Китоби Хиштхона. Исмоилзода Хаитмурод Дадомат

                Исмоилзода Хаитмурод Дадомат

                (Юлдошев Хаитќул Дадоматович)


                Гулшане, к-аз баќл рўяд, як дам аст,
                Гулшане, к-аз аќл рўяд, хуррам аст.

                Румї
 

Исмоилзода Њаитмурод Дадомат (Юлдошев Њаитќул Дадоматович) 14 феврали соли 1965 дар ќишлоќи Хиштхона, љамоати   Пунѓази ноњияи Ашт   таваллуд шудааст.
   
    Падараш Юлдошев Дадомат (1911- 28.09.1992) яке аз кормандони номдори соњаи чорводории ноњияи Ашт буда, туфайли мењнати софдилонааш сазовори мукофотњои зиёди давлатию соњавї ва обрўю эътибори хосае байни ањолии љамоати Пунѓаз гардида буд.

 Модараш – Юлдошева Обидамо , соли таваллудаш 1920, низ чун шањрванди мењнатќарину барўманди дења шинохта мешавад.

 Њосили умри бобаракати онњо дањ нафар фарзанд – Фотима, Ширфамоњ, Њанифамоњ, Сангинбой, Нурмуњаммад, Њотамќул, Мавлуда, Гулнора ва Манзураю   нафар набера ва   нафар абера мебошад.

 Солњои 1972-1982 Њаитмурод дар мактаби миёнаи № 13-и  зодгоњаш тањсил намудааст .

Соли 1982 ба факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон дохил шуда, баъди итмоми курси пурраи он соли 1989 соњиби дипломи «аъло»-и њуќуќшиносї гардидааст.

Солњои 1983-1985 дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Иттињоди Шуравї дар њудуди Љумњурии Афѓонистон њамчун љанговари башардўст хизмати  њатмии њарбиро адо намудааст.

Фаъолияти кориашро дар маќомоти Прокуратураи Љумњурии Тољикистон 12 январи соли 1989 аз вазифаи коромўз ба вазифаи муфаттиши прокуратураи ноњияи Марказии (њоло ноњияи Фирдавсї) шањри Душанбе сар карда, баъдан муфаттиш, муфаттиши калони њамин прокуратура, прокурори Раёсати назорати тафтишу тањќиќ дар маќомоти корњои дохилии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон (июни соли 1992) ва аз моњи марти соли 1997 инљониб дар вазифаи муфаттиши калон оид ба корњои махсусан муњим дар назди Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон фаъолияти корї пеш мебарад.

Рутбаи хизматиаш мушовири адлияи дараљаи 1 (с.1998) буда, 10 декабри с.1999 бо мукофоти давлатии «Хизмати шоиста», нишони сарисинагии «Корманди фахрии прокуратура» (с.2005), 25 январи соли 2016 барои намунавор иљро кардани вазифањои хизматї, ташаббусу фаъолнокї зоњир кардан, сањми шахсї дар мустањкам кардани ќонуният ва њифзи њуќуќу озодињои шањрвандон дар рафти пешбурди тафтиши парвандаи љиноятсаркардагон ва аъзоёни фаъоли иттињоди љиноятии террористї-экстремистї зери роњбарии Кабирї М. ва Назарзода А.М. бо «Ифтихорнома»-и Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор. Зављааш - Юлдошева (Ќодирова) Мўътабар Абдуѓафуровна.  Чор нафар фарзанд – Сурайё (11.01.1990), Гулафзо (26.05.1992), Нодира (18.11.1994), Юсуфљон (16.09.1998) ва чор нафар набера доранд.


Рецензии