Китоби Хиштхона. Маколаи Сафар Абдурахимов
Шеър азизтарин арзишест, ки шуури эхсоси шоир тавлидаш мекунад, воситаест, ки лаззати нотакрор дорад. Шоири бошад, дар баробари олами воќеи дунёи дигареро тачалли додан аст. Шеър даричаест, ки хонанда ба воситаи он ба олами андеша, тасаввур ва тахайюли суханвар рох меёбад. Шеър ќолаби эхсос аст ва хар киро эхсосу идроки бехтар насиб гашта, шеъри дилкаше гуфтааст.
Халќи шеърдўсту шоирпарасти точик аз ќадимулайём дорои шахсиятхои бузурги таърихи ниё амсоли Абуабдуллохи Рўдакиву Абулќосими Фирдавси, Абуали Синову Саъдии Шерози, Хофиз Шерозиву Мирзо Абдулќодири Бедил, Чалолиддини Румиву Абдурахмони Чоми садхо орифону шоирони сохибкаломи машхури чахон аст. Ва ин бузургии шеър аст, бузургии мардуми бофарханги точику точикистони аст.
Чун аз азал мардуми мо шоирниход хастанд, аз хар гўшаву канори кишвари азизамон шоирони сохибкалому сохибдевон ба арсаи адабиёт гомхои устувор мегузоранд. Аз диёри бихиштмонанди шоири классикии точик Одинамухаммад Маъдани Пунѓази низ як зумра шоиру нависандагони боистеъдод ба сахнаи адабиёт омадаанд, ки дар байни онхо чанд нафар зодагони дехаи Хиштхона низ хастанд. Онхо дар махфили адабии нохиявии «Ворисони Маъдан», ки сарвариашро узви Иттифоќи нависандагони Точикистон, шоири боитеъдод Зафар Ахмад ба ўхда дорад, фаъолона ширкат варзида, бо чакидахои хомаашон ба дили мухлисону хамдиёронамон – дўстдорони каломи бадеъ завќ мебахшанд. Аз чумла муаллифи чандин китобхои мансуру манзум, узви Иттифоќи нависандагони Русия Абдуќаюми Мухаммадчон, шоир Нурмухаммад Маъруфхонов , рўзноманигори шинохта Маъсуми Мухаммадрачаб, муаллифи мачмўаи ашъоре бо номи «Гулвора» шоираи ѓазалсаро Гулрўи Мухаббатзод, шоирон Ортиќбой Мирзоев, Нурия Собироваю Нарзулло Майнусов ва навќаламон Наимчони Олимзод, Сафар, Шодмон Ашўров ва Кенчабой Шодиевро номбар намудан меарзад.
Ба диќќати хонандагони арчманд дар ин китоб чанд намунае аз эчодиёти адибони номбурда дар васфи механу мардуми шарафманди он ва хислатхои хамидаи инсонї пешкаш мекунем.
Абдурахимов Сафар
________________________
http://www.proza.ru/2023/01/23/854
http://www.proza.ru/2023/01/23/868
http://www.proza.ru/2023/01/23/872
http://www.proza.ru/2023/01/23/875
http://www.proza.ru/2023/01/23/878
http://www.proza.ru/2023/01/23/884
http://www.proza.ru/2023/01/23/894
http://www.proza.ru/2023/01/23/887
http://www.proza.ru/2023/01/23/890
http://www.proza.ru/2023/01/23/897
Свидетельство о публикации №222123000871