда истодааст.
Айни хол майори хадамоти гумрук Собиров А. М. дар вазифаи нозири калони мубориза бар зидди хуќуќвайронкунихои гумрукии гумруки Ашт фаъолият намуда истодааст.
Солхои 1996-1997 дар барќарор намудан ва хифзи сохти конститутсиони дар Чумхурии Точикистон иштирок намуда, барои иштироки фаъолонааш аз тарафи Кумитаи гумруки Чумхурии Точикистон бо ифтихорнома ќадр гардидааст.
Соли 2015 бахшида ба Рузи истиќлолияти давлатии ЧТ бо ќарори Раиси нохияи Ашт барои фаъолияти бурдборона ва самарабахш дар таъмини волоияти ќонун ва сахми арзанда дар тарѓибу таъмини ичрои талаботхои Конститутсияи ЧТ ва ќонунхои амалкунанда бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор. Се писар ва се духтар дорад.
Свидетельство о публикации №222121101383