Китоби Хиштхона. Ортикбой Мирзоев

                Ортиќбой Мирзоев

                Модар

Туро ёд оварам, модар, дилам сад пора мегардад,
Зи чашмам ашк мерезад, танам якбора меларзад,
Ба љои остони хонаат чун дида медўзам,
Надида кафшњоят хона њам бегона мегардад.

Куљоянд рўзњое, ки зи нурат кулба рахшон буд,
Канори доманат аз бањри тифлон гарму љўшон буд?
Ба як лањза надидан хотират доим парешон буд,
Парешонат манам, к-имрўз дилам ѓамвора мегардад.

Тамоми умри некатро ба фарзандон бахшидї,
Самарњои њаётатро вале, афсўс, начашидї,
Зи роњи пурфарози зиндагоният натарсидї,
Ба ёд оварда ранљњоят, вуљудам пора мегардад.

Ба дастони пур аз обилаат чун дида медўхтам,
Камони ќомататро дида, рўзу шаб месўхтам,
Зи озори танат аз ѓам шабе ором намехуфтам,
Ба ёдат ашки дидагонам њамвора мегардад.

Баќои умри инсонї ту, эй модар, ту эй модар,
Ба дардњоям  дармонї ту, эй модар, ту эй модар,
Бароям бењтар аз љонї ту эй модар, ту эй модар,
Ки андар љустуљўи ту дилам овора мегардад.

Мазористон маконат шуд кунун, эй ќиблагоњи ман,
Салиби пайкарат гардида акнун саљдагоњи ман
Шикофад синаи кўњ нолаи пурдарду оњи ман,
Тасаллое намебинам, ѓамам садбора мегардад.

               


Рецензии