Китоби Хиштхона. Ибрат
И Б Р А Т
Таърихи дехе нигоштан химмат аст,
Он хаводис чунки бар халќ ќиммат аст,
Чунки асрори кухан худ хикмат аст,
Гар кушої з-он якеро – хидмат аст.
То намоям бахри халќам хидмате,
Ин китоб омад хамчун ибрате.
Ибрат аз ачру атои он Азиз,
К-Ў бидод моро каме аќлу тамиз,
Ибрате, к-аз сабаќхои кухан
Мефизояд мехри хар сохибватан,
Ибрате аз ибтидо то интихо,
Аз бинои боѓу роѓи хушлиќо,
Ибрати хар кас, ки бахри механаш
Бе суоле кард фидо чону танаш,
Ибрате аз химмату аз ибтикор,
Ибрат аз мардонагии марди кор,
Ибрат аз онон, ки дар мулки дигар
Мечаканд хар лахзае хуни чигар,
Ибрат аз чабри замони даргузар,
Ки намуд чангро ба мардум дарди сар,
Ибрат аз сулху салохи точикон
Бар тамоми мардуми рўи чахон,
Ибрате аз аллахои модарон
Чун дуое, бахра бигрифта аз он,
Ибрат аз устоду аз дарсхои вай,
Ибрат аз мехру насихатхои вай,
Ибрат аз некону кору борашон,
Шоирони деху аз ашъорашон,
Ибрат аз таърихи бои дехи худ,
Ибрат аз ачдоди некандеши худ…
Бешак ин ибратхо хеле нодиранд,
Кош, ки мардум дар хаёт панде гиранд,
То зи Хиштхона – зи дехи кўчаке,
Ном бардорад Ватанро кўдаке,
То ки бинмояд маънии осор-ш бех,
Чун нависад олиме таърихи дех.
01-02.2016
Свидетельство о публикации №222121201211
Таърихи деҳе нигоштан ҳиммат аст,
Он ҳаводис чунки бар халқ қиммат аст,
Чунки асрори куҳан худ ҳикмат аст,
Гар кушоӣ з-он якеро – хидмат аст.
То намоям баҳри халқам хидмате,
Ин китоб омад ҳамчун ибрате.
Ибрат аз аҷру атои он Азиз,
К-Ў бидод моро каме ақлу тамиз,
Ибрате, к-аз сабақҳои куҳан
Мефизояд меҳри хар соҳибватан,
Ибрате аз ибтидо то интиҳо,
Аз бинои боғу роғи хушлиқо,
Ибрати ҳар кас, ки баҳри меҳанаш
Бе суоле кард фидо ҷону танаш,
Ибрате аз ҳиммату аз ибтикор,
Ибрат аз мардонагии марди кор,
Ибрат аз онон, ки дар мулки дигар
Мечаканд ҳар лаҳзае хуни ҷигар,
Ибрат аз ҷабри замони даргузар,
Ки намуд ҷангро ба мардум дарди сар,
Ибрат аз сулҳу салоҳи точикон
Бар тамоми мардуми рўи ҷаҳон,
Ибрате аз аллаҳои модарон
Чун дуое, баҳра бигрифта аз он,
Ибрат аз устоду аз дарсҳои вай,
Ибрат аз меҳру насихатҳои вай,
Ибрат аз некону кору борашон,
Шоирони деҳу аз ашъорашон,
Ибрат аз таърихи бои деҳи худ,
Ибрат аз аҷдоди некандеши худ…
Бешак ин ибратҳо хеле нодиранд,
Кош, ки мардум дар ҳаёт панде гиранд,
То зи Хиштхона – зи деҳи кӯчаке,
Ном бардорад Ватанро кӯдаке,
То ки бинмояд маънии осор-ш беҳ,
Чун нависад олиме таърихи деҳ.
01-02.2016
Абдукаюм Мамаджанов 15.05.2026 12:48 Заявить о нарушении