Китоби Хиштхона. Мамадчонов Абдувосит Абдукаюмович

           Мамадчонов Абдувосит Абдукаюмович



                Бо рохи рост тавони расид дар маќсуд,
                Ту рост бош, ки хар давлате, ки хаст, турост.
               
                Саъди



Мамадчонов Абдувосит Абдукаюмович 25 июни соли 1981 дар дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт  ба дунё омадааст.

Соли 1997 мактаби миёнаи тахсилоти умумии № 22 ш.Хучандро бо бахои аъло тамом карда,

 худи хамон  сол ба шўъбаи рузонаи факултаи хуќуќшиносии Донишгохи давлатии Хучанд ба ихтисоси «коргузории гумруки» дохил гардидааст.

 Соли 2002 бомуваффаќият (бо дипломи аъло) тахсилро дар донишгох хатм намудааст.

       Хангоми тахсил дар донишгох (пас аз хатми курси чорум) ва баъд аз он солхои 2001-2003  хамчун омўзгори кафедраи хуќуќи шахрванди дар факултаи номбурда  фаъолият намудааст.
 
        Аз соли 2003 хамчун корманди  Раёсати гумруки Вазорати даромадхо ва пардохтхои давлатии ЧТ дар вилояти Суѓд ба кор шурўъ намудааст.

Дар давоми хизмат дар маќомоти гумрук дар вазифахои гуногун дар Раёсати номбурда ва сохторхои он кор карда истодааст.

 Алхол, майори хадамоти гумрук Мамадчонов Абдувосит Абдукаюмович дар вазифаи сарнозири Гурўхи назорати ичроиши Идораи Хадамоти гумруки Чумхурии Точикистон дар вилояти Суѓд фаъолият мебарад.
 
         Бахри баланд бардоштани савияи дониши касби тахсилро дар шўъбаи ѓоибонаи  Донишкадаи сохибкори ва хуќуќи Москва давом дода,  онро низ бо дипломи аъло  соли 2014 хатм кардааст.

         Бо маќсади такмили ихтисос ва омўзиши тачрибаи кории  маќомоти дахлдори давлатхои хоричаи дур аз чумла дар шахрхои Франкфурти назди Майни Республикаи федеративии Олмон ва Ню-Йорки Иолоти муттахидаи Амрико  ба сафархои хизмати фиристонида шудааст.

       Бо рахматнома ва ифтихорномахои Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон  сарфароз гардидааст.

      Оиладор сохиби се фарзанд. Духтарони Абдувосит – Мафтуна дар синфи дах, Мохира дар синфи хафт ва писараш – Абдуматин дар синфи панч мехонанд.


Рецензии